Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Нирӯҳои исроилӣ ҷануби Лубнонро тарк карданд


Мақомоти Исроил мегӯянд, ҳоло ки нирӯҳои исроилӣ ҷануби Лубнонро тарк кардаанд, вазифаи тазмини сулҳу оромиш дар ин минтақа ба дӯши давлати Лубнон аст, ки аз сӯи посдорони сулҳи Созмони Милал ҳимоят мешавад.


Вопасин нирӯҳои исроилӣ пеш аз бомдоди имрӯз минтақаро тарк карданд. Дар як баёнияи артиши Исроил омадааст, ки хуруҷи нирӯҳои исроилӣ аз ҷануби Лубнон ба маънии иҷрои тамому комили Қатъномаи 1701-и Созмони Милал аст, ки ба низоъи якмоҳаи миёни Исроил ва чирикҳои Ҳизбуллоҳ поён дод.


Биност, ки артиши Лубнон бо кумаки ҳудуди 15 000 нирӯи байнулмилалии Созмони Милал нирӯҳои Ҳизбуллоҳ ва Исроилро ҷудо аз ҳам нигаҳ дорад.


Дар дохили Исроил нирӯҳои амниятӣ пеш аз баргузории маросими ҷашни яҳудии Йом Киппур ба ҳангоми ғуруби хуршед дар рӯзи якшанбе (1 октябр) дар ҳолати омодабош қарор гирифтаанд.
XS
SM
MD
LG