Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Солана: "Фурсати гуфтугӯ бо Эрон тамом шуд"


Раҳбари идораи сиёсати хориҷии ИА Хавйер Солана рӯзи чоршанбе гуфт, бо вуҷуди 4 моҳи музокирот Эрон ба қатъи фаъолиятҳои ғанисозии ураниумаш розӣ нашудааст. Оқои Солана ба кумитаи равобити хориҷии парлумони Аврупо гуфт, фурсати халосӣ аз ҳалқаи таҳримот барои Эрон тангтар мешавад.


Солана гуфт, музокироти масъала наметавонад то абад идома ёбад ва акнун Теҳрон бояд маълум кунад, ки оё мехоҳад ин музокиротро бар асоси талаботи СММ, ки асосиаш қатъи фаъолиятҳои ғанисозист, идома диҳад. Хавйер Солана гуфт, Эрон то ҳол ба тақозоҳои СММ посух нагуфтааст:


"Мехоҳам ба шумо бигӯям, музокироте, ки ман бо Эрон пеш мебурдам, наметавонад то абад идома кунад ва акнун ҷониби Эрон бояд худ тасмим бигирад, ки оё фурсате монда ё хайр. Ва агар фурсат тамом шуда бошад, мо бояд барои анҷоми марҳалаи дуввум думболи 5 узви Шӯрои амниятро бигирем."


Ва аммо раисиҷумҳури Эрон Маҳмуди Аҳмадинажод дирӯз мукарраран гуфт, ки таҳдиди таҳримоти байналмилалӣ Теҳронро аз фаъолиятҳои ғанисозии ураниум манъ нахоҳад кард.
XS
SM
MD
LG