Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Созмонҳои байнулмилалӣ ва интихобот


Саломи муҷаддад ба хонандагони гиромии "Озодӣ". Тибқи гузоришҳои хабаргузориҳои хориҷӣ дар Тоҷикистон баъзе аз созмонҳои хориҷӣ вуҷуд доранд, ки номашон ба ғайр аз Тоҷикистон дар ягон ҷои дунё на сабт шудааст, на вуҷуд дорад. Бо яке аз дӯстони сиёсатшиноси хориҷӣ дар яке аз хиёбонҳо худрав (автомошина)-и як созмонро дидем, ки бо номер ё тамғаи диплумотик буд. Дӯстам тааҷҷуб кард, ки ин ниҳоди ғайридавлатӣ инҷо чӣ кор мекунад, ки аслан далел бар буданаш ва доштани дафтар дар Тоҷикистон надорад. Ҳоло бигзарем... Пас мо аз созмонҳо ва ниҳодҳои хориҷӣ дар Тоҷикистон чиро бояд интизор дошта бошем? Онҳо танҳо коре метавонанд бикунанд, ин аст, ки дасташонро ба ҳар сӯрохе аз ин давлат дароваранд ва суде барои худ бикунанд...
Низом Асомуддинов
----------------------------------

Тибқи иттилоъи Гурӯҳи Байналмилалии Буҳрон, чанд сол пеш дар Тоҷикистон нишонаҳои созгор бо шакли сиёсии демукротик мушоҳида мешуд, вале созмонҳои байналмилалӣ ва умуман, ҷомеъаи ҷаҳонӣ бо аз ҳад зиёд бузург ҷилва додани нақши Президент дар сиёсати кишвар эшонро муътақид сохт, ки минбаъд бояд ҳама чиз табъи дили вай сурат гирад. Илова бар ин, ҷомеъаи ҷаҳонӣ бо такя ба иттилоъи расмӣ, ки Президентро ҳамчун кафили мутлақи субот дар Тоҷикистон нишон медиҳад, аз сиёсати кунунӣ беш аз пеш пуштибонӣ мекунад. Ташкилоти муътабаре ҳамчун Созмони Амният ва Ҳамкории Урупо ва Созмони Милали Муттаҳид дар интиқод аз режими кунунӣ худдорӣ карда, фаъъолияташонро ба маҷрои камихтилоф равона карданд. Ҳақиқатан ҳам Созмони Амният ва Ҳамкории Урупо дар масоили ислоҳоти интихобот, ҳуқуқи башар, сабти номи аҳзоби мухолиф камтаваҷҷуҳӣ зоҳир карда ва фаъъолияти чандоне надоштааст...
Наврӯз Некбахтшоев
----------------------------------

Салом. Ба ақидаи ман, Созмони Милали Муттаҳид ва Созмони Амният ва Ҳамкории Урупо ягон таъсире дар ҷараён ва баргузории интихобот дар Тоҷикистон расонида наметавонад. Зеро Тоҷикистон кишварест, ки ҳамаи ниҳодҳои давлатӣ зери контроли президенти феълӣ қарор доранд ва дар аснои интихоботи гузашта мо шоҳиди бисёр қонуншиканиҳо будем ва боз ҳам мешавем. Агар ин созмонҳои дар боло зикр шуда таъсире медоштанд, ҳукумати феълӣ ва намояндагони порлумони феълӣ арзи вуҷуд намекарданд.
Муҳаммад
----------------------------------

Ин созмонҳои байналмилалӣ ҳам мисли созмонҳои дохилии Раҳмонов ҳастанд. Ҳич коре аз дасташон намеояд. Ин созмонҳоро аслан аз Тоҷикистон бояд ихроҷ кард. Ҳамин созмонҳо ҳастанд, ки намегузаронд дар Тоҷикистон демократия рушд кунад. Ва ҳамин тавр аз як нафар пуштубонӣ мекунанд...
Умаралӣ
----------------------------------


Аз Озодӣ: Озодӣ ҳаққи вироиши назарҳоро барои худ ҳифз мекунад. Номаҳое, ки дорои тавҳин ё таҳдид ба касе ё чизе ҳаст ё беш аз андоза дароз аст, дар шакли ибтидоии он мунташир нахоҳад шуд. Зимнан, ҳич назаре дар Майдони Баҳс баёнгари дидгоҳҳои Озодӣ нест.
XS
SM
MD
LG