Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Интиқоди RSF аз СММ ба маҳзи рӯйдодҳои Андиҷон


Ба думболи Ҳюман Райтс Вотч, созмони Хабарнигорони Бидуни марз, мақараш дар Порис, низ Шӯрои ҳуқуқи башари СММ-ро ба маҳзи мавзеъгириаш дар қиболи наҳви баррасии рӯйдодҳои Андиҷон ба боди танқид кашидааст. Шӯрои ҳуқуқи башари СММ рӯзи душанбе қарор кард, муҳокимаи ин қазияро пушти дарҳои баста анҷом диҳад. Хабарнигорони бидуни Марз аз ин қарор изҳори таассуфи амиқ карда гуфтааст, дар пайи рӯйдодҳои хунини Андиҷон таъқиби озодии матбуот дар Узбакистон ба таври қобили мулоҳиза афзоиш ёфтааст. Хабарнигорони Бидуни Марз дар ин робита аз ҷумла баста шудани дафтарҳои ду родиёи Би Би Си ва Озодӣ дар Узбакистонро мисол овардааст.

Рӯзи сешанбе Ҳюман Райтс Вотч, як созмони дар Ню-Йорк асосёфтаи дидбони ҳуқуқи башар низ бо интиқод аз қарори ахири Шӯрои ҳуқуқи башари СММ гуфт, ин ниҳод фурсати муҳим барои расидагӣ ба мавридҳои нақзи ҳуқуқи башар дар Узбакистонро аз даст дод.

Бо ин ҳол, рӯзи 5 октябр додгоҳи шаҳри Ҷиззахи Узбакистон хабарнигори мустақил Улуғбек Ҳайдаровро ба 6 соли зиндон маҳкум кард. Ҳайдаров аз 14 сентябр бо иттиҳоми ришваталабӣ дар боздошт ба сар мебурд. Аммо хешовандони Улуғбек Ҳайдаров ин иттиҳомро сохта номидаанд. Ва як расонаи мустақили интернетӣ маълум кардааст, ки хабарнигори дигари узбак Ҷамшед Каримов барои 6 моҳи табобати иҷборӣ ба як бемористони амрози рӯҳӣ дар Самарқанд мунтақил шудааст. Ҷамшед фарзанди Аслон Каримов, бародари фақиди президенти Узбакистон Ислом Каримов буда, бо як силсила матолиби интиқодиаш дар бораи шеваи ҳукмронии амакаш Ислом Каримов маъруфият пайдо кардааст.
XS
SM
MD
LG