Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Қонуни интихоботи раёсати ҷумҳурии Тоҷикистон


Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон» 21 июли соли 1994 қабул гардида, 3 сентябри соли 1999 ва 28 декабри соли 2005 ба он тағйироту иловаҳо ворид карда шудаанд.

I. ҚОИДАҲОИ УМУМӢ

Моддаи 1. Интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз тарафи шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон дар асоси ҳуқуқи интихоботии умумӣ, баробар ва мустақим бо овоздиҳии пинҳонӣ интихоб мешавад.

Шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки синнаш аз 35 кам ва аз 65 боло нест, забони давлатиро медонад, камаш 10 соли охир дар Тоҷикистон зиндагӣ карда, дорои ҳуқуқи интихоботӣ мебошад, Президент интихоб шуда метавонад.
Вайрон кардани талаботи ин модда боиси беэътибор дониста шудани интихоботи Президент мегардад.

Моддаи 2. Ҳуқуқи интихоботии шаҳрвандон

Дар интихоботи Президенти ҷумҳурӣ шахсоне ҳуқуқи иштирок карданро доранд, ки синнашон ба 18 расидааст.
Дар интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон шахсоне ҳуқуқ надоранд иштирок кунанд, ки суд онҳоро ғайриқобили амал донистааст ё бо ҳукми суд аз озодӣ маҳрум карда шудаанд.

Ҳар гуна маҳдудкунии ҳуқуқи интихоботии шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон ғайр аз ҳолатҳое, ки ин Қонуни конститутсионӣ пешбинӣ кардааст, манъ аст.

Моддаи 3. Принсипҳои гузаронидани интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон дар маъракаи пешазинтихоботӣ ва овоздиҳӣ дар интихоботи Президенти Ҷумҳурӣ ихтиёрӣ ва дар асосҳои баробар иштирок мекунанд.

Овоздиҳӣ дар интихоботи Президенти Ҷумҳурӣ пинҳонӣ мебошад ва шаҳрвандон онро бевосита амалӣ менамоянд. Ҳар шаҳрванд як овоз дорад.

Назорат ба изҳори иродаи шаҳрвандон мумкин нест.

Моддаи 4. Ошкорбаёнӣ дар тайёрӣ ва гузаронидани интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Мақомоти давлатӣ ва мақомоти иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ, ки дар ташкил ва гузаронидани интихоботи Президент иштирок мекунанд, фаъолияти худро рӯйрост ва ошкор амалӣ менамоянд.

Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳизбҳои сиёсӣ, иттифоқҳои касаба, дигар иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ ва ҷунбишҳои оммавӣ, коллективҳои меҳнатӣ ва шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳуқуқи ба тарафдорӣ ё зидди ҳар номзад ба мансаби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ташвиқот бурданро кафолат медиҳад.

Ташвиқот дар рӯзи овоздиҳӣ манъ аст.

Ҳамаи қарорҳои мақомоти дахлдор оид ба тайёрӣ ва гузаронидани интихоботи Президент дар давоми ҳафт рӯз аз лаҳзаи қабул шуданашон нашр ва ба воситаи радио ва телевизион пахш карда мешаванд.
Комиссияҳои интихоботӣ дар бораи ҳайати худ, маҳалли воқеъ шудани участкаҳои интихоботӣ, вақти кори он ва руйхати интихобкунандагон ба аҳолӣ сари вақт хабар медиҳанд.

Дар вақти маҷлисҳои комиссияҳои интихоботӣ, ҳангоми овоздиҳӣ, вақти ҳисобкунии овозҳо дар участкаҳои интихоботӣ, инчунин ҳангоми муайян кардани натиҷаи овоздиҳӣ ҳақ доранд як нафарӣ намоянда аз ҳизбҳои сиёсӣ, Федератсияи иттифоқҳои касабаи мустақили Тоҷикистон, Иттифоқи ҷавонони Тоҷикистон, аз мақомоти намояндагии маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, Маҷлиси намояндагони вакилони Маҷлисҳои вакилони халқи ноҳияҳо ва шаҳрҳои тобеи ҷумҳурӣ, ки номзадҳоро ба мансаби Президент пешбарӣ кардаанд, намояндагони воситаҳои ахбори умум ва дар сурати зарурат мушоҳидачиён аз давлатҳои дигар ва ташкилотҳои байналхалқӣ иштирок намоянд. Намояндагон бояд ҳуҷҷатеро, ки аз тарафи ташкилотҳои онҳоро фиристода ва ваколатҳои онҳоро тасдиқ карда дода шуда, ки шакли онро Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсӣ муайян кардааст, дошта бошанд.

Ҳизбҳои сиёсӣ, Федератсияи иттифоқҳои касабаи мустақили Тоҷикистон, Иттифоқи ҷавонони Тоҷикистон, мақомоти намояндагии маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, Маҷлиси намояндагони Маҷлисҳои вакилони халқи ноҳияҳо ва шаҳрҳои тобеи ҷумҳурӣ, ки номзадҳоро ба Президенти пешбарӣ кардаанд, камаш даҳ рӯз пеш аз интихобот дар бораи намояндаҳои худ ба комиссияҳои интихоботии ҳавзавӣ хабар медиҳанд.
Дахолати мустақим ё ғайримустақими намояндагон ва мушоҳидачиёни мазкур дар ҷараёни овоздиҳӣ ва фаъолияти комиссияҳои интихоботӣ манъ аст.

Моддаи 5. Таъминоти моддии интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Хароҷоти вобаста бо тайёрӣ ва гузаронидани интихоботи Президент аз ҳисоби буҷети Ҷумҳурии Тоҷикистон гузаронида мешавад.

Мақомоти давлатӣ, корхонаҳо, муассисаҳо, ташкилотҳо барои тайёрӣ дидан ва гузаронидани интихобот биноҳо ва таҷҳизоти заруриро ройгон дар ихтиёри комиссияҳои интихоботӣ мегузоранд. Биноҳо ва таҷҳизоти корхонаҳо ва ташкилотҳои ғайридавлатӣ барои кори комиссияи интихоботӣ дар асоси иҷора аз ҳисоби маблағи буҷети ҷумҳурӣ истифода бурда мешаванд.

Ҳар гуна иштироки мустақим ва ё ғайримустақими ташкилотҳои хориҷӣ ва шахсони воқеъӣ дар кори бо пултаъминкунӣ ва дигар хел дастгирии моддии маъракаи интихоботии номзадҳо ба мансаби Президенти Ҷумҳурӣ манъ аст.


II. ТАШКИЛ ВА ГУЗАРОНИДАНИ ИНТИХОБОТИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Моддаи 6. Таъин намудани интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз тарафи ҷаласаи якҷояи Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон на дертар аз ду моҳи хатми ваколатҳои Президенти Чумҳурии Тоҷикистон таъин карда мешавад.

