Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Нақши IFES дар интихоботҳои Тоҷикистон


Бунёди Байналмилалии Системҳои Интихоботӣ ва ё IFES мегӯяд, ҳукумати Тоҷикистон бояд, барои таъсиси як низоми интихоботие, ки мардум ба он эътимод дошта бошанд, саъй кунад, зеро адами чунин низом метавонад, дар оянда барои кишвар хатар эҷод кунад.


Энтонӣ Бовйер - раҳбари барномаҳои Бунёди Байналмилалии Системҳои Интихоботӣ дар Осиёи Марказӣ мегӯяд:


"Ба андешаи ман, дар ҳоли ҳозир ҳукумат пеш аз ҳама бояд дарк кунад, ки ҷамъияти Тоҷикистон ҷавону ҷавонтар мешавад. Ва насли ҷавон аз ҷангҳои гузашта хотирае нахоҳад дошт. Ва агар онҳо имкони ширкати ҳамаҷониба дар интихоботро надошта бошанд, ду роҳи мухталиф аст, ки насли оянда бо онҳо хоҳанд рафт. Роҳи аввал, баёни ирода ва ақида доир ба давлати худ, таввасути усулҳои демокросӣ аст ва роҳи дигар, ки онро касе намехоҳад, роҳи ғайриқонунӣ хоҳад буд, яъне метавонад, ягон ҷанг ва ё низоъ сурат бигирад."


Энтонӣ Бовйер ба бахши тоҷикии Радиои Озодӣ гуфт, агарчӣ Тоҷикистон барои доштани як кумиссиюни боэътимоди интихобот саъй мекунад, аммо барои расидан ба он ҳадаф роҳи дарозе дар пеш дорад:


"Ҳукумат феълан ва дар оянда низ бояд ҷиддан кор кунад, то ба як системи боэътимоди интихоботӣ барои мардум таъсис диҳад. Ва ин дар мӯҳлати кӯтоҳ ба даст намеояд. Аз ҳар интихобот ягон таҷрибае ҳосил мешавад, ки мо аз он дарсе мегирем, то дар оянда интихоботи беҳтар баргузор намоем. Ба андешаи ман, кумиссиюни марказии интихоботи Тоҷикистон ин корро мекунад. Агарчӣ баъзеҳо зуд натиҷаҳои интихоботро танқид мекунанд, аммо онҳо беҳбудиҳои кучакеро, ки мешаванд, намебинанд."

Бунёди Байналмилмилалии Низомҳои Интихоботӣ аз соли 1994 дар Тоҷикистон фаъолият дорад ва ҳадафи ниҳоии худро мусоидат ба баргузории интихоботҳои шафофу одилона дар ин кишвар унвон кардааст.

Бо вуҷуди фаъолияти тӯлонии созмони IFES дар Тоҷикистон ба гуфтаи намояндагони аҳзоби мухолиф системи интихоботии кишвар ҳанӯз ҳам ноқисиҳои зиёд дорад. Аммо Энтонӣ Бовйер мегӯяд, ки онҳо сайъ накардаанд, то нусхаи як системи интихоботии бегонаро ба Тоҷикистон таҳмил намоянд. Тавре ӯ мегӯяд, барои даст ёфтан ба системи мувофиқи интихоботӣ ва махсус барои Тоҷикистон солҳои тӯлонӣ зарур аст.


Муҳибулло Додоҷонов - раиси дастгоҳи Кумиссиёни Марказии Интихоботи Тоҷикистон аз кӯмакҳои созмони мазкур дар корзорҳои интихоботӣ қадрдонӣ мекунад ва мегӯяд:



"Ман фикр мекунам, ки ин ягона созмони байналмилалӣ дар Тоҷикистон аст, ки барои омода кардани дастур ва низомномаҳое, ки дар Комиссияи Марказии Интихобот қабул шудааст ва барои дастрас кардани онҳо ба ҳар як интихобкунанда, нозирони байналмилалӣ ва ҳавзаҳои интихоботӣ кӯмак мекунад. Ба ғайр аз ин аз тарафи ин созмон дар панҷ минтақаи Тоҷикистон семинарҳои омӯзишӣ ба нақша гирифта шудааст, ки моҳи октябр баргузор мешаванд ва барои дар сатҳи баланд гузаштани интихоботи дар пеш истода мусоидат мекунад. Ҳамаи ин талошҳо барои он равона шудааст, ки интихобот дар Тоҷикистон интихобот шаффоф ва одилона ва озод гузарад."


Вале Шокирҷон Ҳакимов муовини раиси Ҳизби Сотсиал демократи Тоҷикистон дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ фаъолияти IFES дар чанд соли ахир ба гуфтаи худаш ғайриқаноатбахш медонад:



"Воқеан он созмон, бояд барои такмили заминаҳои ҳуқуқии ҷараёни интихобот то ки интихоботҳо ба таври шаффофу озоду демократӣ сурат бигиранд. Вале онҳо кӯшиш карданд, ки ҳангоми иҷрои барномаҳояшон бо мақомоти давлат ҳамкорӣ кунанд ва гузашта аз ин қариб ду соли ахир баҳсу мунозираҳо бо аҳзоби сиёсӣ доир накарданд. Ва агар баъзан кӯшиш карданд, ки баъзе тадбирҳо андешанд, дар шакли мизи мудавварҳо, сӯҳбатҳо ва баҳсҳо, он ҳам дар як сатҳи паст мегузашт ва он ҳам бо ширкати намояндагони мақомоти давлатӣ ва ҳифзи ҳуқуқ. Ман кори IFES дар ду се соли ахирро қаноатбахш намедонам. "




Созмонҳои байналмилалии нозири интихобот ва дигар созмонҳое, ки барои баргузории интихоботҳои мунсифонаву шафоф дар Тоҷикистон кор мекунанд, гоҳ-гоҳе мавриди интиқоди аҳзоби мухолиф қарор мегиранд, ки қонуншиканиҳои ҳукуматро дар корзорҳои сиёсӣ нодида мегиранд ва ҳақиқатро ба рӯи онҳо намегӯянд.


