Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Буҳрони ҲДТ: Назари Вазорати адлия ва раёсати ҳизб


Оё қарори Вазорати адлияи Тоҷикистон дар робита ба Ҳизби демокарати Тоҷикистон то куҷо пояи қонунӣ дорад? Барои муайян кардани ин масъала бо сарвари раёсати сабтиноми гурӯҳҳои иҷтимоӣ дар Вазорати адлияи Тоҷикистон Давлат Сулаймонов ҳамсуҳбат шудем.

ДС: Вақте ки дар дохили ҳамин ҳизб як ҳизб бо номи "Ватан" ташкил дода шуд, мувофиқи оинномашон ин кори дохили ҳизби буд. Онҳо ба раёсати марказии ҳизби демократии Тоҷикистон ки иҷрокунандаи вазифаи раис Ҷумъабой Ниёзов мебошад муроҷиат кардам, онҳо муроҷиати онҳоро мисли як фраксия ба назар нагирифтанд. Агар даҳ дар сади аъзои ҳизби демократи Тоҷикистон агар ҷонибдории гузаронидани анҷумани ғайри давлатиро дастгири кунанд, метавонанд, ки анҷумани худашонро гузаронанд. 27 августи соли 2006 онҳо анҷумани ғайри навбатии ҳизбро даъват карданд, дар ҳамонҷо яке аз масалаҳояшон интихоботи раис буд, ҳаминҷо Масъуд Собиров ба ҳайси раиси ҳизби демократи Тоҷикистон интихоб шуд. 17 сентябри соли 2006 дар ҳамон анҷумани, ки дар ақиб монда будан, гузаронданд ки масалаи гузоштани номзад ба раёсати ҷумҳури Тоҷикистон барраси кунанд. Вазорати адлияи Тоҷикистон ҳуҷҷатҳои пешниҳодкардаи Масъуд Собиров, омухта ва ба хулоса омад, ки талаботи оинномаро ба ҷо овардааст, ва вазорати адлия ҳамчун гуруҳи Масъуд Собировро бо раҳбарии Собиров ҳамчун дар ҳизби демократи Тоҷикистон руйхате, ки аз 6 сентябри соли 2006 мо пешниҳод карда будем, ки бо сарварии Муҳамадрӯзӣ Искандаров буданд ба ҳамин руйхат мо илова рӯзи 29 вазорати адлия гуруҳи Масъуд Собировро ҳамчунин ҳизби демократи Тоҷикистон дар ҳамин интихоби раиси ҷумҳур пешниҳод кардем.

РО. Пас дар чунин ҳол кадом яке аз ин дугуруҳ қонуни вуҷуд дорад кадоме ғайриқонунӣ?

ДС: Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳизби демократии бо раҳбарии Масъуд Собиров шинохт. Ҷонибдорони Ҷумъабой Ниёзов метавонанд бо инҳо ҳамроҳ шаванд, ин кори дохилии ҳамон ҳизбаст. Ин дар байни худашон ҳал мешавад.

РО. Дар нишасти матбуотии раҳбари ситоди ҳизби демократ Раҳматулло Валиев таъкид шуд, ки гуруҳи зери раҳбарии Масъуд Собиров бо кумак аз боло сабти ном шудааст. Дар ин бора шумо чӣ мегуед?

ДС: Ягон мақомот фишор наовардааст, инҷо фақат хулосаи вазорати адлия аст. Мо кормандони вазорат дар инҷо 10 фоиза санҷидем, инҷо руйхати ҳамон 10 дар сад пешниҳод шудааст. Аз рӯзи 27 ки ба мо пешниҳод карданд мо ҳаминро санҷидем дар ҷойҳо.

РО. Яъне метавон гуфт, ки имрӯз ҳар ду гурӯҳ қонуни вуҷуд доран ва ҳар дӯ метавонанд аз номи ҳизби демократ сухан гуянд?

ДС: Инҷо ҳамон ҳизби Масъуд Собиров дар дохили худашон, ки ба инҳо қуш мешавад, ки аз инҳо меравад вазорати адлия дахолат намекунад ба ин корҳошон. Мо фақат ҷиҳати қонунӣ талаботи оиннома чизе бошад ҳамона санҷида мо хулосаи худмона пешниҳод кардем.