Дар сурати пеш аз мӯҳлат қатъ гардидани ваколатҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мӯҳлати се моҳ интихоботи Президенти Ҷyмҳурии Тоҷикистон гузаронида мешавад.

Хабар дар бораи рӯзи интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар матбуот чоп карда мешавад.

Моддаи 7. Ташкили интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Ташкили интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба зиммаи комиссияҳои интихоботӣ гузошта мешавад. Комиссияҳои интихоботӣ ба таври дастаҷамъӣ кор мекунанд. Тайёрӣ ва гузаронидани интихобот аз тарафи комиссияҳои интихоботӣ рӯйрост ва ошкор амалӣ карда мешавад.

Моддаи 8. Ташкили ҳавзаҳои интихоботӣ

Ҳавзаҳои интихоботӣ оид ба интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз тарафи Комиссияи Марказии интихобот ва раъйпурсӣ ташкил карда мешаванд.

Рӯйхати ҳавзаҳои интихоботӣ бо зикри сарҳадҳои онҳо вa шумораи интихобкунандагон аз тарафи Комиссияи марказии интихоботӣ на дертар аз 50 рӯз пеш аз интихобот чоп карда мешавад.

Моддаи 9. Ташкили участкаҳои интихоботӣ

Участкаҳои интихоботӣ аз тарафи Комиссияи ҳавзавии интихобот бо пешниҳоди раисони шаҳру ноҳияҳо на дертар аз 40 рӯз пеш аз рӯзи интихобот аз ҳисоби аз 20 то 3000 интихобкунанда дар як участка ташкил карда мешаванд.
Участкаҳои интихоботӣ бо назардошти сарҳадҳои ноҳияҳо, шаҳрҳо, ноҳияҳои шаҳрӣ бо мақсади фароҳам сохтани шароити ҳарчӣ бештар муносиб барои интихобкунандагон ташкил карда мешаванд. Участкаҳои интихоботӣ инчунин дар қисмҳои ҳарбӣ ташкил карда шуда, мувофиқи маҳалли воқеъгардидаи қисмҳо ба ҳавзаҳои интихоботӣ дохил мешаванд. Сарҳадҳои участкаҳои интихоботӣ набояд сарҳадҳои ҳавзаҳои интихоботиро бурида гузаранд.

Участкаҳои интихоботӣ метавонанд дар дармонгоҳҳо, хонаҳои истироҳат, беморхонаҳо ва дигар муассисаҳои табобатӣ, дар маҳалли буду боши шаҳрвандон, ки дар ноҳияҳои дурдаст ва душворгузар воқеъ гардидаанд, ташкил карда шаванд. Ин участкаҳои интихоботӣ ба ҳавзаҳои интихоботӣ мувофиқи маҳалли воқеъгардидаашон дохил мешаванд.

Комиссияҳои ҳавзавии интихобот бохабаркунии интихобкунандагонро дар бораи сарҳадҳои ҳар участкаи интихоботӣ бо зикри маҳалли воқеъ гардидани комиссияи участкавии интихобот ва бинои овоздиҳӣ ташкил менамоянд. Бинои овоздиҳии ҳар участкаи интихоботиро раиси шаҳр, ноҳия ҷудо мекунад.

Участкаҳои интихоботӣ барои шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки дар хориҷ аз сарҳади Тоҷикистон мебошанд, намояндагии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар кишвари ҷои иқоматашон аст ва дар сурати дар қаламрави он кишвар вуҷуд надоштани намояндагии Тоҷикистон участкаҳои интихоботӣ аз тарафи Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсӣ бо пешниҳоди Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон ташкил карда мешаванд.

Масъалаи ба ҳавзаи интихоботӣ бақайдгирии участкаи интихоботӣ, ки дар хориҷи Тоҷикистон воқеь гардидааст, аз тарафи Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсӣ ҳал карда мешавад.

III.КОМИССИЯҲОИ ИНТИХОБОТӢ ОИД БА ИНТИХОБОТИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Моддаи 10. Системаи комиссияҳои интихоботӣ

Барои ташкил ва гузаронидани интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон инҳо барпо карда мешаванд:
Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсӣ;

Комиссияҳои ҳавзавии интихобот оид ба интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон;

Комиссияҳои участкавии интихобот оид ба интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон.

Моддаи 11. Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Ҷумҳурии Тоҷикистон чун мақоми доимоамалкунанда мувофиқи Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи интихобот ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ташкил мегардад.

Моддаи 12. Ваколатҳои Комиссияи марказии интихоботва раъйпурсӣ.

Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсӣ дорои чунин ваколатхо мебошад:

1) дар тамоми қаламрави ҷумҳурӣ ба иҷрои ин Қонуни конститутсионӣ назорат мекунад ва татбиқи якхелаи онро таъмин менамояд, дар ҳудуди ваколатҳои худ оид ба масъалаҳои ташкили интихобот дастурамал мебарорад ва тавзеҳот медиҳад;

2) ҳавзаҳои интихоботӣ ташкил медиҳад, онҳоро номгузорӣ ва шуморагузорӣ мекунад;

3) комиссияҳои ҳавзавии интихобот ташкил медиҳад ва дар бораи маҳалли воқеъ гардидани онҳо маълумот нашр менамояд;

4) ба кори комиссияҳои интихоботӣ роҳбарӣ мекунад, тартиби ба ҳайати онҳо дохил намудани тағйиротро муайян мекунад, қарорҳои комиссияҳои ҳавзавии интихобот оид ба интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар сурате, ки бо ин қонуни конститутсионӣ ихтилоф дошта бошанд, бекор менамояд;

5) масъалаҳои ба қайди ҳавзаи интихоботӣ гирифтани участкаҳои интихоботиро, ки хориҷ аз сарҳади Ҷумҳурии Тоҷикистон ташкил мешаванд, ҳал мекунад;

6) барои иштироки номзадҳо ба мансаби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар маъракаи интихоботӣ шароити баробар муҳайё месозад;

7) тартиби иштироки воситаҳои ахбори умумро дар маъракаи интихоботӣ ва истифодаи онҳоро мувофиқи ин Қонун муайян мекунад;

8) воситаҳои пулиро дар байни комиссияҳои интихоботӣ тақсим мекунад, ба таъмин карда шудани комиссияҳои интихоботӣ бо бино, нақлиёт ва воситаҳои алоқа назорат мекунад, дигар масъалаҳои таъминоти моддию техникии интихоботро ҳал менамояд;

