Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Р. Валиев: "Ҳаргиз ба Масъуд Собиров нахоҳем пайваст"


РВ: Садорати Ҳизби Демократи Тоҷикистон ба чунин қарор омад, ки хитоб ба ба раисиҷумҳурии кишвар, дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид, намояндаи СММ дар Тоҷикистон, раиси Созмони Амният ва Ҳамкории Урупо, намояндагии он дар Душанбе, нозирони интихоботии ин созмон ва кишварҳои мустақилли ҳамсуд ва ҳамаи сафирони хориҷии муқими Тоҷикистон баёнияеро тасвиб кунад. Ҳамчунин як нома ба вазорати адлияи Тоҷикистон, ки асоси қонунии амали ин вазоратхонаро ба Ҳизби Демократи Тоҷикистон тавзеҳ диҳад. Ва як изҳороти куллӣ ба мардуми шарифи Тоҷикистон. Ҳамчунин ба ҳамаи созмонҳои шаҳрию ноҳияию вилоятии ҲДТ супориш дода шуд, ки ба зудӣ мавзеъи худро дар мавриди амали вазорати адлия маълум кунанд. Рӯзи 28 октябр ҷаласаи раёсати ҲДТ фаро хонда шудааст.

РО: Вале Масъуд Собиров дар гуфтугӯи ахираш бо Озодӣ пешниҳоди эътилоф кард ва гуфт, ки ҳаводорони Муҳаммадрӯзӣ Искандаров ҳам метавонанд ба гурӯҳи вай бипайванданд. Посухи шумо ба ин пешниҳод чист?

РВ: Ҳаргиз чунин нахоҳад шуд. Зеро ин гурӯҳ ба таври ғайриқонунӣ анҷуман доир кардааст ва ин гурӯҳро мо ба расмият намешиносем. Ҳизби Демкорати Тоҷикистон ҳамоиши худро рӯзи 24 сентябр баргузор кард ва мавзеъи худро дар мавриди интихоботи раёсати ҷумҳурӣ маълум намуд.

РО: Ду сол пеш шоҳиди рӯйдоди дигаре будем, ки хеле бешабоҳат ба сарнавишти феълии Ҳизби Демократ нест. Он иттифоқ бо Ҳизби Сотсиалисти Тоҷикистон уфтод ва он ҳизб ду пора шуд ва саранҷом Ҳизби Сотсиалист ба раҳбарии Мирҳусейн Назриев сабти ном нашуд ва ҳизби Абдулҳалим Ғаффоров ба расмият шинохта шуд ва акнун номзадиашро ба мақоми раёсати ҷумҳурӣ пешбарӣ кардааст. Шумо оё фикр намекунед, ки ин талошҳои шумо бо ҳамон бунбасте мувоҷеҳ хоҳад шуд, ки талошҳои Мирҳусейн Назриев бо он рӯбарӯ шуд?

РВ: Бале, мумкин аст ба ин ҳам анҷом ёбад. Лекин Ҳизби Демократи Тоҷикистон бори дигар ба тамоми мардуми ҷаҳон ва Тоҷикистон мефаҳмонад, ки Тоҷикистон дар ҳоли ҳаракат ба сӯи ҷомеъаи маданӣ ва демукротик нест, балки ба сӯи ҷомеъаи тоталитарӣ қадам мегузорад. Фикр мекунам, ки Ҳизби Демкорат Ҳизби Сотсиалист нест ва иқдомоти баъдиашро анҷом хоҳад дод. Ин ки мавзеъи ҲДТ ба раҳбарии Тоҷикистон писанд намеояд, ба маънии он нест, ки ҳар он чи онҳо мехоҳанд, бояд анҷом бигирад. Фикр мекунам, ки ин амали вазорати адлия бори дигар нишон дод, ки дар Тоҷикистон қонунҳо нақз мешавад.

