Пайвандҳои дастрасӣ

Таҳияи тарҳи рушди озодии баён дар Тоҷикистон


Бо ҳадафи ташвиқи фаъолияти матбуъот ва расонаҳои мустақили хабарии Тоҷикистон Бунёди Сорос дар ин кишвар тасмим гирифтааст тарҳи вижаеро бо номи тарҳи стротежии рушди озодии баён таҳия созад.

Рухшона Олимова ҳамаҳангсози барномаҳои васоити ахбори Бунёди Сорос дар Тоҷикистон гуфт ин тарҳ бо назардошти пешниҳодоти намояндагони маҳофили мухталифи матбуотӣ, ҳамчунин созмонҳои сарпарасту кӯмакрасони байналмилаливу дохилӣ таҳия мешавад. Ҳадафи таҳияи таҳияи мазкур мусоидат ба ҳалли мушкилоти озоди баён дар Тоҷикистон унвон шудааст.

Таҳияи тарҳи стротежии рушди озодии баён дар Тоҷикистон дар ҳоле матраҳ мешавад, ки наздик ба ду сол аст дар ин кишвар ҳафтаномаҳои мустақиле назири «Нерӯи Сухан», «Рӯзи нав» ва «Одаму олам» аз чоп бозмондаанд. Ин дар ҳолест, ки ахиран дастрасӣ ба чанд сомонаи интернетӣ дар Тоҷикистон, ки матолиби интиқодомез нисбат ба ҳукумати ин кишвар ба нашр мерасониданд, имконнопазир шудаааст.
XS
SM
MD
LG