9) шаклҳои бюллетени интихоботро оид ба интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, рӯйхати интихобкунандагон, варақаҳои интихобот, протоколҳои маҷлисҳои Комиссияҳои интихоботӣ, дигар ҳуҷҷатҳои интихобот, намунаҳои қуттиҳои интихобот ва мӯҳри комиссияҳои интихоботӣ, тартиби ҳифзи ҳуҷҷатҳои интихоботиро муқаррар мекунад;

10) ахбороти роҳбарони вазоратҳо, кумитаҳои давлатӣ ва идораҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, дигар мақомоти давлатӣ ва иттиҳодияҳои ҷамъиятиро оид ба масъалаҳои вобаста ба тайёрӣ ва гузаронидани интихобот мешунавад;

11) номзадҳоро ба мансаби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба қайд мегирад, натиҷаҳои интихоботро дар тамоми ҷумҳурӣ ҷамъбаст менамояд, маълумотро доир ба ҷамъбасти интихобот дар матбуот чоп мекунад, Президенти интихобшудаи Ҷумҳурии Тоҷикистонро ба қайд мегирад, ба ӯ шаҳодатномаи Президент интихоб шуданашро месупорад;

12) ариза ва шикоятҳоро доир ба қарор ва амали комиссияҳои интихоботӣ баррасӣ менамояд ва аз рӯи онҳо қарор қабул мекунад;

13) ба мақомоти прокуратура дар бораи вайрон карда шудани қонуни конститутсионӣ “Дар бораи интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон», ки масъулияти ҷиноӣ дорад, маълумот медиҳад;

14) ба бойгонӣ супурдани ҳуҷҷатҳои вобаста ба гузаронидан ва ташкили интихоботро таъмин менамояд;

15) овоздиҳии такрорӣ, интихоботи такрориро ташкил мекунад;

16) дигар ваколатҳоро мувофиқи ин Қонуни конститутсионӣ ва дигар санадҳои қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ менамояд.

Маҷлисҳои Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсӣ дар он сурат боэътибор шумурда мешаванд, ки агар дар онҳо на камтар аз се ду ҳиссаи ҳайати аслии комиссия дар рӯзи ҷаласа ҳузур дошта бошанд.

Моддаи 13. Ташкили комиссияҳои ҳавзавии интихобот оид ба интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Комиссияҳои ҳавзавии интихобот оид ба интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз тарафи Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсӣ на дертар аз 45 рӯз пеш аз интихобот дар ҳайати раис, муовини раис, котиб ва камаш чор нафар аъзо ташкил карда мешаванд.

Моддаи 14. Ваколатҳои комиссияи ҳавзавии интихобот оид ба интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Комиссияи ҳавзавии интихобот оид ба интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дорои чунин ваколатҳо мебошад:

1) ба иҷрои ин Қонуни конститутсионӣ дар қаламрави ҳавзаи интихоботӣ назорат мекунад ва татбиқи якхелаи онро таъмин менамояд;

2) ба кори участкаҳои интихоботӣ роҳбарӣ мекунад;

3) маблағҳоро дар байни комиссияҳои интихоботӣ тақсим мекунад, ба таъмин карда шудани ҳавзаҳои интихоботӣ бо бино, нақлиёт, воситаҳои алоқа назорат мекунад ва дигар масъалаҳои таъминоти моддӣ-техникии интихоботро дар ҳавзаи интихоботӣ баррасӣ менамояд;

4) барои иштироки номзадҳо ба мансаби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар маъракаи интихоботӣ шароити баробар таъмин мекунад;

5) ахбори намояндагони мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ва идораи давлатӣ, роҳбарони иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ, корхонаҳо, муассисаҳо ва ташкилотҳоро оид ба масъалаҳои вобаста ба тайёрӣ ва гузаронидани интихобот мешунавад;

6) ба тартиб додани рӯйхати интихобкунандагон ва пешниҳоди онҳо барои шиносоии умумӣ назорат мекунад;

7) натиҷаҳои интихоботро дар ҳавза ҷамъбаст мекунад ва ба Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсӣ месупорад;

8) ариза ва шикоятҳоро доир ба қарорҳо ва амали комиссияҳои участкавии интихобот баррасӣ мекунад ва аз рӯи онҳо қарор қабул мекунад;

9) ваколатҳои дигарро мувофиқи ин Қонуни конститутсионӣ ва дигар санадҳои қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ менамояд.

Моддаи 15. Ташкили комиссияҳои участкавии интихобот оид ба интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Комиссияи участкавии интихобот оид ба интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз тарафи комиссияи ҳавзавии интихобот ташкил карда мешавад. Комиссияи участкавии интихобот на дертар аз 35 рӯз то интихобот дар ҳайати 5 - 19 аъзо, аз ҷумла раис, муовини раис ва котиб ташкил карда мешавад. Агар комиссия дар ҳайати то 7 нафар ташкил карда шавад, он гоҳ раис ва котиб интихоб мешаванд.
Дар мавридҳои зарурӣ шумораи ҳайати комиссияи ҳавзавии интихобот метавонад зиёд ё кам карда шавад.

Моддаи 16. Ваколатҳои комиссияи участкавии интихобот оид ба интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Комиссияи участкавии интихобот оид ба интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дорои ваколатҳои зайл мебошад:

1) рӯйхати интихобкунандагонро дар участка тартиб медиҳад;

2) интихобкунандагонро бо рӯйхати интихобкунандагон шинос мекунад, аризаҳоро дар бораи саҳву ғалатҳои руйхат қабул ва бappaсӣ намуда, масъалаи ба рӯйхат дохил намудани тағйироти дахлдорро ҳал мекунад;

3) лифофаҳои интихоботии интихобкунандагонеро, ки наметавонанд дар рӯзи интихобот дар маҳалли зисти худ бошанд ва дар овоздиҳӣ иштирок намоянд, қабул мекунад;

4) ба аҳолӣ дар бораи рӯзи интихобот ва маҳалли овоздихӣ хабар медиҳад;

5) омодасозии бинои овоздиҳӣ, қуттиҳои овоздиҳӣ ва дигар таҷҳизоти интихоботиро таъмин мекунад;

6) овоздиҳиро дар участкаи интихоботӣ дар рӯзи интихобот ташкил медиҳад;

7) овозҳоеро, ки дар участкаи интихоботӣ дода шудаанд, ҳисоб мекунад;

8) ариза ва шикоятҳоро оид ба масъалаҳои тайёрии интихобот, ташкили овоздиҳӣ баррасӣ карда, аз рӯи онҳо қарор қабул менамояд;

9) ваколатҳои дигарро мувофиқи ин Қонуни конститутсионӣ ва дигар санадҳои қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ мекунад.

