Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Саакашвили хостори кумак шуд


Михеил Саакашили, раисиҷумҳурии Гурҷистон, аз кишварҳои урупоӣ хостааст, ки дар буҳрони рӯ ба таъмиқи миёни Маскав ва Тифлис ба ӯ кумак кунанд. Вай ҳамчунин алайҳи чизе, ки "лаффозӣ (реторика)-и нажодпарастона"-и Маскав унвон кард, ҳушдор дод.


Оқои Саакашвили дар мусоҳибае бо рӯзномаи фаронсавии Le Figaro гуфтааст, ки дар гузашта лаффозии нажодпарастонаи Маскав мутаваҷҷеҳи чеченҳо буд ва акнун он рӯ ба гурҷиҳо овардааст.


Русия рӯзи 6 октябр беш аз 130 шаҳрванди Гурҷистонро савори ҳавопаймое карду ба кишварашон бозпас фиристод. Мақомоти рус ин атбоъи Гурҷистонро ба муҳоҷирати ғайриқонунӣ муттаҳам кардаанд. Аммо гурҷиҳое, ки савор бар ҳавопаймои вазорати умури изтирории Русия ба Тифлис мунтақил шуданд, мегӯянд, бо ин ки раводиди муътабари сафар доштаанд, аз хоки Русия ихроҷ шудаанд.


Ихроҷи атбоъи гурҷӣ аз Русия аз тозатарин мавориди иқдомоти густарда алайҳи муҳоҷирони гурҷитабор дар Русия аст. Ин иқдомот ҳамчунин шомили ташдиди кунтрули муҳоҷират ва бозрасиҳои ногаҳонии ширкатҳои мутаъаллиқ ба афроди гурҷитабор дар Русия мешавад.


Равобити Русия ва Гурҷистон дар паи боздошти чаҳор афсари рус ба иттиҳоми ҷосусӣ дар Гурҷистон ба тирагӣ гароид. Тифлис ахиран он чаҳор афсарро озод кард ва бозпас ба Русия фиристод.


Як мақоми вазорати омӯзишу парвариши Русия ин хабарро таъйид кард, ки маъмурони пулис дар ҷустуҷӯи фарзандони муҳоҷирони ғайриқонунии гурҷӣ бо мактабҳо тамос гирифтаанд, аммо вазорати дохилаи Русия ин хабарро такзиб кард. Русия ҳамчунин бар рафту омад ва иртибототи пустии миёни ду кишвар маҳдудиятҳое эъмол кардааст.
XS
SM
MD
LG