Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Мардумсолорӣ ва таърифҳои он


Имрӯз ҳам сари яке аз мақулаҳои доғи рӯз андеша хоҳем кард, ки бештар ба фарҳанги сиёсии кишвар муртабит аст.

Фурӯпошии Шӯравӣ ҳамон буду матраҳ шудани демукросӣ (демократия) ҳамон. Дар густараи Шӯравии пешин он даста аз кумунистҳое, ки моил буданд қудратро барои худ ҳифз кунанд, номи "кумунист"-у "кумунизм"-ро канор гузоштанд ва "демукрот"-у "демукросӣ"-ро ихтиёр карданд. Дар натиҷа ҳамакнун ҳизби ҳокими Туркманистон ҳам ба раҳбарии Сафармурод Ниёзов Ҳизби Демукрот асту Ҳизби Кумунисти пешини Узбакистон ҳам ба Ҳизби Халқи Демукрот табдили ном кардааст.

Дар Тоҷикистон Ҳизби Кумунист ному мароми худро ҳифз кард, аммо аз қудрат ба дур монд. Вале ҳизби ҳокими феълӣ ҳам барчаспи демукротикро бар номи худ дорад: Ҳизби Халқи Демукроти Тоҷикистон.

Таърифи вобаста ба зеҳни гӯянда

Вале аслан, "демукросӣ", яъне чӣ ва то куҷо дар кишварҳои минтақа "демукросӣ"-и асил пиёда шудааст? Мавзӯъ, бегумон, фароху густарда аст ва як барнома ба танҳоӣ аз мӯшикофии тамому комили он оҷиз. Аммо баррасии ин мавзӯъ бояд ба гунае оғоз бигирад, то бишавад баъдан идомааш дод. Шумо ҳам метавонед мустақиман дар оғозу дунболаи он бо паёмҳои навишторию гуфтории худ саҳм бигиред.

Мафҳуми "демукросӣ"-ро донишномаҳо ин гуна таъбир мекунанд:

"Демукросӣ" баргирифта аз ду вожаи юнонии demos ба маънии "мардум" ва kratos ба маънии "ҳукумат" аст, ки тарҷумаи софу содаи он ба форсии тоҷикӣ мешавад "мардумсолорӣ". Демукросӣ як шакли давлатдорӣ ё наҳваи идораи як созмон аст, ки дар он ҳама соҳиби раъй ҳастанд ва дар шакл додан ба сиёсатҳо даст доранд. Дар ҳоле ки аз истилоҳи "демукросӣ" маъмулан дар сиёсати давлатдорӣ истифода мешавад, аммо усули мардумсолорӣ метавонад дар ниҳодҳои дигаре чун донишгоҳҳо, иттиҳодияҳои коргарӣ, ширкатҳо ё созмонҳои иҷтимоъӣ ва маданӣ низ мавриди корбурд қарор бигирад."

Бисёре мегӯянд, ки таърифи "демукросӣ" бештар ба тасаввуру тахайюли касе бастагӣ дорад, ки ин истилоҳро таъриф мекунад. Барои намуна, Арасту - файласуфи Юнони Бостон демукросиро ҳукумати аксарият меномид ва онро дар баробари "улигоршӣ" (олигархия) қарор медод, ки бино ба таърифи вай, ҳукумати ақаллият аст ва "утукросӣ" (автократия), ки таксолорӣ ё ҳукумати як тан аст. Аммо дар торих мавориде ҳам буда, ки давлатҳои ба вузӯҳ диктотур худро "демукротик" меномиданд ва намунаи собитшудаи он Ҳизби Демукроти Олмон дар авоили даҳаи 1930 аст.

Демукросӣ ва Тоҷикистон

Пеш аз ин ки ба жарфои торих биравем, беҳтар аст ба имрӯз баргардем ва аз Имомназари Холназар, яке аз нахустин демукротҳои тоҷик ва сардабири пешини ҳафтаномаи "Адолат" бишнавем, ки "демукросӣ" барои ӯ, яъне чӣ:

