Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Анҷоми мулоқоти Сотиров бо Раҳматулло Валиев


Владимир Сотиров раҳбари намояндагии Созмони милал дар Тоҷикистон бо Раҳматулло Валиев муовини раиси Ҳизби демократи Маҳмадрӯзӣ Искандаров дар робита ба қазияи ду порча шудани ин ҳизб мулоқот намуд.

Раҳматулло Валиев муовини раиси Ҳизби демократи Искандаров бо эъломи ин хабар ба радиои Озодӣ гуфт ин мулоқот дар пайи муроҷиати расмии ҳизби мазкур унвонии дафтари СММ дар шаҳри Душанбе сурат гирифтааст. Ба гуфтаи оқои Валиев меҳвари ин мулоқот мавзӯъи шиносоии Ҳизби демократи Масъуд Собиров аз сӯи вазорати адлияи Тоҷикистон будааст.


Муовини раиси Ҳизби демократи Искандаров афзуд тарафҳо дар мулоқот ба ҳалли қазияи баҳсбарангези ба миён омада дар чаҳорчӯби муқаррароти қонунӣ таъкид намуданд. Владимир Сотиров раҳбари намояндагии СММ дар Тоҷикистон гуфтааст шикояти Ҳизби демократи Искандаров мабнӣ бар шиносоии Ҳизби демократи Собиров тавассути вазорати адлияи Тоҷикистон дастраси ин ниҳод шудааст ва он феълан мавриди омӯзиш қарор дорад.


Дар ҳамин ҳол Валдамир Рокошевский масъули умури сиёсии дафтари СММ дар Тоҷикистон ба радиои Озодӣ гуфт дар назар аст Владимир Сотиров раҳбари дафтари СММ дар Тоҷикистон бо ҳадафи таҳқиқи вазъи ба амал омада ҳамчунин бо Масъуд Собиров раиси Ҳизби демократи Тоҷикистон низ мулоқот анҷом диҳад.
XS
SM
MD
LG