Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Тоҷикистон ба WTO роҳ меҷӯяд


Дар Женева музокироти байни ҳайъати Тоҷикистон ва намояндагони Созмони ҷаҳонии тиҷорат (WTO) шурӯъ шудааст. Ҳайъати Тоҷикистонро дар музокироти Женева вазири иқтисод ва тиҷорати кишвар Ҳаким Солиев раҳбарӣ мекунад. Ин музокирот дар чаҳорчӯби гурӯҳҳои корӣ то рӯзи 10 октябр давом карда, рӯи масоили ба узвияти Созмони ҷаҳонии тиҷорат пайвастани Тоҷикистон тамаркуз хоҳад ёфт.

Тоҷикистон ҳанӯз соли 2001 барои пайвастан ба ин ниҳоди бонуфузи иқтисодӣ ариза навиштааст ва дар ҳоли кунунӣ мароҳили лозими таҳияи аснод ва ислоҳоти қонунгузорӣ ба хотири таъмини шароити вурудаш ба ин созмонро тай мекунад. То кунун ду даври музокироти гурӯҳҳои корӣ бо Созмони ҷаҳонии тиҷорат ба хотири омӯхтани асноди пешниҳодкардаи Тоҷикистон сурат гирифтааст.

Аз байни кишварҳои Осиёи Марказӣ то ҳоли ҳозир танҳо Қирғизистон ба Созмони ҷаҳонии тиҷорат роҳ ёфтааст. Тоҷикистон феълан дар ин созмон мақоми нозирро дорад.
XS
SM
MD
LG