РО. Ва ҳамчунин вазорати адлия Табаралӣ Зиёевро ба курсии раёсати ҷумҳурӣ эътироф кардааст?

ДС: Бале, вай дар як анҷумане ки рӯзи 17 сентябр гузашт пешниҳод кардааст ба раиси ҷумҳур. Вақте, ки вазорати адлия бо сарварии Масъуд Собировро эътироф кард вай алакай аз ҳизби демократи Тоҷикистон ба марказӣ райпурсии интъихобот пешниҳод шудагиаст.

Дар як суҳбати хос бо радиёи Озодӣ аз Душанбе Ҷумъабой Ниёзов шахсе, ки дар набудани Муҳамадрӯзӣ Искандаров раҳбари ҳизби демократро бар дӯш дорад дар бораи гуфтаҳои корманди вазорати адлия чунин тавзеҳ дод.

ҶН: Ман ба ҷаноби Давлат Сулаймонов гуфтанӣ ҳастам, ки як бори дигар оинномаи ҳизби демократи Тоҷикистонро гирифта хуб бихонанд. Дар онҷо гуфта шудааст, ки 10 дарсади аъзоён ташаббускори даъвати анҷуман мешаванд. На ин ки ҳуқуқи даъват карданро доранд ва онҳо бояд даҳ фоиз имзо ҷамъ биёранд ва ба раёсат муроҷиат кунанд, ки анҷуманро даъват кунад. Танҳо раёсати марказӣ ҳуқуқ дорад, ки анҷуманро даъват кунад, рӯзи анҷуманро муайян кунад ва меъёри вакилонро аз аъзоҳои ҳизб муайян намояд.

РО. Вале онҳо мегӯянд ки раёсати ҳизб нодида гирифт дархости даҳ дар сади ҳизбро?

ҶН: Ин нодуруст аст, чун вақте ки мо ҳуҷҷатҳои онҳоро гирифтем, мо тафтиш кардем, ки дар онҷо иштибоҳи зиёд аст. Аз ин лиҳоз мо ба вазорати адлия муроҷиат кардем, ки он чи ки онҳо иқдом гирифтаанд барои гузарониданӣ ин анҷуман нодуруст мебошад. Лекин мо даъвати раёсати марказиро ба 2 сентябр гузошта будем, ки яъне баъди эълон шудани рӯзи интихобот, мо бояд раёсатро даъват мекардем ва вақти анҷумани навбатиро муаян карда даъват мекардем. Ин танҳо салоҳияти раёсат буд, чи тавре ки мо кардем, лекин он гӯруҳ пеш аз он ки мо иқдоми гузаронидани раёсат ва даъватӣ анҷуманро кунем, онҳо анҷумани худашонро дар рӯзи 27 август гузарониданд.

РО. Дар ибтидои моҳи сентябр вазорати адлияи ибтидо аз мавқеъи шумо дастгири намуд ва гуфт, ки пайравони Маҳмадрӯзӣ Искандаров намояндагони ҳизби демократии Тоҷикистон ҳастанд, вале баъд аз он ки ҳизб аз ширкат дар интихобот худдори намуд ва интихоботро байкот кард, вазорати адлия мавқеъашро таъғир дод. Оё фикр намекунед ки иқдомҳои вазорати адлия бо иқдоми худи ҳизби шумо марбут аст?

ҶН: Бале, ман имруз дар як нишасти матбуотие, ки дар хонаи ҳизби мо гузашт чунин фикрҳо баён кардам, ки ин иқдоми вазорати адлия вокунише буд ба он мавқеъгирии анҷумани 9 ҳизби демократи Тоҷикистон чун, ки то мавқеъгирии анҷуман ҳеч гап набуд, онҳо чандин маротиба гуфта буданд ва таъкид карда буданд ва Муҳибулло Додоҷонов, ки дар Комисиони марказии интихоботӣ мебошад гуфта буд, ки дар рӯйхати мо ки вазорати адлия рӯзи 6 моҳи сентябр додааст, Ҳизби демократи Тоҷикистон зери роҳбарии оқои Искандаров қайд шудааст.
XS
SM
MD
LG