Пайвандҳои дастрасӣ

Исми дабири кулли ояндаи СММ тақрибан маълум шуд


Куфӣ Анонро дар симати дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид (СММ) аз соли оянда ғолибан Бан Ки Мун, вазири хориҷаи Куриёи Ҷанубӣ иваз хоҳад кард. Дар ҷараёни раъйгирии ғайрирасмии аъзои Шӯрои Амният (ША), Бан Ки Мун аз байни 6 довталаб танҳо нафаре буд, ки ҳеҷ як аз аъзои ин Шӯро рӯи номзадиаш вето нагузоштааст.


Сафири Чин дар СММ Ванг Гуангия дар пайи раъйгирии ША гуфт, мавзеъи ин Шӯро дар мавриди шахси дабири кулли оянда дигар мушаххас шудааст:


"Раъйгирии имрӯза нишон медиҳад, ки Бан Ки Мун номзадест, ки ША ба Маҷмаъи умумӣ пешниҳодаш хоҳад кард."


Сафири Ҷопон дар СММ ва раиси ША дар моҳи ҷорӣ Кензо Ошима гуфт, дигар зарурате барои тадвири раъйгирии ғайрирасмии ҷадид боқӣ намемонад. Сафири Амрико Ҷон Болтон гуфт:


"Мо ба вазири хориҷа Бан эҳтироми зиёд дорем. Мо ӯро аз даврони хидматан дар Вошингтон ва дар ин ҷо дар Ню-Йорк хуб медонем ва ба шахсият ва ҳирфаияташ эътиқоди хеле зиёд дорем."


ША аз моҳи июл ба ин сӯ бори чорум буд, ки ба хотири интихоби дабири кулли ояндаи СММ ташкили раъйгирӣ мекунад. Бан Ки Мун 62 сол дошта, ба хусус аз сӯи Амрикову Чин ва Бритониё пуштибонӣ мешуд. Ӯ дар даври чоруми раъйгирӣ бар 6 номзади дигар, аз ҷумла бар Шаши Зарур, намояндаи Ҳинд ва ноиби дабири кулли СММ ва бар Вейра Вике Фрайберга, раисиҷумҳури кунунии Латвия баранда шуд.


Маъмурияти Куфӣ Анон ба ҳайси дабири кулли СММ дар таърихи 31 январи соли 2007 ба поён мерасад.
XS
SM
MD
LG