Моддаи 17. Узвият дар комиссияҳои интихоботӣ

Узви комиссия бо аризаи шахсӣ, инчунин дар сурати аз ваколат маҳрум карда шуданаш, аз иҷрои вазифаи худ озод карда шуда метавонад.

Барои узви комиссияро аз ваколат маҳрум кардан, дар сурате, ки вай талаботи ин қонуни конститутсиониро вайрон ё мунтазам ба вазифаи худ беэътиноӣ карда бошад, мақоме ҳуқуқ дорад, ки комиссияро ташкил додааст.

Даp мавриди зарурат узви нави комиссияи интихоботӣ ба тартибе, ки ин Қонуни конститутсионӣ муқаррар кардааст, таъин карда мешавад.

Номзадҳо ба мансаби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва шахсони боэътимоди онҳо аъзои комиссияи интихоботӣ буда наметавонанд.

Як шахс узви фақат як комиссияи интихоботӣ буда метавонад.

Моддаи 18. Ташкили кор ва мӯҳлати ваколати комиссияҳои интихоботӣ

Маҷлиси комиссияи интихоботӣ он гоҳ босалоҳият дониста мешавад, ки агар дар он на камтар аз се ду ҳиссаи ҳайати аслии комиссия, ки дар рӯзи маҷлис ҳузур доранд, иштирок карда бошанд. Қарори комиссия дар овоздиҳии кушод бо аксарияти овози аъзои комиссия, ки дар маҷлис иштирок намудаанд, қабул карда мешавад.

Аъзои комиссия, ки бо қарори он норозианд, ҳуқуқ доранд, фикри махсуси худро изҳор намоянд, ки он ба таври хаттӣ ба протокол замима карда мешавад. Дар сурати тақсими овозҳо овози раисикунанда ҳалкунанда мебошад.
Иҷрои қарори комиссияи интихоботӣ, ки дар доираи ваколатҳои он қабул карда шудааст, барои комиссияҳои интихоботии поёнӣ, инчунин барои ҳамаи мақомоти давлатӣ, иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ, коллективҳои меҳнатӣ ва қисмҳои ҳарбӣ, роҳбарони корхонаҳо, муассисаҳо ва ташкилотҳо ҳатмӣ мебошад.

Мақомоти давлатӣ ва иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ, корхонаҳо, муассисаҳо, ташкилотҳо, шахсони мансабдор бояд ба комиссияҳои интихоботӣ дар иҷрои ваколатҳояшон мусоидат намоянд, маълумотҳоеро, ки барои кори онҳо зарур аст, дар ихтиёрашон гузоранд.

Мақомоти давлатӣ, корхонаҳо, муассисаҳо ва ташкилотҳо бино ва таҷҳизотеро, ки барои тайёрӣ ва гузаронидани интихобот заруранд, ройгон дар ихтиёри комиссияҳои интихоботӣ қарор медиҳанд.

Комиссияи интихоботӣ ҳуқуқ дорад, оид ба масъалаҳои вобаста бо тайёрӣ ва гузаронидани интихобот ба мақомоти давлатӣ ва иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ, корхонаҳо, муассисаҳо, ташкилотҳо, шахсони мансабдор муроҷиат кунад, ки онҳо бояд масъалаи ба миён гузошташударо баррасӣ намуда, дар мӯҳлати на дертар аз се рӯз ба комиссияи интихоботӣ ҷавоб диҳанд.

Узви комиссияи интихоботӣ бо қарори он дар давраи тайёрӣ ва гузаронидани интихобот аз иҷрои вазифаҳои истеҳсолӣ ё хизматӣ бо ҳифзи маоши миёна аз ҳисоби маблағе, ки барои гузаронидани интихобот ҷудо карда шудааст, озод карда шуда метавонад.

Мӯҳлати ваколати комиссияҳои ҳавзавӣ ва участкавии интихобот баъди ба вазифа cap кардани Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон хотима меёбад.

Моддаи 19. Баррасии шикоят нисбати қарорҳои комиссияҳои интихоботӣ

Нисбати қарорҳои комиссияҳои интихоботӣ дар давоми даҳ рӯзи баъд аз қабули онҳо ба комиссияи интихоботии болоӣ ё ба суд шикоят кардан мумкин аст.

Нисбати қарорҳои Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсӣ ба Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар давоми даҳ рӯз баъди қабул карда шудани қарор шикоят кардан мумкин аст. Шикоят бояд дар давоми се рӯзи баъди ворид шуданаш, агар то рӯзи интихобот камтар аз шаш рӯз монда бошад-фаврӣ мавриди баррасӣ қарор дода шавад.

IV. РӮЙХАТИ ИНТИХОБКУНАНДАГОН

Моддаи 20. Рӯйхати интихобкунандагон ва тарзи тартиб додани он

Рӯйхати интихобкунандагон аз тарафи комиссияҳои участкавии интихобот доир ба ҳар участкаи интихоботӣ тартиб дода ва аз тарафи раис ва котиби комиссияи участкавии интихобот имзо карда мешавад.

Рӯйхати интихобкунандагон аз рӯи маҳалли истиқомат дар асоси маълумот дар бораи интихобкунандагон, ки мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ пешниҳод кардаанд, тартиб дода мешавад.

Рӯйхати интихобкунандагон-хизматчиёни ҳарбӣ, ки дар қисмҳои ҳарбӣ мебошанд, инчунин аъзои оилаҳои онҳо ва интихобкунандагони дигар, ки дар маҳалҳои воқеъ гардидани қисмҳои ҳарбӣ зиндагӣ мекунанд, дар асоси маълумоте, ки фармондеҳони қисмҳои ҳарбӣ пешниҳод мекунанд, тартиб дода мешавад. Хизматчиёни ҳарбӣ, ки берун аз қисмҳои ҳарбӣ зиндагӣ мекунанд, ба рӯйхати интихобкунандагон мувофиқи маҳалли истиқомат дар асосҳои умумӣ дохил карда мешаванд.

Рӯйхати интихобкунандагон аз рӯи участкаҳои интихоботӣ, ки дар дармонгоҳҳо, профилакторияҳо, хонаҳои истироҳат, беморхонаҳо ва дар дигар муассисаҳои табобатию пешгирикунанда, инчунин дар назди намояндагиҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон дар давлатҳои хориҷӣ ташкил карда шудаанд, дар асоси маълумотҳое, ки роҳбарони муассисаҳои мазкур пешниҳод мекунанд, тартиб дода мешавад.

Рӯйхати интихобкунандагон дар шакле, ки барои ташкили овоздиҳӣ муносиб аст, тартиб дода мешавад.

Моддаи 21. Ба рӯйхати интихобкунандагон дохил намудани шаҳрвандон

Ба рӯйхати интихобкунандагон шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки ҳуқуқи дар овоздиҳӣ иштирок кардан доранд, дохил карда мешаванд.