РО: Вале вазорати адлияи Тоҷикистон ин корро то замоне накард, ки ҳизби шумо интихоботро таҳрим кард. Оё фикр намекунед, ки салоҳи кори шумо дар ширкат дар интихобот буд, то ба унвони Ҳизби Демократ матраҳ бимонед ва Масъуд Собиров ба унвони раҳбар шинохта нашавад?

РВ: Бале, мо инро медонистем, ки агар интихобот аз сӯи ҲДТ таҳрим шавад, мумкин аст бо чизе рӯбарӯ шавем, ки имрӯз шудем. Вале Ҳизби Демократи Тоҷикистон аз мавзеъе, ки 16 сол пеш иттихоз карда буд, яъне мавзеъи тарафдорӣ аз ҳақиқат ва мухолифат бо нақзи қонун, даст накашидааст. Агарчи медонист, ки бо қабули як чунин тасмиме ба ин ҳолат дучор хоҳад шуд. Имрӯз ҲДТ аз қарори Анҷуман пушаймон нест ва то ҳол муътақид аст, ки ин қарор дуруст буд.

РО: Чӣ тавр? Ҳатто баъд аз он чи иттифоқ уфтод, шумо боз ҳам мегӯед, ки он тасмим дуруст буд? Оё фикр намекунед, ки он як тасмим барои худкушии ҳизб буд?

РВ: Бале, фикр мекунам, ки Ҳизби Демократ бо он қарор худкушӣ накардааст ва пирӯз хоҳад шуд. Ба фикри ман, он як тасмими торихӣ буд. Агарчи ҳизб метавонист дар интихобот ширкат кунад, аммо он қарор барои як созиш буд. Албатта, дар сиёсат созиш ҳам ҳаст. Лекин ҲДТ аз усули худ даст накашид.

РО: Шумо чанд дарсад итминон доред, ки талошҳои шумо ба натиҷаи мусбат (барои шумо) хоҳад расид?

РВ: Ман беш аз 50 дарсад бовар дорам, ки талошҳои ҲДТ ба муваффақият ноил хоҳад шуд ва Ҳизби Демократи Тоҷикистон ба раҳбарии Муҳаммадрӯзӣ Искандаров, шиносоӣ шудааст. Ҳамаи созмонҳои байналмилалӣ ва сафоратҳои муқими Тоҷикистон ин чизро ба хубӣ дарк мекунанд, ки дар Тоҷикистон чӣ мегузарад.

РО: Пештар мегуфтед, ки Тоҷикистон рӯ ба худкомагӣ (тоталитаризм) аст ва ҳоло мегӯед, ки беш аз 50 дарсад ба ҳалли мушкилатон умедвор ҳастед. Дар ин сурат шумо ҳанӯз бар ин боваред, ки дар Тоҷикистон бархе аз мавозини демукросӣ вуҷуд дорад?

РВ: Ман ба имконоти дохилии худи Тоҷикистон на, балки ба имконоти созмонҳои байналмилалӣ, ба монанди Созмони Милали Муттаҳид, Созмони Амният ва Ҳамкории Урупо ва дигар созмонҳое, ки Тоҷикистон дар он ҷо таъаҳҳудоте дорад, бовар дорам.

РО: Вале ахиран дар мусоҳибае, ки бо Владимир Сотиров, раиси намояндагии СММ дар Тоҷикистон доштем, аз ӯ шунидем, ки бархе аз завоҳири демукросиро дар Тоҷикистон мушоҳида мекунад. Чунки мебинад, ки номзадҳо пешбарӣ мешаванд ва дар демукросии Тоҷикистон ҳич мушкили ҷиддие намебинад. Дар чунин сурат шумо боз ҳам умедвор ҳастед, ки аз Созмони Милал ё дигар созмонҳои байнулмилалӣ кумак бигиред?

РВ: Вақте ки мо ба худи Куфӣ Аннон, дабири кулли СММ ва марказҳои байнулмилалӣ ва мустақар дар Тоҷикистон муроҷеъат мекунем, фикр мекунам, ки натиҷае ба даст хоҳем овард.
XS
SM
MD
LG