Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ду довталаб имзои заруриро ҷамъ овардаанд


Ҳизби халқӣ - демократии Тоҷикистон барои пуштибонӣ аз Эмомалӣ Раҳмонов, ба унвони номзади ҳамин ҳизб дар интихоботи раиси ҷумҳури кишвар беш аз 500 000 (панҷсад ҳазор) имзо ба Кумиссиюни марказии интихобот пешниҳод кардааст.


Аҳлиддини Тоҳир, як корманди маркази матбуоти Кумиссиюни марказии интихобот ба радиои Озодӣ гуфт, то ҳамин рӯз ба Кумиссиюни марказии интихобот аз 4 ҳизб имзоҳо ҷамъ омаданд. Бино бар ҳарфи Аҳлиддини Тоҳир теъдоди имзоҳое, ки аҳзоб ба Кумиссиюни интихобот пешниҳод кардаанд, ин рақам аст:


Ҳизби халқӣ-демократӣ - 510.427 имзо,
Ҳизби ислоҳоти иқтисодии Тоҷикистон - 176.132 имзо
Ҳизби сотсиалистии Тоҷикистон - 77.356 имзо
Ҳизби коммунисти Тоҷикистон - 59.729 имзо


Тибқи иттилоъи Кумиссиюни марказии интихобот, бо он вуҷуд, ки номзадҳои Ҳизби халқӣ-демократӣ ва Ҳизби ислоҳоти иқтисодӣ имзои кофиро барои ширкат дар интихоботи президентӣ пешниҳод кардаанд, ситодҳояшон ҳанӯз имзо ҷамъ мекунанд.


Дар ҳамин ҳол, коршиносон дар маъракаи феълии имзоҷамъкуниро вуҷуди тақаллубкориро истисно намекунанд. Марат Мамадшоев, муҳаррири ҳафтаномаи «Азия-Плюс» мегӯяд, ба идораи рӯзномааш мардум аз рафти имзоҷамъкуниҳо шикоят мекунанд. Марат Мамадшоев:
«Ба яке аз онҳое, ки ба мо занг зад, коғаз пешниҳод карда гуфтаанд, ки ба дастгирии Раҳмонов имзо ҷамъ мекунанд. Аммо вақте ӯ мепурсад, ки чаро номи Раҳмонов дар коғаз нест, онҳо мегӯянд, ки ба ту чӣ фарқ дорад, имзо кун, мо худамон коғазро пур мекунем.»


Оқои Мамадшоев афзуд, ниҳодҳои ҳукуматӣ бо сабаби алтернатива сохтан ба Эмомалӣ Раҳмонов барои имзоҷамъкунии номзадҳо монеа эҷод намекунанд. Вай афзуд, дар акси ҳол ин қадар имзо ҷамъ кардани, масалан, Ҳизби сотсиалистии Абдуҳалим Ғаффоров шубҳанок аст, зеро ин ҳизб дар интихоботи парлумонӣ ҳатто 1 фисад ҳам овоз нагирифта буд ва ҳоло ҳудуди 2,5 фисади овозҳоро соҳиб шудааст.


Тибқи иттилои Кумиссиюни марказии интихобот, ҷамъоварии овозҳо то 7 октябр идома хоҳад ёфт.
Фарҳоди Милод, Душанбе
XS
SM
MD
LG