Ба рӯйхати интихобкунандагон аз рӯи маҳалли истиқомат шаҳрвандоне дохил карда мешаванд, ки дар вақти тартиб додани рӯйхат дар қаламрави участкаҳои дахлдори шнтихоботӣ доимӣ ё муваққатӣ зиндагӣ мекунанд.

Бa рӯйхати интихобкукандагон аз рӯи участкаҳои интихоботӣ, ки дармонгоҳҳо, профилакторияҳо, хонаҳои истироҳат, беморхонаҳо ва дигар муассисаҳои табобатию профилактикӣ ташкил карда шудаанд, ҳамаи шаҳрвандоне, ки дар рӯзи гузаронидани интихобот дар маҳалҳо ва муассисаҳои мазкур мебошанд, дохил карда мешаванд.

Шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон фақат ба як рӯйхати интихобкунандагон дохил карда шуда метавонад. Шаҳрвандоне, ки ба участкаи интихоботӣ баъди барои шиносоии умумӣ гузоштани рӯйхати интихобкунандагон омадаанд, ба рӯйхати иловагӣ дохил карда мешаванд.

Моддаи 22. Шинос намудани шаҳрвандон бо рӯйхати интихобкунандагон

Рӯйхати интихобкунандагон дар участкаҳои интихоботӣ, ки аз рӯи маҳалли истиқомат тартиб дода шудааст, 15 рӯз пеш аз овоздиҳӣ, дар дигар участкаҳои интихоботӣ ду рӯз пеш аз овоздиҳӣ барои шиносии умумӣ пешниҳод карда мешавад.

Ба шаҳрвандон имконият муҳайё карда мешавад, ки дар бинои комиссияҳои участкавии интихоботи дахлдор бо рӯйхати интихобкунандагон шинос шаванд, инчунин дурустии маълумотҳои дар бораи интихобкунандагони ба рӯйхат дохил кардашударо тафтиш намоянд.

Ба ҳар шаҳрванд ҳуқуқ дода мешавад, ки дар бораи ба рӯйхат дохил карда нашудан, нодуруст ба рӯйхат дохил кардан ё аз рӯйхат партофтан, инчунин хатогиҳое, ки дар рӯйхат дар бораи интихобкунанда ҷой доранд, шикоят кунад. Ариза дар бораи зарурати даровардани ислоҳ ба рӯйхат аз тарафи комиссияи участкавии интихобот дар муддати на камтар аз се рӯз ва дар арафа ва рӯзи овоздиҳӣ-фавран мавриди баррасӣ қарор дода мешавад. Дар сурати рад кардани ариза комиссияи участкавии интихобот фавран ба аризадиҳанда нусхаи қарори асоснокро дар бораи рад карда шудани аризаи вай медиҳад. Нисбати қарор ба комиссияҳои интихоботии болоӣ ё ба суди ноҳиявӣ (шаҳрӣ) шикоят кардан мумкин аст, ки он дар давоми се рӯз, дар арафа ва рӯзи интихобот-фавран баррасӣ намуда, қарори қатъӣ қабул мекунад. Дар сурате, ки барои аризадиҳанда қарори мусбат қабул карда шавад, Комиссияи участкавии интихобот фавран ба рӯйхати интихобкунандагон ислоҳ медарорад.

Моддаи 23. Шаҳодатнома барои ҳуқуқи овоздиҳӣ

Дар сурате, ки интихобкунанда дар давраи байни пешниҳод кардани рӯйхати интихобкунандагон барои шиносоии умумӣ ва рӯзи интихобот ҷои будубоши худро тағйир диҳад, Комиссияи участкавии интихобот бо хоҳиши интихобкунанда ва бо пешниҳод намудани ҳуҷҷат, ки шахсияти ӯро тасдиқ мекунад, ба интихобкунанда шаҳодатномаи ҳуқуқи овоздиҳӣ медиҳад. Зимнан дар рӯйхати интихобкунандагон қайди дахлдор карда мешавад. Бо пешниҳод кардани шаҳодатномаи ҳуқуқи овоздиҳӣ Комиссияи участкавии интихобот дар рӯзи овоздиҳӣ интихобкунандаро ба рӯйхати иловагии интихобкунандагон дар участкаи интихоботии маҳалли будубоши вай дохил мекунад.

V. ПЕШБАРӢ ВА БА ҚАЙДГИРИИ НОМЗАДҲО БА МАНСАБИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Моддаи 24. Пешбарӣ намудани номзадҳо ба мансаби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Номзадҳо ба мансаби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз тарафи ҳизбҳои сиёсии ҷумҳурӣ, ки мувофиқи тартиби муқарраркардаи Қонуни конститутсионӣ ба қайд гирифта шудаанд, Федератсияи иттифоқҳои касабаи мустақили Тоҷикистон, Иттифоқи ҷавонони Тоҷикистон дар анҷуманҳо, конференсияҳои онҳо мувофиқи оинномаашон, Маҷлиси вакилони халқи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, Маҷлиси вакилони халқи вилоятҳо, Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе, инчунин маҷлиси намояндагони вакилони халқи Маҷлиси вакилони халқи ноҳия ва шаҳрҳои тобеи ҷумҳурӣ пешбарӣ карда мешаванд. Mеъёри намояндагӣ ва тартиби ташкил ва гузаронидани Маҷлиси намояндагони Маҷлисҳои вакилони халқи ноҳияҳо ва шаҳрҳои тобеи ҷумҳуриро Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсӣ муайян мекунад.

Аз тарафи ҳар ҳизби сиёсӣ, Федератсияи иттифоқҳои касабаи мустақили Тоҷикистон, Иттифоқи ҷавонони Тоҷикистон, Маҷлиси вакилони халқи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, Маҷлисҳои вакилони халқи вилоятхо, Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе, Маҷлиси намояндагони вакилони Маҷлиси вакилони ноҳияҳо ва шаҳрҳои тобеи ҷумҳурӣ фақат як нафар номзад ба мансаби Президент пешбарӣ шуда метавонад.
Қарор дар бораи пешбарии номзад ба мансаби Президент бо аксарияти овози шумораи умумии вакилони анҷуман ё конференсияи ҳизби сиёсӣ, Федератсияи иттифоқҳои касабаи мустақили Тоҷикистон, Иттифоқи ҷавонони Тоҷикистон, бо аксарияти овози шумораи умумии вакилони халқи Маҷлиси вакилони халқи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, Маҷлиси вакилони халқи вилоятҳо, Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе, инчунин бо аксарияти овози шумораи умумии намояндагони вакилони Маҷлиси намояндагони вакилони Маҷлисҳои вакилони халқи ноҳияҳо ва шаҳрҳои тобеи ҷумҳурӣ қабул карда мешавад. Шакли овоздиҳиро мақоми дахлдоре, ки номзадро ба мансаби президентӣ пешбарӣ кардааст, муайян менамояд. Дар бораи пешбарии номзад протокол тартиб дода мешавад.

