Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

М. Назриев: "Интихоботи оянда номашрӯъ аст"


МН: Бале ман номзадии худро боз хондам.

РО: Вале мешавад лутфан бифармоед, ки оё дар вазорати адлияи Тоҷикистон Ҳизби Сотсиалисти шумо сабти ном шудааст ё Ҳизби Сотсиалисти оқои Ғаффоров?

МН: Гап дар сари он аст, ки замоне ки соли 2004 мо ба эътилоф шомил шудем ва Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар майдон якка монд, раҳбарии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон бо дастгирии моддиву маънавӣ ин гурӯҳро ба таври ғайриқонунӣ дар вазорати адлия бо ишоратҳои боло сабти ном кард.

РО: Дар ин сурат онҳо сабти номи расмӣ доранд ва шумо сабти номи расмӣ надоред?

МН: Айни ҳол ҳамин тавр аст, вале ба наздики мо ба Додгоҳи Олии раёсати ҷумҳурии Тоҷикистон муроҷеъат карда будем ва Додгоҳи Олӣ аз вазорати адлия он маводдеро, ки бар асоси он оқои Ғаффоровро раиси ҳизб эълон кардааст, дастрас намуд.

РО: Вале фикр намекунед ки чун шумо аз номзадии худ даст мекашед ва аз интихобот канор меравед ё ҳатто шояд интихоботро таҳрим мекунед... Аслан шумо итихоботро таҳрим мекунед?

МН: Мо интихоботро ғайриқонунӣ ва ғайримашруъ эълом медорем.

РО: Вале ин ба чӣ маънист? Яъне шумо ширкат нахоҳед дошт ва онро ғайриқонунӣ ва ғайримашрӯъ медонед, яъне таҳрим мекунед?

МН: Яъне шахсан мо дар интихобот ширкат нахоҳем кард.

РО: Яъне манзур ин аст, ки шумо онро таҳрим мекунед, дуруст аст?

МН: Бале, Ин мавзеьгирие, ки мо кардем, аз таҳрим ҳам ҷиддитар аст. Мо ҳам ширкат намекунем ва натиҷаи ин интихоботро ҳам эътироф намекунем ва ғайриқонунӣ ҳисоб мекунем.

РО: Вале шумо фикр намекунед, ки рақиби шумо Абдулҳалим Ғаффоров дар ин набард пирӯз омад? Барои ин ки бар ҳол ӯ номзадиашро матраҳ кард ва дар сурати сабти ном шудан то андозае дар миёни авом ба унвони намояндаи сотсиалистҳо матраҳ хоҳад шуд ва аз шумо номе нахоҳад буд дар ин миён, на? Оё шумо иштибоҳ накардед?

МН: Мо иштибоҳ накардем ва се моҳ қабл дар тамоми созмонҳои Ҳизби Сотсиалистии Тоҷикистон ба раисони созмонҳо дар ҳама ҷой дар тамос будем, оқои Ғафоров ҳамагӣ панҷ ё ҳафт нафар ҷонибдор дораду халос. Фақат пуштибони онҳо ҳоло ҳукумати Тоҷикистон аст. Ва онҳо бо истифода аз ҳамин мехоҳанд ба корҳои дохилии ҳизб таъсир расонанд, вале ин бефоида аст.

РО: Оё метавон чунин ҳадс зад, ки далели даст кашидани шумо аз номзадиатон яке аз тақозоҳои Кумисиюни Марказии Интихобот буд, ки хеле сахт аст: ҷамъоварии 160 ҳазор имзо. Эҳтимолан шумо мутмаин набудед, ки аз паси ин кор бар хоҳед омад?

МН: Ин пеш аз ҳама худи қонуншиканиҳои мақомоти расмӣ аст, ки онҳо ба ягон даъвои мо, ки аз соли 1999 аз замони қатли оқои Кенҷаев то кунун таваҷҷуҳ накарданд ва ҳамаи он шикоятҳое, ки мо кардем, то имрӯз беҷавоб мондааст.

РО: Вале, оқои Назриев, шумо ба чизе, ки ман гуфтам, таваҷуҳ кардед? Яке аз тақозоҳои Кумисиюни Марказии Интихобот ҷамъоварии 160 ҳазор имзост, ки барои хелеҳо дар Тоҷикистон кори содае нест. Шояд ин яке аз ангезаҳое пас гирифтани номзадиатон буд ё на?

МН: На, умуман мо барои ҷамъ кардани имзоҳо замина доштем ва дар ҳама ҷо афроде ҳам доштем. Дар ноҳияҳо ва ҳатто дар деҳҳо барои ҷамъ кардани имзо омода буданд. Вале чун мавзеъгирии худи мақомоти расмӣ чунин аст, мо тасмим гирифтем, ки хуб аст, ки дар шароити феълӣ ба хотири манфиъатҳои умумии миллии мо ин интихоботро ғайриқонунӣ бидонем.
XS
SM
MD
LG