Пайвандҳои дастрасӣ

Масъуд Собиров - раҳбари расмии ҲДТ


дар ин ҷо як чиз ба ақл меояд: "ту ба интихобот медароӣ, ман туро раҳбари ҳизб меҳисобам." Хулоса, ҳама хурсанд. Яъне раҳбари навини ҲДТ барои курсии ҳизбро ба даст овардан мувофиқат кард, ки дар интихоботи раёсати ҷумҳурӣ қувваозмоӣ кунад. Дар муддати кӯтоҳ ин раҳбар бурд хоҳад кард, аммо дар дарозмуддат аз ҳамин ҳоло шикасташро эълом кард. Интихоботи ҳақиқӣ ва рақобати ҳақиқӣ баъд аз соли 2010 хоҳад шуд. Ҳоло бозии шоҳмот яктарафа идома дорад. Бо эҳтироми бузург дӯсти шумо
Дипломат
------------------------------------------

M. Собиров, дар ҳоле ки бо ҳамроҳонаш муросо карда наметавонад, пас агар Худо накарда, раиси давлат шавад, бо мансабдорон чи кор мекунад. Ман аз таҳи дил ҷонибдори Р.Мирзоам ва ин шахси сарбаландро барои сармуҳаррир шуданаш табрик мекунам. Боз дар матбуъоти тоҷик насими озодӣ хоҳад вазид.
Рӯинтан
------------------------------------------

Дуруд! Охир, дар баробари ин қадар қонуншиканиҳо як зарра инсоф ҳам даркор будагист. Ман Масъуд Собировро дирӯзако шинохтам, ки демократ будааст. Вақте демократ ё ҳизби демократ мегуянд, бегуфтугӯ Искандаров, Ниёзов, Валиев барин одамон ба хотир меоянд. Бояд лаҷоми мавзеъгириҳоро ба дасти мардум дод. Агар не, вазорати адлияи Тоҷикистон ба хонадорию тиҷорати мардум низ дахл мекунад ва ҳаёти мардумро талх месозад. Хоҳиш мекунам, ҳукуматдорон як ба ҳоли зори мардуми тоҷик нигаранд. Афсӯс, мардуми мо наметавонанд аз ҳаққу ҳуқуқи хеш дифоъ кунанд. Ман Масъуд Собировро намешиносам! Беҳтараш ба ҷои ин мард Искандаров аз маҳбас истода раисӣ кунад, беҳтар аст!
Каюмарси Рустам
------------------------------------------

Дар Тоҷикистон бозӣ бо аҳзоби сиёсӣ ба ҳукми анъана даромадааст. Ҳукуматдорон бояд чунин бозиро бас кунанд. Сарнавишти сотсиалистон ва демократҳо барои аҳзоби дигар шояд дарси ибрат шаванд ва ба иқдомоти ҷиддитареро таҳрик диҳанд. М. Собиров даъво дорад, ки ҳукуматӣ нест. Вале ман бо далел гуфта метавонам, ки ӯ ҳукуматӣ аст. Муовини аввале, ки дорад С. Исмонов (як вақт даъво карда буд, ки Ҳизби ҷавонони прогресивиро таъсис медиҳад) дар нишасти матбуотиаш вақте суол шуд, ки узви кадом ҳизб аст, ҷавоб дода буд, ки узви ҲХДТ аст. Ва агар Вазорати адлия ҳизби ӯро номнавис кунад, аз ин ҳизб меравад. Вале чун дидем, ки бе ягон собиқа имрӯз муовини аввали Собиров мебошад. Пас маълум мешавад, ки дар ташкили чиноҳи Ватан ҳукумат даст дорад. Ва барои демократӣ шудани Раҳмонов Таварали Зиёевро мехоҳанд номанавис кунанд. Вассалом,
Таҳмураси Девбанд
------------------------------------------