"Агар хато накунам, Черчилл гуфта буд, ки демукросӣ камбудҳои зиёде дорад, лекин башарият сохторе беҳтар аз он наофаридааст. Барои ҳамин, ҳама дар мавориди мухталиф аз ин тавсифи мафҳуми "демукросӣ" истифода мекунанд. Замоне ки Шӯравӣ Афғонистонро ғасб кард ва тайи даҳ соли ҷанг худи Шӯравӣ ҳамин ҷумҳуриро "демукротик" номид: Ҷумҳурии Демукротики Афғонистон. Дар Тоҷикистон ҳам чунин шуд. Ба назари ман, давлату давлатдориро на худи соҳибдавлатон, балки ниҳодҳое чун Созмони Милали Муттаҳид бояд номгузорӣ кунанд, ки оё ин давлат демукротик ҳаст ё на. Дар Тоҷикистон мардум ҳам демукросиро чандон қабул надорад. Чунки дар ин ҷо демукросиро дар оғоз хеле сиёҳ карданд. Ҳатто агар касе худашро "демукрот" муъаррифӣ мекард, одамҳо аз ӯ ҳазар мекарданд. Баъдан ин мафҳум то андозае тағйир ёфт. Ба назари ман, "демукрот", яъне хушахлоқ, одами маданӣ ва таълимдида аст. Ҳарчанд ин сифатҳо аз мафҳуми аслии вожаи "демукрот" дур аст, вале ҳамин сифотро "демукрот" касб кардааст."

Сайри торихии демукросӣ дар Ғарб

Ва аммо Вил Дуронт, хирадманди омрикоӣ, бо нигоҳе ба пешинаи демукросӣ мегӯяд, ки он ҳаргиз ба таври тамому комил ба маънии "ҳукумати мустақими мардум" набудааст:

"Руссо, падари назарияи демукросӣ, мехост ҳамаи занон ва ҳамаи мардуми бечиз аз қудрати сиёсӣ маҳрум бошанд ва онҳоро ба ҳисоби мардум намеовард. Қонуни Асосии маҷлиси инқилобии Фаронса се панҷуми тамоми мардони болиғро аз ҳаққи интихоб маҳрум сохта буд. Дар қавонини мухталифи Омрико то замони раёсати ҷумҳурии Андрйу Ҷаксон барои доштани ҳаққи интихоб, доштани миқдоре сарват зарурӣ буд. Пас демукросӣ дар асл ва дар шакли таҳаввулёфтаи кунунии он ба маънии ҳукумати табақаи мутавассит ё миёна аст; яъне ҳукумати табақаи беҳтари дуввум (пас аз табақаи ашроф)."

Шоистасолорӣ - аз ҷанбаҳои мардумсолорӣ

Ҳакимони муъосири Бохтарзамин дар тафсири инҳитот ва номукаммал будани демукросӣ мегӯянд:

"Мардум вақте метавонанд комилан озод бошанд, ки ҳама дар қудрат ва истеъдод тақрибан баробар бошанд. Бо ин ҳама, озодии онҳо баробарии онҳоро аз миён мебарад."

Яъне дар натиҷаи озодӣ шуморе истеъдоди худро сайқал медиҳанду имкон меёбанд ба наҳве беҳтар бидурахшанд, дар ҳоле ки иддае дигар шояд аз ин истеъдод бархурдор набошанд ва дар канор бимонанд. Аз ин рӯ бархе демукросиро шоистасолорӣ таъбир мекунанд. Яъне афроде, ки беш аз дигарон шоистагии кореро дошта бошанд, бояд тасаддии он кор ба дӯши онҳо биуфтад. Аммо оё ҳамеша чунин аст? Ва аслан як раҳбари шоиставу демукрот чӣ вижагиҳое дорад?

Дар Фарҳангу Андешаи ин ҳафта дар ин бора назарҳои мухталифе пахш шуд, ки бо фишурдани нишони баландгӯи канори унвони матлаб метавон ҳамаро шунид. Аммо агар назари шумо дар барнома садо надод, метавонед барои мо паёме бифиристед ва назар бидиҳед: tajik@rferl.org

Назароти шумо рӯи ҳамин сафҳа чоп хоҳад шуд.

То он ҳангом мувозиби худатон бошед ва падруд.
___________________________

Салом. Ба назари банда бояд як навиштори ягонаро дар сафҳаи худ бипазиред, вагарна ҳар муаллифи шумо ба гунаи хосси худ менависад, ки зиёд хушоянд намудор намешавад. Барои намуна, ё думукросӣ нависед ё демократия, аммо на демукросӣ. Ин назари банда аст, хоҳед бипазиред, нахоҳед на.
Муҳсин
XS
SM
MD
LG