Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҷамъоварии имзо барои номзадҳо поён меёбад


Рӯзи шанбе (7 октябр) муҳлати ҷамъоварии имзо ба тарафдорӣ аз номзадҳо ба мақоми раёсати ҷумҳурии Тоҷикистон поён меёбад.


То кунун ба ҷуз аз Ҳизби Демократи Масъуд Собиров дигар ҳамаи ҳизбҳои дорои номзад муваффақ шудаанд теъдоди лозими имзоҳо барои сабти номро ҷамъоварӣ кунанд.


Рӯзи 6 октябр Ҳизби Коммунист ва Ҳизби Кишоварзӣ низ эълом доштанд, ки ҳар кадом беш аз 160 ҳазор имзо ҷамъ оварда ва ба Кумиссиёни Марказии Интихобот ироа кардаанд.


Ҳизби ҳокими Халқи Демократ ва Ҳизби Ислоҳоти Иқтисодӣ як рӯз пештар аз он хабари иҷрои ин тақозои Кумисиюни Марказии Интихоботро доданд.
XS
SM
MD
LG