Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Омодагии тими футболи ҷавонони Тоҷикистон ба мусобиқоти Осиё


Тими мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон рӯзи ҷумъаи 6 октябр марҳалаи омодагиро ба қисмати ниҳоии мусобиқоти қаҳрамонии футболи Осиё миёни бозигарони то 20-сола шурӯъ кард.

Ин мусобиқот аз 29 октябр то 12 ноябр дар Ҳиндустон баргузор мешавад. Мирзо Муҳаммадҷонов, муовини раиси Федеросиюни футболи Тоҷикистон ба Озодӣ гуфт, ба ҳайати даста 20 нафар бозигарони ҷавон аз тимҳои футболи лигаи олии кишвар дохиланд. Онҳо дар шаҳри Қӯрғонтеппа таҳти раҳбарии сармураббӣ Салоҳиддин Ғафуров, ёваронаш Андрей Павловский ва Боир Эгамбердиев то рӯзи 23 октябр тамрин мекунанд.

Дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон дар гурӯҳи худ дар Ҳиндустон 29 октябр бо тими Ирон, 1 ноябр бо тими Ҷопон ва 3 ноябр бо тими Куриёи Шимолӣ рақобат хоҳад кард.

Ба гуфтаи оқои Муҳаммадҷонов бинобар омодагӣ ва ширкати тими мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон дар қисмати ниҳоии мусобиқоти қаҳрамонии Осиё, дар мусобиқоти қаҳрамонии Тоҷикистон дар лигаи олӣ танаффус эълон шудааст. Мусобиқоти мазкур пас аз бозгашти футболбозони тоҷик аз Ҳиндустон идома хоҳад ёфт.

Ва як хабари дигар барои мухлисони футбол ин аст, ки дар охирин дидори мусобиқоти қаҳрамонии футболи Тоҷикистон дар лигаи аввал тими «Гвардия»-и Душанбе бар дастаи меҳмон - «Баракат»-и Шаҳринав бо натиҷаи 4 бар 1 пирӯз шуд.
Вале натиҷаи ин бозӣ мавқеи дастаҳоро дар ҷадвал тағйир надод. «Энергетик»-и Душанбе бо 37 имтиёз мақоми аввалро касб кард. «Гвардия» бо 34 имтиёз дар мақоми дуввум қарор гирифт. «Апрелёвка»-и Қайроққум бо 26 имтиёз ба мақоми севвум даст ёфт. Ин се дастаи пешсаф соли 2007 дар мусобиқоти қаҳрамонии Тоҷикистон дар лигаи олӣ ширкат хоҳанд кард.
XS
SM
MD
LG