Пайвандҳои дастрасӣ

Масдуд шудани панҷ сомонаи интернетӣ дар ҳудуди Тоҷикистон


Субҳи рӯзи шанбе (7 октябр) панҷ сомонаи интернетӣ, ки аслан матолиби интиқодӣ аз ҳукумати Тоҷикистон нашр мекарданд, дар ҳудуди Тоҷикистон боз намешуд. Вазорати мухобироти Тоҷикистон аз ҳамаи фароҳамсозони Интернет дар кишвар хостааст, ки дастрасӣ ба сомонаҳои charogiruz.ru, ferghana.ru, arianastorm.ru ва tajikistantimes.ru-ро масдуд кунанд.


Ба гуфтаи вазорати мухобирот, матолиби ин сомонаҳо алайҳи сиёсати иттилоъотии Тоҷикистон равона шудааст. Дар ҳоле ки шуморе аз соҳибони ин сомонаҳои интернетӣ ин иқдом давлати Тоҷикистонро бо корзори интихоботии ҷорӣ муртабит медонанд ва онро талоше барои маҳдуд сохтани дастрасии мардум ба иттилоъоти мустақил арзёбӣ мекунанд.


Талоши боз кардани ин сомонаҳо дар хоки Тоҷикистон бо пайдо шудани паёме рӯи сафҳаи роёна меанҷомад, ки корбарро аз адами имкони боз кардани сомонаҳои мавриди назар огоҳ мекунад. Ин дар ҳолест, ки саҳафоти дигари доманаҳои интернетӣ (домейнҳо)-и .ру ва .ком боз мешуд.


Аз панҷ сомонаи басташуда дуяш матолиби интиқодӣ дар бораи ҷумҳуриҳои Осиёи Марказӣ нашр мекунад ва маводди сеи дигар вижаи Тоҷикистон аст. CharogiRuz.ru ва TajikistanTimes.ru мутаъаллиқ ба Додоҷони Атовулло, рӯзноманигори норозии тоҷик аст. ArianaStorm.com ҳамин як моҳ пеш оғоз ба фаъъолият кардааст.


Ва аммо пас аз зуҳри шанбе сомонаи Арианасторм.ком пас аз талошҳои мукаррар дубора боз мешуд.


Тафсилоти ин хабарро дар гӯшаи Сиёсат бихонед.
XS
SM
MD
LG