Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Таъкиди давлатҳои арабӣ ба зарурати ҳалли масъалаи Фаластин


Вазири хориҷаи Амрико Кондолиза Райс, ки бо силсиласафаре дар Ховари Миёна ба сар мебарад, дар мулоқотҳо бо вузарои хориҷаи 8 кишвари арабӣ масоили доғи минтақа, аз ҷумла роҳҳалҳои низоъи байни Исроилу Фаластинро баҳс кардааст.

Давлатҳои арабӣ дар ин мулоқотҳо ба зарурати ҳалли низоъи байни Исроилу Фаластин таъкид кардаанд. Вазири хориҷаи Миср Аҳмад Абӯ Ғайт масъалаи Фаластин як фоҷиъа барои ҳама минтақа унвон кард. вазири хориҷаи Арабистони Саудӣ султон Сауд Ал-Файсал гуфта, ки минтақаи Ховари Миёна шурӯъи ҳамин низоъ ба бесуботӣ кашид. Кондолиза Райс дирӯз дар Ҷидда дар пайи мулоқоташ бо султон Файсал аз ҷумла гуфт: "Масъалаи оҷил дарёфти ҳалли сиёсист, чунки Ҳамос, ки ба таври бояд интихоб шудааст ва мо низ ин интихобро эътироф мекунем, натавонист ба мушкили мардуми фаластинӣ бирасад, чунки қодир ба созиш, аз ҷумла ба созиш бо ҷаҳони араб набуд, чунки роҳ ба сӯи зиндагии хубтар барои фаластиниҳо дар тарҳи харитаи роҳ нуҳуфта аст. Бо ибтикор аз сӯи кишварҳои арабӣ ва бо роҳи ташкили ду давлат."

Бону Райс ба хотири дарёфти пуштибонии давлатҳои арабӣ аз раҳбари ташкилоти худгардони Фаластин Маҳмуд Аббос дар Ховари Миёна ба сар мебарад. Қарор аст, ӯ имрӯз дар Ромуллоҳ бо Маҳмуд Аббос ва дар идомаи сафараш бо сарвазири Исроил Эҳуд Олмерт мулоқот кунад.
XS
SM
MD
LG