Номзади ба мансаби Президент пешбаришуда бояд аз тарафи панҷ фоизи шумораи шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки ҳуқуқи интихобот доранд, тарафдорӣ карда шавад.

Ҷамъоварии имзои шаҳрвандон ба тарафдории номзади пешбаришаванда мувофиқи тартиб ва мӯҳлате, ки Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсӣ муқаррар кардааст, сурат мегирад.

Пешбарӣ намудани номзад ба мансаби Президенти Ҷумҳурии Toҷикистон, ки хилофи ин Қонуни конститутсионӣ гузаронида шудааст, беэътибор дониста мешавад.

Пешбарӣ намудани номзадҳо ба мансаби Президент дар муддати 50 рӯз гузаронида шуда, на дертар аз 30 рӯз то интихобот ба охир мерасад.

Шумораи умумии номзадҳо ба мансаби Президент маҳдуд карда намешавад.

Қарор дар бораи пешбарӣ намудани номзад ба мансаби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсӣ дар мӯҳлати на дертар аз се рӯз баъди қабул кардани он фиристода мешавад. Дар бораи қарори қабул кардашуда ба номзад ба мӯҳлати на дертар аз ду рӯз хабар дода мешавад.

Ҳизбҳои сиёсӣ, Федератсияи иттифоқҳои касабаи мустақили Тоҷикистон, Иттифоқи ҷавонони Тоҷикистон, мақомоти намояндагии маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, Маҷлиси намояндагони вакилони халқи ноҳияҳо ва шаҳрҳои тобеи ҷумҳурӣ, ки номзадҳоро ба Президентӣ пешбарӣ кардаанд, ҳуқуқ доранд, ҳар вақт то интихобот қарори худро дар бораи пешбарии номзад ба мансаби Президент бекор кунанд. Ин гуна қapop ба тартибе, ки барои пешбарӣ кардани номзадҳо дар назар дошта шудааст, қабул карда мешавад.

Номзад ба мансаби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳар вақт метавонад аз номзадии худ даст кашида, дар ин бора ба Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсӣ бо ариза муроҷиат намояд.

Ба мансаби Президент шаҳрвандоне, ки доғи судӣ доранд ва он мувофиқи тартиби муқарраркардаи қонун бардошта ё ботил карда нашудааст, ходимони касбии ташкилотҳо ва иттиҳодияҳои динӣ пешбарӣ шуда наметавонанд.

Дар сурате, ки ягон номзад ба мансаби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбарӣ карда нашуда бошад ё ҳамаи номзадҳои пешбаришуда номзадии худро пас гирифта бошанд, номзадҳо ба мансаби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз тарафи ҷаласаи якҷояи Маҷлиси миллӣ ва Маҷилиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбарӣ карда мешаванд. Дар ин сурат номзадҳое пешбаришуда ҳисоб мешаванд, ки дар натиҷаи овоздиҳии пинҳонӣ аз тарафи аксарияти шумораи умумии аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дастгирӣ карда шудаанд.

Моддаи 25. Бақайдгирии номзадҳо ба мансаби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва шахсони боэътимоди онҳо

Бақайдгирии номзадҳои ба мансаби Президент пешбаришуда ва шахсони боэътимоди онҳо аз тарафи Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсӣ дар давоми се рӯз аз лаҳзаи расидани ҳуҷҷатҳои зарурӣ, вале на дертар аз 25 рӯз то интихобот сурат мегирад.

Қарор дар бораи бақайдгирии номзад ба мансаби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар сурати мавҷуд будани чунин ҳуҷҷатҳо қабул карда мешаванд:

протоколи маҷлиси мақоми олии (анҷумани, конференсияи) ҳизби сиёсӣ, Федератсияи иттифоқҳои касабаи мустақили Тоҷикистон, Иттифоқи ҷавонони Тоҷикистон, ҷаласаҳои Маҷлиси вакилони халқи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, Маҷлиси вакилони халқи вилоятҳо, Маҷлиси вакилони шаҳри Душанбе, Маҷлисҳои намояндагони вакилони Маҷлиси вакилони халқи ноҳияҳо ва шаҳрҳои тобеи ҷумҳурӣ;

бланкаҳо бо имзои шаҳрвандон оид ба дастгирии номзад ба мансаби Президент, ки раисони ноҳияҳо, шаҳрҳо тасдиқ кардаанд, дар ҳолатҳое, ки дар ин Қонуни конститутсионӣ зикр ёфтаанд, маълумоти тарҷимаи ҳоли номзад ба мансаби Президент, аризаи номзад дар бораи розигиаш барои худро ба мансаби Президент номзад кардан.

Номзад ба мансаби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин шахсони боэътимоди номзад наметавонанд дар ягон комиссияи интихоботӣ дохил бошанд. Дар сурате ки агар узви яке аз комиссияи интихоботӣ ба мансаби Президент номзад ё шахси боэътимод пешбарӣ шуда бошад, вай аз вазифаи узви комиссия аз лаҳзаи ҳамчун номзад ба мансаби Президент ё шахси боэътимод ба қайд гирифта шуданаш озод кардашуда ҳисоб меёбад.

Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсӣ дар давоми ду рӯз баъди бақайдгирии номзадҳо ба мансаби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба онҳо шаҳодатномаи дахлдор медиҳад.

Агар Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсӣ бақайдгирии номзадро ба мансаби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон рад кунад, дар ин бора аз тарафи ҳизбҳои сиёсӣ, Федератсияи иттифоқҳои касабаи мустақили Тоҷикистон, Иттифоқи ҷавонони Тоҷикистон, мақомоти намояндагии маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, маҷлиси намояндагони вакилони Маҷлиси вакилони халқҳои ноҳияҳо ва шаҳрҳои тобеи марказ, ки номзади мазкурро пешбарӣ кардаанд, ба Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон шикоят кардан мумкин аст ва шикоят дар мӯҳлати як ҳафта баррасӣ карда мешавад. Қарори Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қатъӣ мебошад.

Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсӣ дар мӯҳлати ҳафт рӯз баъди бақайдгирии номзад ба мансаби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар матбуоти маҳаллӣ дар бораи бақайдгирӣ бо зикри фамилия, ном, насаб, сол ва маҳалли таваллуд, вазифа ва ҷои кор, ҳизбият, маҳалли зист, аҳволи оилавии номзад, инчунин номи мақоме, ки номзадро ба мансаби Президент пешниҳод кардааст, хабар чоп мекунад.

