Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

М.Назриев номзадиашро аз интихобот фаро хонд


Мирҳусайн Назриев, раиси яке аз ду ҷиноҳи Ҳизби сотсиалисти Тоҷикистон (ҲС) гуфтааст, ҷиноҳи ӯ низ ба иллати фишори мақомот ба аҳзоби дигари мухолифин пайваста, дар интихоботи моҳи ноябр ширкат нахоҳад кард.


Ин ҷиноҳ ҳамин тавр номзадии Назриевро аз интихобот фаро хондааст. Ин дар ҳолест, ки ҷиноҳи дигари ҲС ба раҳбарии Абдуҳалим Ғаффоров, ки вазорати адлия расман эътирофаш кардааст, номзадии оқои Ғаффоровро ба интихоботи раёсати ҷумҳурӣ пешбарӣ кард. Мирҳусайн Назриев мегӯяд, ин ҷиноҳро дар соли 2004 мақомот таъсис додаанд. Як иллати дигари хориҷ шудани Назриев ва тарафдоронаш аз маъракаҳои интихоботӣ, ба гуфтаи оқои Назриев, нокомии тафтишот дар амри таҳқиқи парвандаи қатли раҳбари пешини ҲС Сафаралӣ Кенҷаев будааст.


Сафаралӣ Кенҷаев соли 1999 аз рақибони эҳтимолии Эмомалӣ Раҳмонов дар интихоботи қаблии раёсати ҷумҳурӣ арзёбӣ мешуд, вале дар моҳи марти ҳамон сол, 8 моҳ пеш аз интихобот дар натиҷаи як сӯиқасд дар шаҳри Душанбе кушта шуд.


Ба ҷуз аз ҷиноҳи ҲС таҳти раҳбарии Мирҳусайн Назриев то кунун 2 ташаккули дигари мухолифин ҳизби демократи Муҳаммадрӯзӣ Искандаров ва ҳизби сотсила-демократ (раҳбараш Раҳматуллоҳ Зоиров) аз ширкат дар интихоботи моҳи ноябр даст кашиданд. Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон, яке дигар аз ташаккулҳои умдаи мухолифин аз пешбарии номзади мустақили худ ба ин интихобот худдорӣ варзид, вале гуфт, ҳаққи интихоби мавзеъгириро дар мавриди ширкат кардан ва ё накардан дар ин маъракаи сиёсиро ба худи аъзои ҳизб вогузор мекунад.


То кунун 6 номзад ба интихоботи раёсатҷумҳурии Тоҷикистон пешбарӣ шудаанд: Эмомалӣ Раҳмонов аз ҳизби ҳокими халқӣ-демократӣ, Амир Қароқӯлов аз ҳизби кишоварзӣ, Олим Бобоев - аз ҳизби ислоҳоти иқтисодӣ, Абдуҳалим Ғаффоров аз ҷиноҳи расман сабтиномшудаи ҳизби сотсиалист ва Табаралӣ Зиёев аз ҷиноҳи ахиран ба таври расмӣ аз сӯи вазорати адлия эътирофшудаи ҳизби демократ.
XS
SM
MD
LG