Пайвандҳои дастрасӣ

Бозгашти гуштигирони тоҷик аз Тошканд бо 12 медол


Тими мунтахаби Тоҷикистон дар мусобиқоти қаҳрамонии ҷаҳон дар риштаи гуштии самбо байни устодону собиқадорон дар шаҳри Тошканди Узбакистон 12 медол ба даст овард.

Маҳмуди Абдуллоҳ, дабири куллии Федеросиюни гуштии самбои Тоҷикистон ба Озодӣ гуфт, дар рақобатҳо мувофиқи синну сол ва вазни худ беш аз 200 гуштигир аз 18 кишвари ҷаҳон ширкат доштанд. Вай афзуд: «Тоҷикистонро дар ин мусобиқот 22 нафар паҳлавонони маъруфи кишвар ва се довар намояндагӣ карданд.»

Дар рақобатҳои инфиродӣ паҳлавонони тоҷик Давлатшоҳ Бачабеков дар вазни беш аз 100 кило миёни устодони 40-44-сола ва Муҳаммадшариф Сулаймонов дар вазни 90 кило байни собиқадорони 50-54-сола ба унвони қаҳрамонӣ даст ёфтанд. Ду нафари дигар - Абдусамад Шамсуллоев ва Ҳасан Кенҷаев дар рақобатҳо мувофиқи вазни худ мақоми дуввумро ишғол карда, бо медалҳои нуқра сарфароз гаштанд. Ҳафт гуштигири тоҷик - Ҷумъабой Мирзоев, Сироҷ Ғафуров, Исмоил Исломов, Владимир Рустамов, Икром Ашӯров, Юлдош Юлдошев ва Искандархон Зарифов медалҳои биринҷӣ гирифтанд.

Дар сабқати самбои ҷангӣ Темур Муҳаббатов дар вазни 68 кило бар гуштигирони Инглистону Муғулистон пирӯз гашта, дар рақобати ниҳоӣ аз паҳлавони Русия шикаст хӯрд ва соҳиби медали нуқра шуд.

Бад-ин тартиб тими мунтахаби Тоҷикистон дар ҳисоби дастаӣ пас аз тимҳои Русия ва Узбакистон дар мақоми севвум қарор гирифт.
XS
SM
MD
LG