Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Тавсеъаи доманаи фаъолияти НАТО дар Афғонистон


Як сухангӯи НАТО гуфтааст, ки ин эътилофи низомӣ фармондеҳии ҳудуди 12 000 нирӯ ва сарзамини зери кунтрули онҳо дар шарқи Афғонистонро то "чанд рӯзи дигар" ба уҳда хоҳад гирифт. Ин иқдом тарҳи интиқоли бахши аъзами масъулиятҳои низомӣ дар Афғонистон аз эътилофи ба раҳбарии Омрико ба НАТО-ро ниҳоӣ хоҳад кард. Женероли бритониёӣ Дейвид Ричардз фармондеҳии нирӯҳои НАТО дар Афғонистонро ба дӯш дорад. Вале ҳудуди 8000 нирӯи омрикоӣ, ки дар ҳоли радёбии ҷангҷӯёни Ал-Қоъидаанд, ҳамчунин таҳти фармондеҳии мустақими Омрико боқӣ хоҳанд монд.
XS
SM
MD
LG