Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

"Регар" ТадАЗ ва "ХИМА" ба бозии ниҳоӣ роҳ ёфтанд


Тимҳои футболи «Регар» ТадАЗ-и Турсунзода ва «ХИМА»-и Душанбе ба бозии ниҳоии Ҷоми футболи Тоҷикистон-2006 роҳ ёфтанд.

«Регар» ТадАЗ дар бозии ҷавобии ниманиҳоӣ дар меҳмонӣ аз тими «Парвоз»-и Бобоҷон Ғафуров бо натиҷаи 0 бар 2 шикаст хӯрд. Юсуф Рабиев дар дақиқаи 18-ум ҳисобро боз кард. Голи дуввумро Нӯъмонҷон Ҳакимов дар дақиқаи 75-ум аз ҷаримаи 11-метра ба ҳадаф расонд. Вале бозии аввал бо натиҷаи 3 бар 0 ба нафъи «Регар» ТадАЗ хотима ёфтааст, бинобар ин футболбозони шаҳри Турсунзода ба бозии ниҳоӣ роҳхат гирифтанд.
«ХИМА» бозии ҷавобии ниманиҳоиро дар сафар бо «Вахш»-и Қӯрғонтеппа бо натиҷаи мусовии 1 бар 1 анҷом дод. Голҳоро Абдуқаюм Қаробоев, бозигари «Вахш» дар дақиқаи 23-юм ва Шӯҳрат Ҷабборов, ҳамлагари «ХИМА» дар дақиқаи 75-ум ба самар расонданд. Бозии аввали ин дастаҳо дар шаҳри Душанбе бо натиҷаи 2 бар 1 ба суди «ХИМА» ба поён расидааст.

Бад-ин тартиб дар бозии ниҳоии Ҷоми футболи Тоҷикистон рӯзи панҷшанбеи 5 октябр дар варзишгоҳи марказии шаҳри Душанбе «ХИМА»-и Душанбе ва «Регар» ТадАЗ- и Турсунзода рақобат хоҳанд кард.
XS
SM
MD
LG