Пайвандҳои дастрасӣ

Doll: "Хонаи ман дар Лас Вегас ва Душанбе аст"


Сӯҳбати Хиромон Бақозода Ахиран як шунавандаи доимии радиои Озодӣ Муҳаммадраҳим Гадоев дар номае ба унвонии Маҷаллаи мусиқии "Садои тоза" хоҳиш кард, ҳаводорони созу наворо бо як ҳунарманди ҳамватанамон шинос кунем. Ӯ гуфт, дар Лас Вегас духтаре ба сар мебарад, ки дар шоу бизнес ва саҳнаҳои театри Амрико қадамҳои нахустини худро мегузорад ва ин духтар аслан зодаи Тоҷикистон аст. Ман ҳам бо кӯмаки шунавандаи азиз бо Наташа Диякова робитаи телефонӣ барқарор кардам ва ӯ хеле самимона розӣ шуд бо мо сӯҳбат кунад.



Наташаро дар маҳфилҳои ҳунарии Лос Анҷелесу Лас Вегас бо тахаллуси Doll мешиносанд (ҳоло дар идомаи сӯҳбатамон ӯ худаш шарҳ хоҳад дод, ки сабаби интихоби чунин як тахаллус чист). Вай 19 сентябри соли 1978 дар Душанбе таваллуд шуда, то 13 солагиаш ҳамроҳ бо падару модар ва ду хоҳараш дар Тоҷикистон зиндагӣ кардааст.

"Ҷанг сар шуду падарам дар Ёқутистон аз рӯи ихтисосаш кор пайдо кард. Падарам муҳандис аст, ва дар як коне кори сердаромад пайдо кард. Ба мо манзил ҳам доданд ва мо ба он ҷо кӯчидем. Ёқутистон хеле сард аст ва аз ҳама чиҳат аз Тоҷикистон фарқ мекард. Мо дар аввал хеле зиёд азоб кашидем, медонед, вақте дар ғизоятон оддитарин кабудиву алафи серғизо намерасад, хеле сахт аст"

Наташа гуфт, ки ҳамеша орзу дошт, ҳунарманд бошад ва дар Ёқутистон як мактаби рақсро хатм кард, баъди хатми мактаб ба чанд озмуни ҳунарии Маскав аризаву намунаҳои видеоии рақси худро фиристод. Наташа мегӯяд:

"Ман шахси ҷоҳталаб будам, медонистам, ки мехоҳам ҳунарманди синамо бошам, овозхониву рақс кунам. Ба падарам рӯзе гуфтам, ки "Дада, ман ҳунарманд мешавам". Гуфт, "Ту девона ҳастӣ, медонӣ, ки занҳо барои ҳунарманд шудан бояд аз чӣ роҳҳо гузаранд?". Ман гуфтам: "Беҳудагӯӣ накун". Ва модоме ки ин тур буд, ман падару модарамро фиреб кардам, гуфтам, ки маро ба Маскав барои ширкат дар як озмун даъват мекунанду ба Маскав рафтам"

Ин соли 1996 буд. Наташа мегӯяд, ки дар Маскав танҳо 1 касро мешинохт, ки ӯ ҳам ҳамсинфаш буду дар донишгоҳ таҳсил мекард. Ҳамсинфаш розӣ шуд ӯро пинҳонӣ дар хобгоҳи худ 6 моҳ ҷо диҳад. Дар ин муддат духтарак ба консерваторияи Маскав дохил шуда, дар як кабареи маъруфи пойтахти Русия ба кор қабул шуд.

"Ман медонистам, ки дар Русия хеле душвор аст, ки ба марҳилаи овозхонӣ ё ҳунарманди синамо бирасӣ. Ба хусус барои занҳо. Ҳафт соли пеш хеле душвор буд. Маъмулан духтарҳо роҳи халосиро дар пайдо кардани як пуштибони бонуфузи серпулу куҳансол мебинанд, ки онҳоро пурра таъмин ва раҳнамойӣ кунад. Ман ин чизро хуб мефаҳмидам. Ман 17-18-сола будам ва аслан намехостам худро бо чунин робитаҳо олуда кунам. Аз сӯи дигар, фикр мекунам, ки ман хушбахт ҳам будам, чун кори хуби сердаромад доштам. Дар кабареи шабонаи Novy Arbat Casino рӯзе ба мо 30 доллар медоданд, ва мо ҳафтае 6 рӯз кор мекардем. Ман дар Консерваторияи Маскав таҳсил ҳам мекардам. Дар хобгоҳ зиндагӣ мекардаму пули иҷораро намесупордам. Ғизоро дар ҷои кор медоданд. Яъне аз ҳар чиҳат захира мешуд. Албатта ҳар хел мардҳо меомаданд, ҳар гуна пешниҳодҳоро шунидан мумкин буд, мафия зиёд буд. Аммо медонед, ман арзишҳои худро дорам. Ман ба ин роҳ нарафтам".

Наташа мегӯяд, сарнавишти аксар ҳунармандон шабеҳи ҳам аст ва ӯ омода буд ҳама сахтиҳоро пушти сар кунад

"Ман Мадоннаро парастиш мекунам. Вақте ман бо зиндагиномаи ӯ шинос шудам, фаҳмидам, ки бояд мисли ӯ мубориз бошам. Ӯ дар хиёбонҳо ҳам хоб кардааст. Ман фаҳмидам, ки бояд ҳамеша дар ҳоли ҳаракат бошам, кор кунам, пеш равам ва чизе маро аз роҳам боз нахоҳад дошт"

Наташа дар ҳайати раққосаҳои кабаре чандин бор ба сафарҳои ҳунарӣ рафтааст ва дар яке аз ин сафарҳо соли 1999 бо шавҳари ояндааш Игор Жижикин шинос мешавад. Игор ҳунарманди цирк буда, дар Лас Вегас кор мекард ва баъди арӯсӣ Наташа бо камоли майл ба Амрико меравад. Мегӯяд, орзуи деринааш сафар ва зиндагӣ дар Иёлоти Муттаҳида буд.

