Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Гурҷистон афсарони русро ба САҲА таслим кард


Михаил Саакашвилӣ, раисиҷумҳури Гурҷистон, дар нишасти матбуотии муштарак бо раиси даврии Созмони амният ва ҳамкории Аврупо) САҲА, вазири умури хориҷии Белгия Карел де Гухт, ин амалро як паём ба Русия номид. Вай гуфт:


"Мо парвандаҳои бисёр асоснок дорем. Ин як парвандаи амиқи ҷосусӣ, тахрибкорӣ ва кӯшиши ноамн кардани кишвари ман аст. Бо далелу санад ва исботи ҳуқуқӣ."


Ҳабси ин афсарони артиши Русия дар ҳафтаи гузашта, ки Тифлис онҳоро ба ҷосусӣ алайҳи Гурҷистон айбдор мекунад, сабаби бӯҳрони дипломатӣ миёни ду кишвар шудааст.


Дар ин байн Русия гуфт, бо сабаби боздошти афарсонаш, ҳама гуна равобити нақлиётӣ ва мухобиротиро бо Гурҷистон қатъ мекунад. Раиси Думаи давлатии Русия Борис Гризлов дар Маскав ба хабарнигорон гуфт:


"Аъмоли душманонае, ки режими Саакашвилӣ дар баробари Русия дар пеш гирифтааст, амалан, аз гузариш ба сиёсати терроризми давлатӣ шаҳодат медиҳад. Ба фикрам, режими Саакашвилӣ ҳама корро мекунад, то вуруди зудтари кишварашро ба НАТО таъмин намояд."


Дар нишасти хабарии имрӯза дар Тифлис раиси даврии САҲА Карел де Гухт чунин гуфт:


"Ман сипос мегузорам ба президенти Гурҷистон барои иродаи некаш, ки пешниҳоди созмони моро дар ҳалли мушкил пазируфт, ва ман умедворам, ин амал шиддатро коҳиш хоҳад дод. Ман ҳамчунин рӯшод аз тарафи Русия низ даъват дорам ба ҳамин тарз посух диҳад, ба шевае ки шиддатро ба зудӣ поин оварад."


Дирӯз президенти Русия Владимир Путин низ Гурҷистонро ба талошҳои хасмонаи зидди Русия айбдор кард ва сарони Тифлисро ба қотили поккориҳои сталинӣ, Лаврентий Берия, ки низ гурҷӣ буд, монанд кард. Раисиҷумҳури Гурҷистон Михел Саакашвилӣ дар посух ба ин суханони раҳбари Русия гуфт:


"Гурҷиҳо буданд, ки аз поккориҳои Сталин азийят диданд. Ҳоло президент Путин, мешунавам, ки мегӯяд, фурӯпошии Иттиҳоди Шӯравӣ бузугтарин фоҷиаи қарни бист буд. Аммо ин хушбахттарин рӯзи ҳаёти ман буд ва ин ҳам чизест, ки мо ҳамфикри ӯ буда наметавонем. Ҳамчунин ба ҳама гуна пайванде миёни мо ва мероси сталинии навъи КГБ."


Хабаргузориҳои русӣ мегӯянд, ҷумҳурии ҷудоиталаби Абхазистон низ гуфтааст, ҳамаи равобиташро бо Тифлис қатъ ва хуруҷи нирӯҳои гурҷиро аз дараи Кондор талаб мекунад.
XS
SM
MD
LG