Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Масдуд шудани сомонаҳои интиқодгар аз ҳукумати Тоҷикистон


Рӯзи 7 октябр вазорати мухобироти Тоҷикистон сомонаҳои интернетии centrasia.ru, ferghana.ru, TajikistanTimes.ru, charogiruz.ru ва arianastorm.com-ро дар қаламрави Тоҷикистон масдуд кард.

Дар номаи Вазорати мухобирот ба фароҳамсозон (провайдерҳо)-и Интернет дар Тоҷикистон таъкид шудааст, сомонаҳое, ки алайҳи сиёсати иттилоъотии кишвар равона шудаанд, бар асоси Консепсияи амнияти иттилоъотии Тоҷикистон бояд масдуд шаванд. Фароҳамсозони Интернет дар Тоҷикистон муваззаф шудаанд, ки дар зарфи 10 рӯз аз иҷрои ин дастур ба Вазорати мухобироти Тоҷикистон гузориш диҳанд.

Сомонаҳои мамнӯъа аз пурхонандатарин сомонаҳои интернетӣ дар Тоҷикистон ба шумор мераванд. Баста шудани онҳо дар маҳфилҳои расонаии кишвар вокунишҳоеро ба бор овардааст.

Нуриддин Қаршибоев, раиси Анҷумани миллии расонаҳои мустақилли Тоҷикистон (НАНСМИТ) гуфт, тасмими Вазорати мухобироти Тоҷикистон хилофи қонунҳои Тоҷикистон ва моддаи 19 Эъломияи ҳуқуқи башар аст. Вай афзуд:

«Ман гумон мекунам, ин иқдом марбут аст ба корзори интихоботи раёсати ҷумҳурии Тоҷикистон. Бо ин роҳ ҳукумати Тоҷикистон мехоҳад дастрасии корбарони Интернетро ба сарчашмаи алтернативии ахбор маҳдуд созад. Гап дар сари он аст, ки ин сайтҳои интернетӣ, яъне СентрАзия.ру, Фергана.ру, Тоҷикистонтаймз.ру, Чарогируз.ру ва Арианасторм.ком ахбори алтернативиро на фақат аз сарчашмаҳои ҳукуматӣ ва мавзеъи расмӣ, балки аз манбаъҳои ғайрирасмӣ пешниҳод мекунанд. Бинобар ин, ин чиз ба манфиъати баъзе аз мақомоти ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон нест ва аз ин хотир онҳо намехоҳанд мардум ба ин сарчашмаҳо дастрасӣ дошта бошанд»

Ва Додоҷон Атоуллоев, муассис ва масъули ду сомонаи мамнӯъаи Тоҷикистонтаймз ва Чароғи рӯз мегӯяд:

«Баста шудани ин сомонаҳо сад дарсад ба интихоботи раёсати ҷумҳурӣ бастагӣ дорад. Ҳарчанд ҳама медонанд, ки ин интихобот ба як мазҳакаи сиёсӣ бадал мешавад, бо вуҷуди ин ҳукумат метарсад, ки дар остонаи интихобот аз камбуду норасоиҳо ва фисқу фуҷур дар ҷамъияту ҳукумат гап зананд. Ва чизи дигар ин аст, ки дар Тоҷикистон як хонадоне ба вуҷуд омадааст, ки интиқоднопазир аст»

Рӯзи шанбе ба ҷуз аз муштариёни ширкати Телекомтекнолоҷӣ, арзакунандаи хадамоти интернетии вазорати мухобирот, корбарони дигар фароҳамсозони Интернет дар Тоҷикистон имкони дастрасӣ ба сомонаҳои мамнӯъаро доштанд.

Коршиносон мегӯянд, баҳси бастани сомонаҳои пурхонанда мухолифат миёни вазорати мухобирот ва фароҳамсозони Интернет дар Тоҷикистонро ба бор хоҳад овард.
XS
SM
MD
LG