Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Таваррум дастовардҳои Тоҷикистонро бемаънӣ кардааст


Натиҷаҳои ҳашт моҳи гузаштаи соли равон Тоҷикистон дар ҷои дуюм. Аз лиҳози сатҳи таваррум. -- Рушди тавлидоти куллии дохилӣ -- 7,5% -- Сатҳи таваррум -- 10,4%.

Кумитаи байнидавлатии омори Ҷомеаи кишварҳои ҳамсуд хабар дод, ки рушди маҷмӯъи тавлидоти дохилии Тоҷикистон дар ҳашт моҳи гузаштаи сол 7,5 дарсадро ташкил додааст. Ба иттилои ҳамин манбаъ, тавлидоти саноатӣ дар Тоҷикистон дар ҳамин давра 5,7 дарсад афзоиш ёфтааст.
Дар миёни кишварҳои муштаракулманофеъ аз лиҳози рушди тавлидоти куллии дохилӣ Озарбойҷон, Арманистон ва Беларус дар ҷойҳои аввал қарор доранд. Чунончи, рушди танҳо тавлидоти санъатӣ дар Озарбойҷон аз моҳи январ то августи соли равон 40,5 дарсад будааст. Рушди камтарини маҷмӯъи тавлидоти дохилӣ дар ин муддат дар Молдова иттифоқ афтодааст. Ва ҳамзамон таваррум дар Молдова дар миёни кишварҳои ҳамсуд баландтарин буда, наздик ба 12 дарсадро ташкил додааст. Дар ҷои дуюм дар ин рада Тоҷикистон қарор дорад (10,4). Ба ин тартиб рушди ҳафтуним дарсадаи маҷмӯъи тавлидоти дохилии Тоҷикистон бар асари таваррум комилан бетаъсир мебошад ва нишон медиҳад, ки иқтисодиёти Тоҷикистон ҳамоно дар вазъи сангин ва нобарор қарор дорад.
XS
SM
MD
LG