Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳамлаи лафзии мутақобил миёни Русия ва Гурҷистон


Владимир Путин, раисиҷумҳурии Русия мақомоти Гурҷистонро ба раиси пулиси ҷосусии Иосиф Сталин, раҳбари худкомаи Шӯравии пешин ташбеҳ кардааст.


Равобити миёни Маскав ва Тифлис ҳафтаи гузашта пас аз боздошти чаҳор афсари рус ба иттиҳоми ҷосусӣ дар Гурҷистон шадидан ба сардӣ гароид.


То кунун Маскав ба нишони эътироз бештари диплумотҳои худро аз Тифлис фаро хондааст ва мегӯяд, ки хурӯҷи нирӯҳояш аз ду пойгоҳи Русия дар Гурҷистонро ба таъвиқ андохтааст. Оқои Путин дар изҳороти имрӯзи худ аз тариқи телевизиюни Русия боздошти афсарони русро нишоне аз мероси Лаврентий Берия унвон кард.


Лаврентий Берия, ки ба монанди Сталин як гурҷитабор буд, бар поксозиҳои даҳаи 1930, ки милюнҳо кушта ба ҷо гузошт, назорат мекард.

Пештар Гела Бежуашвили, вазири хориҷаи Гурҷистон, Владимир Путинро ба ҳимоят аз раҳбарони ҷудоихоҳони Гурҷистон муттаҳам карда буд. Вай гуфт, ки оқои Путин дирӯз дар Сочи бо Сергей Багапш ва Эдуард Кокоити, раҳбарони Абхозистон ва Усетиёи Шимолӣ дидор доштааст.


Дар як баёнияи Иттиҳодияи Урупо омадааст, ки Ҳавиер Солана, масъули сиёсатҳои хориҷии ин иттиҳодия, дар як гуфтугӯи телефунӣ бо Михаил Саакашвили - раисиҷумҳурии Гурҷистон ӯро ташвиқ кардааст, ки ҳар чи зудтар барои ин буҳрон роҳи ҳалле пайдо кунад.
XS
SM
MD
LG