Пайвандҳои дастрасӣ

Ду ҷоиза барои филми «Овора»


Олмотӣ Дар севвумин ҷашнвораи байнулмилалии синемои кишварҳои Уруосиё филми Гуландом Муҳаббатова - коргардони шинохтаи тоҷик бо номи «Овора» соҳиби ҷоизаи вижа гардид. Ҳамчунин ин филм аз ҷониби доварон бо як ҷоизаи дигар низ тақдир шуд.

Фотима Ғуломова, ки дар ин филм нақши модарро бозӣ кардааст, беҳтарин бозигари нақши зан дониста шуд. Шоҳҷоизаи озмуни синемогарони бахши Осиёи Марказӣ насиби филми коргардони қазоқ Ҷонибек Четируев -«Хотироти коргари роҳи оҳан» шуд.

Шоҳҷоизаи ҷашнвораи байналмилалии синемои Уруосиёро филми коргардони олмонӣ Майкл Ҳофман «Эден» соҳиб шуд. Дар ин озмун ҳунарманди иронӣ Лодани Муставфӣ дар филми «Шаб ба хайр фармондеҳ» беҳтарин бозикунандаи нақши зан шуд.

Дар озмуни ҳунар ва зебоӣ, ки як ҳафта дар кохҳои синемои шахри Олмотӣ идома дошту шомгоҳи якуми октябр дар Кохи Ҷумҳурият ҷамъбаст шуд, ҳунармандони 25 кишвар ҳудуди 30 филми худро пешкаши алоқамандон ва доварони ҷашнвора карда буданд.

Аз ҷумла коргардонҳои тоҷик 3 филм оварда буданд, ки ба ҷуз «Овора» филмҳои коргардонҳои шинохташудаи тоҷик Ҷамшед Усмонов бо номи «Роҳи расидан ба биҳишт мурдан аст» ва Сафарбек Солиев бо номи «Тақвими интизор» аз ҷумлаи онҳо буданд.

Гуландом Муҳаббатова баъд аз гирифтани ҷоиза, ки ӯро ҳамдиёрон ва дӯстонаш самимона шодбош мегуфтанд, ба Озодӣ гуфт, ки ин ҷоизаи на танҳо ӯ, балки ҳамаи ҳамкорон ва кишвараш низ ҳаст.

Ба гуфтаи хонум Муҳаббатова, «Овора», ки ба мавзӯъи басо доғи Тоҷикистон - масъалаи муҳоҷират ихтисос дорад ва каҳрамони аслии чаҳорсолаи ин филмро тамошобинон дӯст доштаанд, қаблан низ дар чанд ҷашнвораи байналмилалӣ соҳиби ҷоизаҳои гуногун шуда буд. Аз ҷумла дар ҷашнвораи имсолаи байналмилалӣ дар Тошканд шоҳҷоиза ва дар ҷашнвораҳои Қазону Боку ҷоизаҳои вижа насиби «Овора» шуда буд.

Вале ин дафъа, тавре ки коргардони тоҷик изҳор кард, ин ду ҷоизаи озмуни бонуфузи байналмилалии Уруосиё барояш боз ҳам пурарзиш аст. Дар робита бо нақшаҳои эҷодии хеш коргардони тоҷик изҳор кард, ки нақшаҳо зиёданд, вале барои пиёда кардани онҳо ва рӯи саҳна овардани филмҳои нав мушкилоти асосие, ки гиребонгири онҳост, ин набудани маблағ аст.

Машваратдодашуда

XS
SM
MD
LG