Пайвандҳои дастрасӣ

Ричард Баучер бо Эмомалӣ Раҳмонов мавзӯи интихоботро баррасӣ хоҳад кард


Ин сафари дуюми оқои Баучер ба Тоҷикистон аст. Тарафҳо масъалаҳои равобити дуҷониба ва интихоботи қарибулвуқуи раёсати ҷумҳурии Тоҷикистонро, ки қарор аст баъди як моҳ баргузор шавад, мавриди баррасӣ қарор хоҳанд дод. Инчунин қарор аст, ки баъди мулоқоташ бо раиси ҷумҳурии Тоҷикистон оқои Баучер ба саволҳои хабарнигорон посух диҳад. Сафорати ИМА иттилоъ медиҳад, дар ин сафар, ки ду рӯз идома мекунад, Ричард Баучер бо созмонҳои ҷамъиятӣ ва дигар чеҳраҳои фаъоли ин кишвар дидору мулоқот хоҳад кард. Дар иттилоияи сафорати Амрико омадааст, ки оқои Баучер "ба таҳкими муносибатҳои Тоҷикистон ва ИМА ва мусоидати истеҳкоми принсипҳои демократӣ дар остонаи интихоботи ноябрии раёсати ҷумҳурӣ умед дорад".

Видеоҳои охирин

Ба мо нависед

Хабару акс ва видеоҳои худро аз тариқи IMO, Вайбер ва Вотсапп ба ин шумораи мо фиристед: +420 724 053 959

XS
SM
MD
LG