"Ман зиёд таҳсил кардам: дар мактаби ҳунарманди синамо, мактаби забони англисӣ, овозхонӣ хондам, дарси навохтани пианиноро гузаштам. Яъне се соли аввал дар Амрико ман танҳо бо таҳсил машғул шудам. Ду соли пеш дар студия ба сабти сурудҳоям шурӯъ кардам, батозагӣ як албомам нашр шуд. Мудири ман Ричи Рич собиқ хонандаи маъруфи рэп аст. Дар баробари ман ӯ ба хонандаи ҳип-ҳоп Ҷон Би ҳам кӯмак мекунад. Ва хулоса, Ричи ҳоло маро бо одамони муҳим шинос мекунад, ва мо дар пайи таҳияи як шоу ҳастем. Ман чун Ди ҷей баромад мекунам, шеваи овозхонии ман ба хонданҳои Кайли Миног ва Гвен Стефани наздик аст. Ман дар жанри поп денс мехонам"

Наташа гуфт, ки баъди ду-се ҳафтаи дигар нахустин барномаҳои калонҳаҷми ҳунарии ӯ дар саросари Амрико шурӯъ хоҳад шуд.

"Ҳоло як барномаи наверо таҳия дорем, ки баъди 2 моҳ дар аксар клубҳои Амрико намоиш дода хоҳад шуд. Ман Ди ҷей ҳастаму дигарҳо рақс мекунанд. Ин шоу моҳи ноябр шурӯъ мешавад. Ман батозагӣ аз Амстредаму Олмон баргаштам, он ҷо ман чаҳор таронаи нави худро сабт кардам. Нақшаи мо чунин аст, ки моҳи январ ба Олмон рафта он ҷо таронаи аввалинро ба шакли видео-клип сабт кунем"

Ҳарчанд Наташа эътироф мекунад, ки ҳанӯз бояд марҳилаву кори зиёдеро анҷом дод, то ба пояи ситораи воқеии ҳунар расид ва соҳиби ному нон шуд. Аммо мутмаин аст, ки таҳсили пурмашаққаташ ӯро ниҳоятан ба соҳили умед мерасонад.

"Агар чизеро аз таҳи дил хоҳед, муваффақ хоҳед шуд. Ман 7 сол аст, ки оиладор ҳастам, аммо бароям карера муҳимтар аз оилаву хонадорӣ аст. Баъзан шавҳарам мегӯяд, "Биё фарзанддор шавем", мегӯям: "На! На-на-на!". Ман бо энержии худ ба ӯ ҳам кӯмак кардам, ки ба синамои Русияву Амрико роҳ ёбад. Ман ба ӯ кӯмак кардам, ки ба нирӯву истеъдоди худ бовар кунад, ва ӯ ҳам барои ин пуштибонии ман сипосгузор аст. Ӯ ба наздикӣ ҳамроҳ бо Клинт Иствуд, Квентин Тарантино, Алик Болдуэн якҷо дар филмҳои калонҳаҷм нақшофаринӣ кард. Корномааш бузург аст."

Ниҳоятан аз ин қаҳрамони барномаамон суол кардам, чаро тахаллусашро Doll, яъне Арӯсак гузоштааст. Наташа бидуни таъхир чунин посух дод:

"Агар хоҳӣ, ки як шахсияти мӯътабар шавӣ, бо исми Наташа Диякова ба мақсадат намерасӣ. Ман ҳамеша мехостам номи дигар доштам бошам. Бахусус номи саҳнавии дигар. Аксарият ба ман мегӯянд: "ту ширинӣ", "ту зебойӣ", "мисли арӯсак зебойӣ". Ва рӯзе шавҳарам гуфт: "биё, тахаллуси саҳнавиатро Doll, яъне Арӯсак мемонем". Ман гуфтам, "ваҳ! чӣ хуб!". Ту бояд як шахсияти қавӣ бошӣ, ки соҳиби чунин исм гардӣ".

Ва дар ниҳояти сӯҳбат Наташа бо сипосгузорӣ аз он ки бо ӯ дар тамос шудам, хеле худмонӣ гуфт:

"Ман то ҳол хоб мебинам, ки гӯё дар хиёбонҳои Душанбе гардиш мекунам. Бубинед, чанд сол гузашт: соли 1991 ё 1992 мо Тоҷикистонро тарк кардем, 15 сол гузашт, аммо рӯҳи ман ҳанӯз он ҷо аст. Дилам ба Ёқутистону Маскав намеравад. Ҳамеша Душанберо хоб мебинам, ки ман он ҷо ҳастам. Ман мехостам боз ба Душанбе равам, на барои зиндагӣ карданд, балки барои дидани ватанам, барои он ки Душанбе хонаи ман аст. Ба фикри ман - ду хонае, ки ман дорам, ин Лас Вегас ва Душанбе мебошанд, на Маскаву Ёқутистон".

Агар хоҳед, ки бо корномаи Doll шинос шавед, вориди ин сафҳаи интернетӣ шавед: http://landofdoll.com/
XS
SM
MD
LG