Аммо Энтонӣ Бовйер, яке аз муаллифони гузориши "Воқеъият, омор ва таҳлили аҳзоби сиёсии Тоҷикистон" чунин иддаоҳоро нодуруст медонад ва мегӯяд:


"Онҳое, ки чунин даъво мекунанд, ки гӯё созмонҳои байналмилалӣ аз гуфтани ҳақиқат метарсанд, худашон намедонанд, ки чӣ гуна ҷомеаи байналмилалӣ масъулияташро иҷро мекунад. Албатта баъзе созмонҳое ҳастанд, фақат дар остонаи интихобот нозиронашро барои назорати ин корзори сиёсӣ, то андешаҳои худашон бигӯянд. Аммо созмонҳои дигаре ба мисли созмони ҳастанд, ки ба таври доимӣ дар кишвар фаъолият мекунанд. Мо аз гуфтани андешаҳои худ дар онҷо худдорӣ намекунем. Ба андешаи ман бояд, ҳам ҷанбаи мусбатро гуфт ва ҳам ҷанбаҳои манфиро то ки миёни тарафҳо ҳамдигарфаҳмӣ эҷод шавад."


Муҳибулло Додоҷонов ҳузури ин созмон ва дигар нозирони байналмилалӣ дар интихоби Тоҷикистонро бисёр муҳим медонад. Ба гуфтаи Кришна Кумар, муаллифи чандин китоб доир ба таҳҳавулоти демокросӣ, ҳузури нозирони созмонҳои байналмилалӣ дар интихобот эътимод ба онро меафзояд ва қобили пазируфтани натиҷаҳои интихобот аз ҷониби аҳзоби рақиб мешавад:


"Яке аз манофеъи ширкати ҷомеаи байналмилалӣ дар интихоботҳо он аст, ки барои ҳукумат машрӯият меофарад. Арзёбии нозирони мустақил ва хориҷӣ дар муқоиса ба арзёбии нозирони дохилӣ бисёр ҷиддӣ гирифта мешавад. "


Кришна Кумар дар сӯҳбат бо бахши тоҷикии Радиои Озодӣ гуфт, дар кишварҳое ба мисли Тоҷикистон, ки панҷ сол ҷанги дохилиро пушти сар кардааст, ҳангоми баҳо додани интихобот нозирон бояд эҳтиёткор бошанд:


"Ҳатман. Медонед, на танҳо дар кишварҳои ҷангзада, балки дар кишварҳое, ки дар гузашта интихоботҳои озод надоштанд, ба мисли мамолике, ки баъд аз аз ҳам пошидани иттиҳоди шӯравии собиқ истиқлолият ба даст оварданд. Шумо медонед, ки интихоботҳо дар ҷомеаҳои коммунистӣ ва ҷомеаҳои озод бисёр аз ҳам фарқ мекунанд. Дар ин кишварҳо низ кӯмаки ҷомеаи байналмилалӣ ва назорати байналмилалии интихобот муҳим аст."


Таври маълум беҳтарин баҳо ба интихоботҳо "мунсифонаву шафоф" хондани онҳост, аммо ба гуфтаи Роберт Пастор муаллифи китоби "Интихоботи озод" як мавзӯест бисёр ҳассос бахусус дар шароити баъд аз ҷанг аст.


Ба қавли вай, дар баъзе ҳолатҳо гуфтани он ки интихобот озоду мунсифона набуд, сабаби ҳадди ақал боздоштани ҷараёни демокросӣ мешавад ва дар бадтарин ҳолат сабаби дигарбора сар задани ҷанги дохилӣ.


Аммо ба қавли муовини раиси Ҳизби Демократи Тоҷикистон Раҳматулло Валиев мардум сазовори он аст, ки ҳақиқатро бидонад, зеро пинҳон доштани дурӯғ низ метавонад, хашми мардумро барангезад ва заминаи ноамнӣ дар оянда бишавад:


"Бояд ҳақиқатро гуфт, барои он ки агарки мо намегӯем, мардум аз ин бохабар мешаванд, зеро ба як кас раъй медиҳанд ва он раъйи худро намегиранд. Ба ҳамин хотир бояд рӯирост гуфт, ки дар интихоботҳо чунин таққалубкориҳо ҳаст, вале ин ҳақиқатгӯиҳо ба хотири он набошад, ки дар Тоҷикистон аз нав ҷанги шаҳрвандӣ сурат бигирад. Ин ба хотири он бошад, ки пеши роҳи чунин нотинҷӣ ва ноустуворӣ дар ҷомеа гирифта шавад."


Ба гуфтаи Раҳматулло Валиев масъулияти созмонҳои байналмилалӣ низ ҳаст, ки иҷоза надиҳанд, то Тоҷикистон дигарбора шоҳиди низоъу нооромӣ шавад.
XS
SM
MD
LG