Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Додситонии кулл алайҳи Ҳабибулло Насруллоев


Ахиран Додгоҳи шаҳри Маскав шикояти Додситонии кулли Тоҷикистон аз ҳукми Додгоҳи Олии Русияро, ки истирдоди оқои Насруллоев ба Тоҷикистонро рад кардааст, баррасӣ намуд ва ҳукми Додгоҳи олии Русияро бетағйир гузошт. Баҳодур Ҳамидов, як тан аз масъулини Додситонии Кулл дар сӯҳбат бо хабарнигорон аз он нукта гирифт, ки бархе аз нашрияҳои чопи Маскав Ҳабибулло Насруллоевро вазири тиҷорати Тоҷикистон хондаанд, дар ҳоле, ки ӯ тайи чанд сол раёсати Тоҷикматлуботро бар ӯҳда дошт.
Ӯ ҳамчунин шарҳи Анна Ставитская - вакили дифоъи Насруллоевро дар мавриди он ки тақозои истирдоди собиқ раиси Тоҷикматлубот ба зодгоҳаш ангезаи сиёсӣ дорад, бепояву бунёд хонд. Ба гуфтаи оқои Ҳамидов, Ҳабибулло Насруллоев дар табаддулоти давлатӣ, терроризм, ташкили гурӯҳи мусаллаҳ ва куштор муттаҳам мешавад. Ӯ афзуд, ки шурӯъ аз моҳи августи соли 1997 оқои Насруллоев ба гурӯҳи Маҳмуд Худойбердиев пайваст ва ҳамон сол дар пойгоҳҳои низомии Толибон дар Афғонистон сабақи ҷанг омӯхтааст.
Корманди масъули Додситонии Кулли Тоҷикистон ҳамчунин гуфт, Ҳабибулло Насруллоев аз соли 1997 ба ин сӯ мавриди ҷустуҷӯ қарор дорад ва бар хилофи иддаои вакили дифоъ, ягон бор мавриди сӯиқасд қарор нагирифтааст.
Баҳодур Ҳамидов дар шарҳи ҳукми додгоҳи шаҳри Маскав гуфт, ки ин ҳукм маънии қатъи кофтукоби собиқ раиси Тоҷикматлуботро надорад. Ӯ афзуд, дар сурати собит шудани иттиҳомот Ҳабибулло Насруллоев ба мӯҳлати 25 сол ваё якумрӣ маҳкум ба зиндон хоҳад шуд.
XS
SM
MD
LG