Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Вазири хориҷаи Олмон аз Душанбе дидан мекунад


Рӯзи 1 ноябр вазири хориҷаи Олмон Франк Валтер Штейнмайер низ дар ҷараёни силсиласафараш ба кишварҳои Осиёи Марказӣ дидори кӯтоҳе аз Тоҷикистон хоҳад дошт. Дар ин бора сафорати Олмон дар Душанбе хабар дод. Интизор меравад, ки оқои Штейнмайер дар як мулоқот бо раисиҷумҳури Тоҷикикистон Эмомалӣ Раҳмонов масоили равобити дуҷонибаи Тоҷикистону Олмон ва ҳамчунон вазъи минтақаро баррасӣ кунад. Ин нахустин сафари расмии Франк Валтер Штейнмайер ба Тоҷикистон аст.


Қарор аст, рӯзи ҷумъаи ин ҳафта Ричард Боучер, ёвари вазири хориҷаи Амрико дар умури кишварҳои Осиёи Марказиву Ҷанубӣ низ аз Тоҷикистон дидан ва бо мақомоти олии раҳбарии ин кишвар мулоқот кунад. Дар соли ҷорӣ оқои Боучер бори дуввум аст, ки аз Душанбе дидан мекунад.
XS
SM
MD
LG