Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҷоизаи Нобел дар риштаи кимиё низ ба Амрико меравад


Ҷоизаи имсолаи Нобел дар риштаи кимиёро низ донишманди амрикоӣ Роҷер Корнберг бурдааст. Фарҳангистони улуми Шветсия Корнбергро барои таҳқиқоте, ки дар ковиши генҳо ва наҳви тавлиди протеин анҷом додааст, бо ин ҷоиза тақдир кард.


Таҳқиқоти Корнберг дар амри табобати хубтари бемориҳои то кунун беилоҷе ба мисли саратон ва амрози қалб мусоидат мекунад. Гуфтанист, ки падари Корнберг соли 1959 низ ҷоизаи Нобелро бурда буд, вале дар риштаи тибб. Роҷер Корнберг дар донишгоҳи Стенфорди аёлати Калифорнияи Амрико кор мекунад. Маблағи имсолаи ҷоизаи Нобел қариб 1 400 000 доллар баровард шудааст.


Имсол ҳар се ҷоизаи Нобел дар соҳоти улуми дақиқ - ҳам дар бахши кимиё, ҳам дар физика ва ҳам дар илми тиббро донишмандони амрикоӣ бурданд. Ду ҷоизаи дигари Нобел, ки барандаашро низ фарҳангистони улуми Шветсия таъйин мекунад, марбут ба иқтисод ва адабиётанд. Ҷоизаи шашум ва ниҳоии Нобел ҷоизаи сулҳ аст, ки барандаашро фарҳангистони Норвегия рӯзи 13 октябр эълон мекунад.
XS
SM
MD
LG