Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Раҷаби Мирзо: "Дар ҳамоиш мо танҳо нахоҳем буд"


Раҷаби Мирзо, раҳбари бахши Ҳизби демократи Тоҷикистон аз ҷиноҳи Искандаров дар шаҳри Душанбе дар як сӯҳбати вижа бо Радиои Озодӣ гуфт, нерӯҳои сиёсии дигар низ хоҳиши ширкат ва баргузории як ҳамоиши муштарак бо Ҳизби демократро кардаанд.


Баъд аз қарори Вазорати адлия дар мавриди тағйирот дар ҳайъати раҳбарикунандаи Ҳизби демократи Тоҷикистон ба нафъи ҷиноҳи Масъуд Собиров, созмони шаҳрии демократҳо дар Душанбе аз ҷиноҳи Муҳаммадрӯзӣ Искандаров эълом кард, ки нияти баргузории як ҳамоиши эътирозӣ ба ин қарорро дорад.


Радиои Озодӣ дар сӯҳбате бо Раҷаби Мирзо ин мавзӯъро матраҳ намуд.
XS
SM
MD
LG