Бо салом. Бо ин ки ҳар рӯз мо мешунавем, Ҳизби Демократ чунин кор кард, ё Сотсиал-Демократ чунон кор кард, хандаовар аст. Барои ин давлат то қабл аз интихобот ҳеч кадоми ин аҳзоб муҳим набуд ва баъд аз он ҳам муҳим намешавад. Чун на ин ҳизбҳо воқеъан ҳизби сиёсианд ва на ин давлат давлатест, ки ба онҳо чизе бидиҳад. Фақат қабл аз интихобот ҳизбҳои худфурӯхта баъзе барномаҳои намоиширо бо дастур ё маслиҳати давлат ё худ ҳизби ҳоким нишон медиҳанд ва манофеъеро ба даст меоранд. Боз то интихоботи оянда ба хоб мераванд. Беш аз ин чизе нест.
Низом Асомуддинов
____________________________

Дуруст мегӯяд касе, ки бо ин қазия рӯбарӯ кардани ҲДТ заъфи ҳукумати Раҳмонов аст. Балки ин қасоси ҳукумат ба амалкарди демократҳо дар мавриди таҳрими интихобот мебошад. Раҳмонов ҳоло мехост, ки дар баробараш 5-10 нафар номзад бошад, то ӯ ба осонӣ бар ҳамаашон "пирӯз" шаваду ба ҷомеъа бигӯяд: "Ана бинед, ман чӣ қадар зӯр ва беалтернативаам!" Аммо демократҳо аз ин "имкони таърихӣ" истифода накарданду ба ин қазия мувоҷеҳ гардиданд. Дирӯз баромади Додоҷоновро аз Кумисиюни Марказии Интихобот дар ТВТ дидам. Сарашро аз болои коғаз бар намедошт. Фикр мекунам шарм мекард. Чаро шарм накунад? Дирӯз буд, ки мегуфт дар интихобот ҲДТ бо сарварии М. Искандаров ширкат меварзаду... Ин фоҷеъаи милливу давлатии Тоҷикистон аст. Ба ҳамаи аъзои ҳукумат пешниҳод мекунам, агар эҳсоси одоби сиёсӣ намоянд, фавран истеъфо бидиҳанд.
Раҷаби Мирзо
____________________________

Аслан Ҳукумати Тоҷикистон бо сабти номи "гурӯҳи Масъуд" заъфи худ ва пурзӯрии воқеъии ҲДТ-ро нишон дод.
Ман бовар надорам Халифабобо Ҳомидов аз пеши худ ин корро карда бошад. Чаро вазорати адлия то рӯзи эъломи таҳрими интихобот аз сӯи демократҳо назари дигар дошт? Мусоҳибаи Масъуд Собировро хондам. Хеле хандаовар. Агар як лидери сиёсӣ ҳамин аст, пас бояд ба Раҳмонов воқеан муҷассама гузошт.
MRM
____________________________

Дӯстони азиз. Ман Тоҷикистонро хеле ва хеле дӯст дорам. Бовар кунед, ҷонамро барои ҳар як кафи хоки Ватани азизам дареғ намедорам. Вале дар баробари ин ҳукуматдорон чунон бад мебинам, ки ҳеч нагӯед будааст... Шояд ин (Масъуд Собиров) инсони хуб бошад, шояд воқеъан ҳам хуб бошад. Аммо ҳангоме ки як шахс байни гурӯҳи худ, хизби худ тафриқа андохт, онро ду пора кард. Хуллас, ман баҳои худро гузоштам. Чизе, ки маро девона месозад, ин боз ҳамин ҳукуматдорони мост...
Ума
____________________________

Агар аъзои Ҳизби Демократ бо ин розӣ набошанд, чӣ хел метавонад вазорати адлия Масъуд Собировро маҷбуран сари ин ҳизб гузорад? Ба фикри ман, ин тасмими ғайриқонунӣ мебошад. Ва аз ин маълум мешавад, ки ҳукумат мехоҳад ин ҳизбро таҳти тасарруфи худ қарор диҳад. Бо эҳтиром
Зиёулҳақ


Аз Озодӣ: Озодӣ ҳаққи вироиши назарҳоро барои худ ҳифз мекунад. Номаҳое, ки дорои тавҳин ё таҳдид ба касе ё чизе ҳаст ё беш аз андоза дароз аст, дар шакли ибтидоии он мунташир нахоҳад шуд. Зимнан, ҳич назаре дар Майдони Баҳс баёнгари дидгоҳҳои Озодӣ нест.
XS
SM
MD
LG