Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Нахустин мусоҳибаи Ораш бо расонаи тоҷикӣ баъд аз сафараш ба Тоҷикистон


Суҳбати Хиромон Бақозода Ораш, баъд аз анҷоми сафари нахустинаш ба Тоҷикистон чӣ таассурот дошт? Оё фикраш дар мавриди бенизомиҳои мухлисонаш чист? Дар Тоҷикистон чӣ ба ӯ писанд омад ва чӣ писанд наомад? Ҳоло сари чӣ нақшаҳое кор мекунад? Ба ин ва суолҳои дигари Хиромн Ораш аз Амрико, ки бо як сафари дигар он ҷо қарор дорад, посух гуфт. Ва аммо суоли нахуст он буд, ки чаро барномаи нахустинаш дар Душанбе ба таъхир монда шуд?

Вақте ман вориди Душанбе шудам, ба ман хабар доданд, ки имшаб шумо шоу доред, вале қарор буд, шоуи ман фардо бошад ва ман ҳам дӯст доштам, ки пештар шавад шоуи ман барои тоҷикони азиз, вале навозандаҳоям ҳамроҳам набуданд, ва қарор буд, рӯзи баъдаш оянд ва ҳамин гуна имкон нашуд, ин шоуро иҷро бикунам.
Ман рафтам стадиум ва дидам, ки мардум чӣ ишқе ба ман доштанд, чӣ меҳмоннавозӣ ва ман барошон гуфтам, ки ман наметавонам имрӯз барнома иҷро бикунам ва ман дӯст доштам, ки ҳамон рӯз ҳам барояшон барнома иҷро кунам вале навозандаҳоям набуданд ва аз ин рӯ барномаро гузоштем барои фардо, дувоздаҳи зӯҳр. Фардо, соати 12 барнома доштем, стадиум пур буд.

Як сафаре буд, ки ҳеҷ вақт аз ёдам намеравад, як сафари хубу ширине буд.

Ораш, назари шумо ба он бенизомиҳое, ки дар Душанбе рух дод, чӣ аст?

Валлоҳ, ки ман дар меҳмонхона будам ва худам чизе надидам бо чашми худам. Вале хуб, ин иттифоқе, ки афтод, нороҳат шудам, аз ин мавзӯъ хушҳол нестам ва саъй мекунам, бештар баргардам Тоҷикистон. Дафъаи дигар ҳатман, ки падару модарамро бо худ биёрам.
Ва аммо мардум аз ман хеле истиқболи гарм карданд, Хуб, тоҷикҳо ҳамзабони мананд, забони манро мефаҳманд, ва вақте вориди Тоҷикистон шудам як эҳсоси дигар дар ман пайдо шуд.
Меравам Юнон, меравам Русия, Олмон, Утриш, Словакия ва дигар кишварҳо, ки ҳама бузурганд, вале ҳамзабони ман нестанд ва вақте вориди як ҷое мешавӣ, ки ҳама ҳамзабони туянд, ....эҳсосе дар дили ман буд, ки гӯё вориди Ирон шудам.


Ташаккур, ва оё имкон ёфтед, ки бо ҳунармандон, бо овозхонони маҳаллӣ робита барқарор кунед?

Ман ба ҳамаи хонандаҳо хеле эҳтиром дорам ва хеле алоқа дорам, ки сурудҳои ҷадидро гӯш бидиҳам, ва агар коре бошад, ки ман хушам ояд ва тавонам, ки кӯмак бикунам, чаро на?

Аммо бо касе робитаи ҳирфаӣ барпо накардед дар он ҷо?

Мутаассифона, ҳанӯз на. Вақти зиёд надоштам ва аз овозхонҳои тоҷик мутаассифона он қадар зиёд маълумот надорам ва намедонам ва барои ҳамин ҳанӯз робитае пайдо накардам.

Ораш, агар дафъаи дигар барои Тоҷикистон барномарезӣ кунед, кадом камбудиҳо, кадом норасоиҳо ба назари шумо бояд ҳалли худро биёбанд?

Як зарра чизе, ки розӣ набудам ин ки барномарезӣ зиёд дуруст набуд, васоили мусиқие, ки мехостем, ҳамааш он ҷо набуд ва масалан, дар Кӯлоб мардум ворид шуда буданд вале саҳнаро ҳанӯз дуруст накарда буданд, васоили мусиқӣ дуруст нашуда буд. Мо он рӯз ду барнома доштем, яке дар Душанбе соати дувоздаҳи зӯҳр ва дигаре дар Кӯлоб шаши бегоҳ ва мо бо мошин рафтем Кӯлоб ва ин яке аз далоиле буд, ки бояд васоил омода мешуд ва аммо васоил омода набуд. Дӯст дорам, барномарезӣ беҳтар бошад дафъаи дигар, вале хеле одамҳои хуб, ки буданд ва ба ман хеле муҳаббат карданд.

Шароити меҳмонхонаву инҳо чӣ?

Ҷойе, ки будем, ҷойи хеле хубе буд, ғизоҳои шуморо хеле дӯст доштам,

Кадом ғизо?

Як супе буд, исмаш ёдам рафтааст...

Чӣ дошт дар дарунаш?

Мисли макарон буд ва гӯшт дошт...

Лағмон!

Лағмон, бале, хеле дӯст доштам, ҳар рӯз мехӯрдам,

Хеле хуб, Ораш, ҳоло, ки дар Амрико қарор доред, чӣ барнома доред дар он ҷо?

Бале, ман фардо дар Вашингтон барнома дорам, пасфардо дар Торонто, рӯзи баъдаш дар Ванкувер. Яъне як барнома дар Амрико ва дутои дигар дар Конодо, Ва баъд бармегардам ва ҳоло дорам рӯи албоми ҷадидам кор мекунам ва баъд меравам боз пайи дигар барномаҳо.

Яъне дар Амрикову Канада он таронаҳоеро иҷро мекунед, ки мухлисони тоҷики шумо ҳам мешиносанд онҳоро?

Бале, бале, ман овозхони ҷадидам ва ҳоло зиёд оҳанг надорам ва умедворам, солҳои зиёд кор бикунам, Як албом дорам ва саъй дорам, ки бештар оҳанг дуруст бикунам барои онҳое ки маро дӯст медоранд.

Ораш, танҳо як суоли дигар, ва дигар музоҳиматон намешавам, дар ин солҳои фаъолияти ҳунариятон, дар ин се - чор сол чӣ дарси муҳимми ҳунарӣ бароятон гирифтед?

Аз ин солҳо дарсҳои хеле хубе гирифтам, ин ки хеле мусофират кардам аз фарҳангҳои мухталиф ёд гирифтам, инро фаҳмидам, ки арзиши зиндагӣ бештар аз ин мушкилоти кӯчак аст ва саъй мекунам, ҳамон Ораше ки ҳамеша будам, ҳамон бошам, ва ҳеҷ вақт иваз нашавам.

Ташаккури зиёд Ораш, дасти шумо дард накунад ва умедворем, ки ҳамеша дар тамос бошем,

Қурбони шумо, мехоҳам ташаккур бигӯям ба ҳамаи тоҷикони азиз ва умедворам, ҳарчӣ зудтар дар канори шумо бошам, шуморо бибинам ва бештар баротон барнома иҷро бикунам.
XS
SM
MD
LG