Пайвандҳои дастрасӣ

Се зодрӯз


Клер Бигг Имрӯз, 5 октябр раисиҷумҳури собиқи Чехия, раисиҷумҳури кунунии Тоҷикистон ва раисиҷумҳури ба эҳтимоли ғолиб ояндаи Чеченистон зодрӯз доранд. Вацлав Ҳавел ба синни 70 , Эмомалӣ Раҳмонов ба 54 ва Рамазон Қодиров, ҷавонтарини онҳо ба синни 30 мерасанд.

Имрӯз, 5 октябр Вацлав Ҳавел, раиси собиқи Ҷумҳурии Чех 70-сола мешавад. Вацлав Ҳавел, ки дар даврони ҳукумати коммунистӣ таҳти таъқиб қарор дошт, дар пайи инқилоби махмалии соли 1989 ба курсии президенти Чехословакия нишаст ва дар пайи таҷзияи ин кишвар аз соли 1993 раҳбарии Ҷумҳурии Чехро бар ӯҳда гирифт. Ӯ дар ин симат то моҳи феврали соли 2003 ифои вазифа кардааст.

Гуфтанист, ки рӯзи 5 октябр раисиҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмонов низ зодрӯз дорад. Ӯ, ки барои дарёфти як давраи дигари ҳафтсолаи раёсатҷумҳурӣ роҳии интихоботи ҷадид шудааст, имрӯз 54-сола мешавад. 4 сол пеш оқои Раҳмонов бо як дастури вижа аз ҳар таҷлили пуршукӯҳи ҷашни 50-солагиаш ҷилавгирӣ карда буд, вале аз он муддат то кунун хеле чизҳо тағйир карданд ва имсол ҳам, ки соли интихоботи раёсати ҷумҳурист.

Ва аммо муҳимтарин зодрӯз, албатта, зодрӯзи Рамазон Қодиров, сарвазири ҷумҳурии ҷангзадаи Чеченистони Русия аст, ки имрӯз 30-сола мешавад. Қонунгузории Русия то синни 30 нишастан ба симати раёсатҷумҳуриро манъ фармудааст ва ба назари таҳлилгарон, роҳи Рамазон Қодиров барои нишастан ба курсии президенти Чеченистон акнун ҳамвор мешавад.

Рамазон Қодиров, фарзанди президенти бо дасти чирикиҳо кушташудаи Чеченистон Аҳмад Қодиров аст, ки таваҷҷӯҳи хоси раҳбари Русия Владимир Путинро ба шахси худ ҷалб кардааст. Путинро метавон гоҳо дар меҳмонии рамазон Қодиров дар зодгоҳи ӯ рустои Центорой диду гоҳо Рамазонро мебинем, ки либоси варзишӣ дар тан дар роҳравҳои Кремл ба қасди мулоқот бо Путин қадам мезанад. Дар шароите ки ҳоло дар фазои сиёсии Русия эҷод шудааст, оё дигар кӣ ҷуръат мекунад, ба дафтари кори президент чун ба хонаи дӯсти худ бидуни огаҳӣ ва бо либоси варзишӣ пой гузорад?

Алексей Малашенко, коршинос дар умури Чеченистон мегӯяд, аммо дар ин солҳо хеле обҳо аз осиёбҳо рехтанд ва бархӯрд ба шахси Рамазон Қодиров дар Кремлин низ тағйир кардааст: "Путин ба падари ӯ муносибати хеле хуб дошт ва он муҳаббатеро, ки ба падари вай дошт, аз Рамазон низ дареғ намедошт. Вале ба муҷарради афзудани ғаразҳои сиёсии Рамазон, Путин ҳам албатта, фаҳмид, ки ин як шахсияти мустақил, саркаш ва як андоза хатарнок ҳам ҳаст."

Раҳбари кунунии маъмурияти рӯ ба Маскави Чеченистон Алу Алхоновро аксар як нафари муваққат мешиносанд. Ба назари коршиносон, Рамазон Қодиров дар сурати расиданаш ба симати президентӣ як ҳамкори соддае барои Маскав нахоҳад шуд ва аз ин лиҳоз маълум нест, ки оё Маскав аз ин баъд ҳам ҳузури ӯро дар саҳнаи Чеченистон ва он ҳам дар мақоми боз баландтари президентӣ таҳаммул хоҳад кард ё хайр? Рамазон Қодиров дар ҳама сӯҳбатҳояш Владимир Путинро танҳо нафаре тавсиф мекунад, ки ба эътиқоди ӯ, қодир ба ҳифзи Русия аст. Ва аммо дар ҳоли ҳозир кӣ гуфта метавонад, ки оё Владимир Путин қодир ва ҳозир ҳаст Рамазон Қодировро низ ҳифз кунад ва боз ҳам болотар барад?
XS
SM
MD
LG