Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Русия муҳоҷирони гурҷиро ихроҷ мекунад


Мақомоти Гурҷистон тасдиқ намуданд, ки Русия бо роҳи ҳавоӣ гурӯҳе аз гурҷиҳои муттаҳам бо муҳоҷирати ғайришаръиро аз ин кишвар ихроҷ намуд.


Сухангӯи вазорати умури хориҷии Гурҷистон хонум Нино Каҷая иброз дошт, ки як ҳавопаймои ҳомили муҳоҷирони ихроҷшуда аз пойтахти Русия озими пойтахти Гурҷистон шуд.


Ихроҷи муҳоҷирон иқдоми навбатии мақомоти Русия дар муқобили гурҷиҳои муқими ин кишвар аст. Баъди боздошти чор афсари рус бо иттиҳоми ҷосусӣ дар Гурҷистон мақомоти Русия назорати муҳоҷиратро таҳким бахшида, муассисаҳои гурҷитаборони Русияро мавриди таъқиб қарор додааст.


Гурҷистон афсарони боздоштшударо раҳо кард, вале таҳрими Русия ҳамоно по бар ҷост.
Идораи маорифи шаҳри Маскав тасдиқ кард, ки чанде пеш афсарони вазорати умури дохилии Русия аз онҳо рӯйхати хонандагони гурҷитаборро, ки фарзандони муҳоҷирони ғайришаръӣ буда метавонанд, дархост намуданд. Қаблан вазорати умури дохилии Русия гузоришҳо дар ин бораро рад карда буд.
Русия рафтуомади воситаҳои нақлиёт ба Гурҷистон ва додугирифти почта бо ин кишварро қатъ кардааст.
XS
SM
MD
LG