Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Раҷаби Мирзо: "Ҳамоиши мо барои ҳимоя аз демократия хоҳад буд"


ки нияти баргузории як ҳамоиши эътирозӣ ба ин қарорро дорад. созмони шаҳрии демократҳо дар Душанбе аз ҷиноҳи Муҳаммадрӯзӣ Искандаров эълом кард

Дар сӯҳбате бо Радиои Озодӣ, аз Раҷаби Мирзо, сарвари бахши Ҳизби демократи Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе аз ҷиноҳи М. Искандаров пурсида шуд, ки оё аллакай аз ҳукумати пойтахт дархости изни баргузории ҳамоишро кардаанд ва ё на?

Дар ҳамон нишасти хабарие, ки мо дирӯз баргузор кардем, намояндагони чанд ҳизби дигар низ ширкат доштанд ва онҳо низ ин даъвати моро қабул карданд. Мо ба ин хулоса омадем, ки ин корро дар якҷоягӣ анҷом диҳем. Он гурӯҳи корие, ки раёсати шаҳрии ҲДТ таъсис додааст, акнун ҳамроҳ бо он нерӯҳои наве, ки ба мо пайвастан мехоҳанд, мо ҳамроҳ аз пайи ин иқдом хоҳем шуд.

Яъне, як дархости дастаҷамъона хоҳад шуд?

Бале, бале.

Оё метавонед мушаххасан аз он аҳзоби дигари сиёсӣ ном баред?

Бубинед, намояндаҳои онҳо низ ҳамин рӯзҳо бояд нишастҳои худашонро барпо кунанд ва ин тасмимро дар миён гузоранд ва баъд аз ин мо метавонем дар ин бора расман ҳарфе гӯем.

Он ҳамоише, ки шумо баргузор кардан мехоҳед, чӣ гуна мешавад онро унвон кард? Намоиши эътирозӣ бар зидди тасмими Вазорати адлия ё чизи дигаре?

Мо як муроҷиатномае ба унвони тоҷикистониёни ватандӯст, нерӯҳои демократии дохилӣ ва хориҷӣ пешниҳод карда будем, баъдан одамони зиёде муроҷиатномаи моро қабул карданд, ва аз ҳамин хотир фикр мекунам, ки даъвати мо ҳам даъвати як ҳамоиш ё гирдиҳамоӣ хоҳад буд, ва дар ҳамин муроҷиатнома ҳам гуфта будем, ки ин танҳо сӯиқасд ба ҲДТ набояд талаққӣ шавад, ин сӯиқасд ба демократия аст, ин сӯиқасд ба авлавияти қонун дар Тоҷикистон мебошад.

Яъне, шумо гуфтан мехоҳед, ки ин ҳамоиш ҳамоише барои ҳимоя аз демократия дар Тоҷикистон хоҳад буд?

Бале, бештар ҳамин, бештар аз ҳамин нуқтаи назар, яъне ҷонибдорӣ аз демократия ва рукнҳои он, ормонҳои он, ҳифзи авлавияти қонун дар Тоҷикистон.

Тахмин зада метавонед, ки дархости шумо кай омода мешаваду ба ҳукумат кай мефиристеду тақрибан чӣ теъдод одам дар он ширкат хоҳад карду дар куҷо онро баргузор хоҳед намуд?

Хуб, албатта сари ин чизҳо мо бояд тасмими якҷоя гирем бо он нерӯҳои наве, ки гуфтам. Фикр мекунам, ки ин як намоиши хеле калон хоҳад шуд дар ҳудуди аз ҳазор нафар зиёдтар.

Ва аммо оё фикр мекунед, ки дар пешорӯи интихобот иҷозаи баргузории чунин як ҳамоиш хоҳед дошт, дар сурате, ки агар чунин иҷозаро дарёфт карда натавонистед, чӣ кор хоҳед кард?

Албатта гурӯҳи кории мо ҳам паҳлӯҳои иҷоза гирифтан ва ҳам паҳлӯҳои иҷоза нагирифтанро таҳлил карда буд, вале ман фикр мекунам, ки имрӯз мақомоти Тоҷикистон набояд сари иҷоза додан ва ё надодан ба ҳамоиши мо фикр кунанд, балки онҳо бояд бештар дар ин бора фикр кунанд, ки чаро қонун, ҳуқуқу озодиҳои мардум помол мешавад, чаро мардумро водор мекунанд, ки ба майдонҳо бирезанд.

Ба ҳар ҳол, тасмимоти қаблие доред, ки дар сурати радди иҷоза чӣ кор хоҳед кард?

Бале, ман гуфтам, ки раёсати шаҳр, он гурӯҳи корие, ки таъсис карда буд, ҳарду тарафи масъаларо таҳлил карда буд ва барои худ хулоса карда буд, ва аммо имрӯз ки тасмими мо як тасмими муштарак аст, фикр мекунам, ки дар якҷоягӣ бо нерӯҳои тозае, ки бо мо пайвастаанд, ин масъаларо ҳаллу фасл хоҳем кард.

Ба ҳар ҳол, ба назари шахсии шумо эҳтимоли кадоме бештар аст: Оё иҷозаро дарёфт хоҳед кард ва ё на? Ёдатон нарафта бошад агар, Ҳизби Наҳзат чанде пеш дар мавриди қазияи Лубнон бо Исроил чунин як ҳамоиш мехост, вале иҷоза дарёфт накарда буд.

Бубинед, мо ҳоло ҳам аз доираи қонун берун рафтанӣ нестем, ва ҳар амале, ки хоҳем кард, дар асоси қонун хоҳад буд, яъне мо қонунро вайрон намекунем, ва он ки қонун аз ҷониби ягон мақомоти дигар агар нақз бишавад, шояд ки бархӯрди мо ҳам вобаста ба он бишавад.

Яъне, агар иҷоза нагирифтед ва шумо ин қарорро нақзи қонун ва ғайриқонунӣ донистед, оё ба додгоҳ муроҷиат хоҳед кард?

Қонунгузорӣ чунин ҳақро додааст, ки дар сурати асоснок карда нашудани радди чунин маъракаҳо метавон аз болои қарори мақомот ба додгоҳ шикоят бурда шавад ва додгоҳ бояд дар давоми се рӯз ба ин қазия равшанӣ андозад.
XS
SM
MD
LG