Моддаи 26. Бюллетени интихобот

Шакл ва матни бюллетени интихобот оид ба интихоботи Президенти ҷумҳурӣ аз тарафи Комиссияи марказии интихоботва раъйпурсӣ тасдиқ карда мешавад. Дар бюллетен ба тартиби алифбо рӯйхати номзадҳо ба мансаби Президент бо зикри фамилия, ном, насаб, соли таваллуд, ҳизбият, вазифа ва ҷои кор дохил карда мешавад.

Бюллетенҳои интихоботӣ на дертар аз даҳ рӯз то интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо забони давлатӣ ё забоне, ки аксарияти аҳолии ҳавзаи интихоботӣ бо он гап мезанад, аз ҷониби Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсӣ барои ҳамаи ҳавзаҳои интихоботӣ тайёр карда мешаванд. Комиссияҳои интихоботӣ бюллетенҳои интихоботиро бо акт месупоранд.

Бюллетенҳои интихоботӣ ба комиссияи участкавии интихобот на дертар аз ду рӯз пеш аз интихобот расонида мешаванд.

Биное, ки бюллетенҳои интихобот дар он нигоҳ дошта мешаванд, мӯҳр карда, ба муҳофизаи мақомоти корҳои дохилӣ супурда мешавад.

VI. КАФОЛАТИ ФАЪОЛИЯТИ НОМЗАДҲО БА МАНСАБИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Моддаи 27. Кафолати фаъолияти номзадҳо ба мансаби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва шахсони боэътимоди онҳо

Номзадҳо ба мансаби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз лаҳзаи аз тарафи Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсӣ ба қайд гирифта шуданашон дар маъракаи пешазинтихоботӣ дар асосҳои баробар иштирок карда, барои истифодаи имкониятҳои воситаҳои ахбори омма, аз ҷумла радио ва телевизион, дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳуқуқи баробар доранд.

Барои ҳамаи номзадҳои бaқaйдгирифташудaи мансаби Президент шароити баробари таъминоти моддию тахникӣ ва молиявии маъракаи интихоботӣ таъмин карда мешавад.

Номзад ба мансаби Президент ҳуқуқ дорад, бо интихобкунандагон чӣ дар маҷлисҳо ва чӣ дар шакли барои интихобкунандагон муносиб вохӯриҳо гузаронад. Комиссияҳои интихоботӣ, мақомоти ҳокимияти маҳаллӣ ба номзадҳои мансаби Президент барои гузаронидани маҷлисҳо биноҳои муҷаҳҳаз муҳайё мекунанд. Дар бораи вақт ва ҷои гузаронидани маҷлисҳо ва вохӯриҳо ба интихобкунандагон пешакӣ хабар дода мешавад.

Мақомоти давлатӣ, иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ, роҳбарони корхонаҳо, муассисаҳо, ташкилотҳо вазифадоранд, ки ба номзадҳои мансаби Президент дар ташкили вохӯриҳо бо интихобкунандагон, гирифтани маводҳои зарурии маълумотӣ ва ахборотӣ мусоидат намоянд.

Номзад ба мансаби Президент метавонад бо барномаи фаъолияти ояндааш баромад кунад. Барномаи номзад набояд бо Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон мухолифат дошта бошад.

Номзадҳои ба қайд гирифташудаи мансаби Президент дар вақти гузаронидани маъракаи пешазинтихоботӣ ҳуқуқ доранд аз иҷрои вазифаҳои истеҳсолӣ ё хизматӣ бо ҳифзи музди меҳнати миёнаи ҷои кор аз ҳисоби маблағе, ки барои гузаронидани интихобот ҷудо карда мешавад, озод карда шаванд.

Номзадҳо ба мансаби Президент ва шахсони боэътимоди онҳо бе розигиашон аз кор озод карда, инчунин ба кор ё вазифаи дигар гузаронида шуда наметавонанд.

Номзадҳо ба мансаби Президент барои истифодаи ройгон аз тамоми намудҳои нақлиёти мусофиркаши шаҳрӣ ё байнишаҳрӣ (ба истиснои таксӣ) дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳуқуқ доранд.

Номзад ба мансаби Президент наметавонад бе розигии Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсӣ ба масъулияти ҷиноӣ кашида шавад, ҳабс гардад, дастгир шавад ё мавриди ҷаримаи маъмурӣ, ки ба таври судӣ сурат мегирад, қарор дода шавад.

Моддаи 28. Шахсони боэьтимоди номзад ба мансаби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Номзад ба мансаби Президент ҳақ дорад, то 15 нафар шахсони боэътимод дошта бошад, ки онҳо ба вай барои гузаронидани маъракаи интихоботӣ ёрӣ мерасонанд, барои интихоб шудани ваӣ ташвиқот мебаранд, манфиатҳои вайро дар муносибат бо мақомоти давлатӣ ва ҷамъиятӣ, комиссияҳои интихоботӣ муҳофизат мекунанд. Номзад ба мансаби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон шахсони боэътимодро мувофиқи салоҳдиди худ муайян мекунад ва дар бораи онҳо ба Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсӣ хабар медиҳад. Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсӣ шахсони боэътимодро ба қайд гирифта ба онҳо шаҳодатнома медиҳад.

Шахсони боэътимод аъзои комиссияҳои интихоботии дахлдор буда наметавонанд.

Шахсони боэътимод бо хоҳиши номзад ба мансаби Президент аз иҷрои вазифаҳои истеҳсолӣ ва хизматӣ бо ҳифзи музди миёнаи меҳнат аз ҳисоби маблағе, ки барои гузаронидани интихобот ҷудо карда мешавад, озод карда шуда метавонанд.

Ваколатҳои шахси боэътимод ҳар вақт то интихобот бо аризаи вай, инчунин бо таклифи номзад ба мансаби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон қатъ шуда метавонад, ки дар ин бора ба Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсӣ хабар дода мешавад.

VII. ТАРТИБИ ОВОЗДИҲӢ ВА ҶАМЪБАСТИ НАТИЧАҲОИ ИНТИХОБОТИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Моддаи 29. Вақт ва ҷои овоздиҳӣ

Овоздиҳӣ дар рӯзи интихобот аз соати 6 то 20 вақти маҳаллӣ гузаронида мешавад. Дар бораи вақт ва ҷои овоздиҳӣ комиссияи участкавии интихобот на дертар аз панҷ рӯз то интихобот ба интихобкунандагон хабар медиҳад.

