Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Панҷ довталаб аз шаш нафар теъдоди зарурии имзоҳоро ҷамъ овардаанд


Панҷ довталаби курсии раиси ҷумҳури Тоҷикистон бо анҷоми мӯҳлати таъиншуда барои гирдоварии имзоҳо теъдоди пешбинишудаи имзоҳо ба тарафдории худро ба Кумиссюни марказии интихобот ироа доштанд.


То соати 18.00-и рӯзи ҳафтуми октябр афроди довталаб барои ширкат дар интихоботи раёсати ҷумҳурии Тоҷикистон бояд ба тарафдории худ панҷ дар сад ва ё 162.000 имзо аз сокинони ҳаққи раъй доштаи кишварро гирд меоварданд. Ҳамакнун, бо анҷоми ин мӯҳлат, бино бар маълумоти Кумиссюни марказии интихобот ва раъйпурсии Тоҷикистон, панҷ довталаб аз шаш нафар теъдоди зарурии имзоҳоро гирд оварда тавонистаанд:


Эмомалӣ Раҳмонов (ҲХДТ) - 685.244
Исмоил Талбаков (ҲКом.Т) - 190.597
Олим Бобоев (ҲИИТ) - 176.132
Амир Қароқулов (ҲКиш.Т) - 175.622
Абдулҳалим Ғаффоров (ҲСТ) - 165.879


Ва аммо Ҳизби демократи Масъуд Собиров натавонистааст, то мӯҳлати муқарраршуда теъдоди зарурии имзоҳоро ба тарафдории номзади худ гирд оварад. Бино бар қавли Кумиссиюни марказии интихобот, довталаби ин ҳизб, Табаралӣ Зиёев 120. 729 имзо ба ин Кумиссиюн пешниҳод намудааст.


Ҳамакнун, Кумиссиюни марказии интихобот ба тафтиши дурустии имзоҳо шурӯъ кардааст. Бо тафтиши чанде аз варақаҳои аввали имзоҳо, мувофиқи ҳарфи Кумиссиюни марказии интихобот, аз ҷониби ҳамаи аҳзоб баъзе қонуншиканиҳо, аз ҷумлаи имзоҳои такрорӣ ва варақаҳои холӣ роҳ дода шудааст.


Бо анҷоми санҷиши имзоҳо, ба довталабон шаҳодатномаи номзад ба маснади раиси ҷумҳури Тоҷикистон дода хоҳад шуд. Тибқи қонуни интихобот сабти номи номзадҳо дар давоми се рӯз аз лаҳзаи расидани асноди зарурӣ, вале на дертар аз 25 рӯз то интихобот сурат мегирад.
XS
SM
MD
LG