Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дархости НАТО аз Русияву Гурҷистон


Йаап де Ҳооп Схеффер, дабири кулли НАТО, рӯзи 29 сентябри соли 2006 аз давлатҳои Русия ва Гурҷистон хост, ки аз шиддати танишҳо дар паи боздошти чаҳор афсари рус дар Гурҷистон ба иттиҳоми ҷосусӣ бикоҳанд. Оқои де Ҳооп Схеффер ин суханонро ба дунболи дидори вазирони дифоъи кишварҳои узви НАТО бо Сергей Иванов, вазири дифоъи Русия ирод кард ва гуфт:


"Ман аз сӯи худ аз ҳамаи тарафҳои мунозеъа хостаам, ки бо муроъоти таъодул ба коҳиши мизони танишҳо бикӯшанд. Ин фарохони ман ҳам ба Гурҷистон ва ҳам ба дӯстони руси мо марбут мешавад. Аз ҳар ду тараф мехоҳам, ки барои одисозии авзоъ ва коҳиши мизони танишҳо бикӯшанд."


Русия аз Шӯрои Амнияти Созмони Милал хостааст, ки Гурҷистонро ба хотири боздоштҳои рӯзи чаҳоршанбе (27 сентябр) сарзаниш кунад. Мақомоти Русия он мавориди боздоштро "хатарнок ва ғайри қобили қабул" унвон кардаанд.


Русия рӯзи 29 сентябр тахлияи бахше аз сафораташ дар Тифлисро оғоз кард. Аммо Вячеслав Коваленко, сафири Русия дар Гурҷистон гуфт, ки Маскав ба Гурҷистон чанд вакили мудофеъ хоҳад фиристод, то аз шаҳрвандонаш дар додгоҳ дифоъ кунанд. Чаҳор афсари артиши Русия рӯзи 29 сентябр расман ба ҷосусӣ муттаҳам шуданд.


Дар ҳамин ҳол, дар баробари сохтмони сафорати Гурҷистон дар Маскав шуморе аз муътаризон бо ҳамли шиъорҳои "Афсарони русро озод кунед!" таҷаммуъ карданд. Тазоҳуротгарон ҳамчунин як сари буридаи хукро ба самти шишаи сохтмони сафорат андохтанд.
XS
SM
MD
LG