Пайвандҳои дастрасӣ

Ҳалқаи таҳримоти Русия алайҳи Гурҷистон тангтар мешавад


Раисиҷумҳури Гурҷистон Михаил Саакашвили дирӯз дар пайи берун шуданаш аз ҳавзаи райъдиҳӣ дар интихоботи маҳаллӣ тааҳҳуд супурд, ки ҷиҳати ба як кишвари пешрафта ва соҳиби низоми демократияи аврупоӣ табдил додани Гурҷистон аз худ дареғ нахоҳад дошт. Интихоботи Гурҷистон дар пасманзари шадидтарин таниши уфтода дар равобити байни Маскаву Тифлис сурат гирифт.

Михаил Саакашвили гуфт, маъракаи ахиран алайҳи Гурҷистон сардодаи Маскав мавҷи бадбинии қавмиро дар Русия барангехтааст ва кишварҳои дигар низ бояд мувозеҳи ин ҳол бошанд. Раҳбари Гурҷистон ҳамчунин гуфт, таҳримоти алайҳи кишвараш ҷорикардаи Русия метавонад иқтисоди Гурҷистонро дучори харобӣ кунад.

Дирӯз раисиҷумҳури Русия Владимир Путин ба мақомоти давлаташ дастур дод, ки бо сахттар кардани қоидаҳои муҳоҷират ва фаъолияти бозорҳоро таҳти назорат бигиранд. Путин гуфт, ин табодир бояд ҳимоят аз тавлидкунандагони ватанӣ ва аз манофеъи мардуми бумии Русияро таъмин кунанд.
XS
SM
MD
LG