Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ричард Баучер вориди Душанбе шуд


Субҳи рӯзи ҷумъа (6 октябр) Ричард Баучер - дастёри вазири хориҷаи Амрико дар умури Осиёи Марказӣ бо як боздиди расмӣ вориди Душанбе шуд.


Игор Сатторов, сухангӯи Вазорати умури хориҷаи Тоҷикистон ба сомонаи Озодӣ гуфт, пас аз зӯҳри ҳамин рӯз қарор аст, Ричард Баучер бо Эмомалӣ Раҳмонов - раисиҷумҳурии Тоҷикистон мулоқот кунад. Ҳамчунин, дидори Ричард Баучер бо Талбак Назаров, вазири умури хориҷаи Тоҷикистон дар назар аст.


Гуфта мешавад, дар дидорҳои Баучер бо мақомоти Тоҷикистон равобити ду ҷониба ва интихоботи қарибулвуқӯъи раёсати ҷумҳурии Тоҷикистон баррасӣ мешавад.


Ин дуввумин сафари оқои Баучер ба Тоҷикистон тайи соли ҷорист. Ричард Баучер тайи ин сафараш ба Осиёи Марказӣ танҳо аз Тоҷикистон дидор мекунад. Боздиди ҷаноби Баучер аз Тоҷикистон ду рӯз идома хоҳад ёфт ва тайи ин дидори дурӯза ӯ бо созмонҳои ғайридавлатӣ низ мулоқот хоҳад кард.
XS
SM
MD
LG