Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Муҳоҷирон: "Мо раъй намедиҳем"


Зимни як назархоҳие, Бунёди Байналмилалии Системҳои Интихоботӣ анҷом додааст, 58 дарсади муҳоҷирони кории тоҷик гуфтаанд, ки зоҳиран дар интихобот ширкат намекунанд ва 22 дар сади дигар гуфтаанд, ки намедонанд, ки вақти интихобот чӣ кор хоҳанд кард.

Тибқи тахминҳо, беш аз як миллион нафар дар хориҷ аз Тоҷикистон, асосан дар Русия ҳастанд, ки аз ҳафт як дар сади ҷамъияти кишвар ва шумораи зиёди мардуми бархурдор аз ҳаққи раъйро ташкил медиҳанд.


Пажӯҳиши мазкурро cозмони IFES бо кӯмаки молии Оҷонси Рушди Байналмилалии Амрико анҷом додааст, то мизони ҳузури муҳоҷирон дар интихобот ва баҳрамандии онҳо аз ҳаққи раъй дар интихоботи раёсати ҷумҳури моҳи ноябрро мушаххас кунад.


Натиҷаҳои пажӯҳиш нишон додаанд, ки аксарияти муҳоҷирон, яъне 63 дар сади онҳо бовар доранд, ки раъйи онҳо ҳеҷ нақше дар тасмимгириҳои ҳукумат нахоҳад дошт ва танҳо ба эътиқоди 24 дар сад раъйи онҳо ба ҳукумат таъсир хоҳад дошт.


Ба гуфтаи муаллифони гузориш, ин омор баёнгари бемайлии умумӣ ба раъйдиҳист ва ё эҳсоси ноқаноатмандӣ аз шеваи баргузории интихоботҳои гузашта дар Тоҷикистон.


Тибқи гузориш, яке дигар аз иллатҳои бетафовутии муҳоҷирони корӣ ба раъйдиҳӣ дастрасии маҳдуд ба иттилоъот будааст. Тибқи пажӯҳиш танҳо 15 дар сади муҳоҷирони корӣ гуфтаанд, ки ҳангоми кор дар берун аз Тоҷикистон доир ба вазъи сиёсиву иҷтимоии кишвар маълумоти кофӣ ба даст меоварданд. Ва онҳое, ки чунин гуфтаанд, сарчашмаҳои ғайрирасмӣ, махсусан дӯстону, хонавода ва дигар муҳоҷирони сарчашмаи иттилоъоти худ номидаанд.


Ба гуфтаи Бунёди байналмилалии системҳои интихоботӣ, Кумиссиёни Марказии Интихоботи Тоҷикистон дар гузашта барои раъйдиҳӣ барои муҳоҷирон дар, сафоратхонаву консулгариҳои кишвар дар хориҷ қитъаҳои интихоботӣ дуруст кардааст.

Аммо бо вуҷуди ин пажӯҳиш нишон додааст, ки аксарияти муҳоҷирон доир ба ин қитъаҳои интихоботӣ маълумоте надоштаанд. Ба гуфтаи 65 дар сади муҳоҷирони корӣ барои тоҷикистониҳое, ки дар хориҷ кору зиндагӣ мекунанд, имкони раъйдиҳӣ вуҷуд надорад.

Энтонӣ Бовйер намояндаи Бунёди Байналмилалии Системҳои Интихоботӣ зимни сӯҳбат бо Радиои Озодӣ ба мақомоти Кумиссиёни Марказии Интихобот тавсия дод, ки талошҳои худ барои огоҳ кардани муҳоҷирони корӣ аз корзорҳои интихоботиро дучанд кунанд ва ба онҳо фаҳмонанд, ки чӣ гуна аз ҳаққи раъйдиҳии худ дар хориҷ истифода намоянд.


Тибқи пажӯҳиши созмони IFES, аз миёни муҳоҷироне, ки моҳи ноябр дар хориҷ мемонанд ва медонанд, ки чӣ гуна ва дар куҷо раъй диҳанд, 37 дар сад гуфтаанд, ки дар интихобот ширкат хоҳанд кард. Ёздаҳ дар сад гуфтаанд, ки намедонанд, чӣ гуна дар хориҷ раъй медиҳанд.


Ба гуфтаи Энтонӣ Бовйер, бо назардошти теъдоди зиёди муҳоҷирини корӣ дар хориҷ, ки бархурдор аз ҳаққи раъй ҳастанд, агар барои онҳо шароити дурусти раъйдиҳӣ фароҳам созанд, ширкати онҳо ба интихобот таъсири чашмгире хоҳад дошт. Энтонӣ Бовйер мегӯяд, шаҳрвандон бояд дар интихоби сулҳомези раҳбарони кишварашон мушорикат дошта бошанд, то онҳоро масъули идомаи рушди сиёсӣ ва иқтисодии Тоҷикистон қарор диҳанд.
XS
SM
MD
LG