Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дидори Сергей Иванов аз Қирғизистон


Вазири дифоъи Русия Сергей Иванов ба хотири анҷоми музокирот вориди Бишкек, пойтахти Қирғизистон шудааст.
Сергей Иванов, ки муовини сарвазири Русия ҳам ҳаст, имрӯз, 4 октябр бо сарвазири Қирғизистон Феликс Қулов ва вазири дифоъи ин кишвар Исмоил Исҳоқов мулоқот мекунад.

Рӯзи панҷшанбе Иванов ва Исҳоқов дар Ӯш дар марҳалаи ниҳоии машқҳои муштараки Русияву Қирғизистон ширкат хоҳанд варзид. Ин машқҳо бо ҷалби 500 сарбози русу қирғиз дар чаҳорчӯби барномаҳои созмони Паймони Амнияти Дастаҷамъӣ сурат мегиранд. Русия дар ҳоли ҳозир дар пойгоҳи Канти Қирғизистон як пойгоҳи ҳавоии худро мустақар кардааст.
XS
SM
MD
LG