Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Ғарб дар мавриди Эрон изҳори "навмедии амиқ" кард


Шаш қудрати умдаи ҷаҳон ба тавофуқ расидаанд, ки барои баррасии таҳримҳои эҳтимолии Созмони Милали Муттаҳид алайҳи Эрон ба гуфтугӯ бинишинанд.


Шомгоҳи 6 октябр дипломатҳои Бритониё, Фаронса, Чин, Олмон, Русия ва Иёлоти Муттаҳидаи Амрико дар Ландан дидор доштанд. Маргарет Бекетт, вазири хориҷаи Бритониё, ба намояндагӣ аз ин шаш кишвар гуфт, аз ин ки Эрон ҳозир нест барномаи ғанисозии ураниюмашро ба таълиқ андозад, "амиқан навмед" ҳастанд. Вай афзуд:


"Моҳи июн дар шаҳри Вйен мо гуфтем, ки ду роҳ пешорӯи Эрон аст. Боъиси таассуф аст, ки Эрон ҳанӯз роҳи мусбатро ихтиёр накардааст. Мо ҳамчунон талош хоҳем кард, то аз тариқи гуфтушунуд ба роҳи ҳалле даст ёбем ва пешниҳодҳои мо, ки рӯзи якуми июн ироа шуд, ҳамчунон бар сари ҷои худ боқист."


Моҳи июл як қатъномаи Созмони Милал ба Шӯрои Амният ин ихтиёрро дод, ки тибқи асли 41-уми фасли ҳафтуми Маншури Созмони Милал алайҳи Эрон "иқдомоти муносибе анҷом диҳад." Бино бар он асли Маншури Созмони Милал метавон алайҳи як кишвар таҳримҳои бозаргонӣ ё дипломатик эъмол кард. Ин асл иҷозаи тавассул ба зӯрро намедиҳад.


Теҳрон мегӯяд, ки барномаи ҳастаиаш ҳадафҳои сулҳомези ғайринизомӣ дорад, аммо Ғарб нигарон аст, ки Эрон қасди тавлиди бомби ҳастаиро дорад.
XS
SM
MD
LG