Дар участкаҳои интихоботӣ, ки дар қисмҳои ҳарбӣ, маҳалли будубоши шаҳрвандон воқеъ дар ноҳияҳои дурдаст ва душворгузар, инчунин дармонгоҳҳо ва хонаҳои истироҳат, беморхонаҳо ва дигар муассисаҳои табобатӣ ташкил карда шудаанд, комиссияи участкавии интихобот метавонад ҳар гоҳ хатми овоздиҳиро эълон кунад, агар ҳамаи интихобкунандагони ба рӯихат дохил кардашуда овоз дода бошанд.

Моддаи 30. Ташкили овоздиҳӣ

0воздиҳӣ дар биноҳои махсус ҷудо кардашуда, ки дар онҳо бояд барои овоздиҳии пинҳонӣ ба миқдори кофӣ ғурфаҳо ё хонаҳо таҷҳизонида, ҷойҳои додани бюллетенҳои интихоботӣ муайян карда, қуттиҳои интихоботӣ гузошта шуда бошанд, гузаронида мешавад. Қуттиҳои интихоботӣ тавре гузошта мешаванд, ки овоздиҳандагон дар вақти рафтан ба назди онҳо ҳатман аз ғурфа ё хона барои овоздиҳии пинҳонӣ гузаранд.

Барои ташкили овоздиҳӣ, таъмини изҳори пинҳонии иродаи интихобкунандагон, муҷаҳҳаз намудани хонаҳо ва нигоҳ доштани тартиботи зарурӣ дар онҳо комиссияи участкавии интихобот масъул мебошад.

Дар рӯзи интихобот пеш аз оғози овоздиҳӣ қуттиҳои интихоботӣ тафтиш карда, аз тарафи раиси комиссияи участкавии интихобот дар ҳузури ҳамаи аъзоёни комиссияи интихоботӣ сурғуч ё мӯҳр карда мешаванд.

Ҳap интихобкунанда шахсан овоз медиҳад, овоздиҳӣ ба ҷои шахсони дигар мумкин нест. Бюллетенҳои интихоботӣ аз тарафи комиссияи интихоботии дахлдор дар асоси рӯйхати интихобкунандагони участкаи интихоботӣ бо пешниҳоди паспорт ё дигар ҳуҷҷати тасдиқкунандаи шахсият дода мешавад. Ҳар интихобкунанда барои гирифтани бюллетени интихоботӣ дар муқобили фамилияи худ дар рӯйхати интихобкунандагон имзо мекунад.
Интихобкунандае, ки наметавонад дар рӯзи интихобот дар маҳалли истиқомати худ бошад, метавонад аз комиссияи участкавии интихоботи маҳалли истиқомати худ варақаҳои интихоботро талаб кунад, нисбати номзад ба мансаби Президент қарор қабул кунад ва варақаҳои пуркардашудаи интихоботро дар лифофаи баста дар комиссияи участкавии интихобот монад. Интихобкунанда дар бораи гирифтани варақаи интихобот дар рӯихати интихобкунандагон имзо мекунад. Шакли варақаи интихобот аз тарафи Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсӣ муқаррар карда мешавад.

Дар мавридҳое, ки баъзе интихобкунандагон ба нисбати вазъи саломатӣ ё сабабҳои дигар наметавонанд ба ҷои овоздиҳӣ ҳозир шаванд, комиссияи участкавии интихобот бо хоҳиши онҳо метавонад камаш ба ду нафар аъзои комиссия супориш диҳад, ки овоздиҳиро дар ҷои будубоши он интихобкунандагон ташкил диҳанд.
Интихобкунандагоне, ки бо ягон сабаб ба рӯихати интихобкунандагон дохил карда нашудаанд, дар асоси ҳуҷҷате, ки шахсият ва маҳалли истиқоматашонро тасдиқ мекунад, ба замимаи рӯйхати интихобкунандагон дохил карда мешаванд.

Моддаи 31. Гузаронидани овоздиҳӣ

Бюллетенҳои интихоботро овоздиҳандагон дар ғурфа ё хонаи овоздиҳии пинҳонӣ пур мекунанд. Ҳангоми пуркунии бюллетенҳо ғайри овоздиҳанда ҳозир будани шахси дигар мумкин нест. Интихобкунандае, ки наметавонад мустақилона бюллетенро пур кунад, ҳақ дорад ба ғурфа ё хонаи овоздиҳӣ шахси дигарро, ғайр аз аъзои комиссияи интихоботӣ, мувофиқи салоҳдиди худ даъват намояд.

Интихобкунанда аз бюллетен фамилияи номзадҳоеро, ки ба муқобилашон овоз медиҳад, хат мезанад. Бюллетени пур кардашударо овоздиҳанда ба қуттии интихобот мепартояд.

Моддаи 32. Ҳисобкунии овозҳо дар участкаи интихоботӣ

Ҳисобкунии овозҳо дар участкаи интихоботӣ аз тарафи комиссияи участкавии интихоботӣ оиди ҳар номзад алоҳида алоҳида сурат мегирад.

Қуттиҳои интихоботро комиссияи интихоботӣ дар ҳузури ҳамаи аъзоён баъди аз тарафи раиси комиссия эълон карда шудани анҷоми овоздиҳӣ мекушояд. То анҷоми овоздихӣ кушодани қуттиҳои интихобот мумкин нест. Пеш аз кушодани қуттиҳои интихобот ҳамаи бюллетенҳои истифоданашудаи интихоботро комиссияи интихоботӣ ҳисоб карда, онҳоро ботил месозад ва дар ин бора акт тартиб медиҳад.

Пеш аз кушодани қуттиҳои интихоботӣ аз тарафи комиссияи участкавии интихобот дар ҳузури ҳамаи аъзоёни комиссияи участкавӣ лифофахои сарбаста бо варақаҳои интихоботӣ ба қуттиҳо партофта мешаванд.
Комиссияи участкавии интихобот мувофиқи рӯйхати асосии интихобкунандагон ва замимаи он шумораи умумии интихобкунандагони участка, инчунин шумораи интихобкунандагонеро, ки бюллетени интихоботӣ ва варақаҳо гирифтаанд, муайян мекунад. Дар асоси бюллетенҳо ва варақаҳои интихоботӣ, ки дар қуттиҳои интихобот мавҷуданд, комиссия шумораи интихобкунандагонеро, ки дар овоздиҳӣ иштирок кардаанд, шумораи овозҳои ба тарафдорӣ ва шумораи овозҳои зидди ҳар номзад додашуда, шумораи варақаҳо ва бюллетенҳоеро, ки беэътибор дониста шудаанд, муайян мекунад. Аз рӯи фамилияҳое, ки интихобкунандагон ба бюллетенҳо ва варақаҳо илова кардаанд, овозҳо ҳисоб карда намешаванд.

Бюллетенҳо ва варақаҳои интихоботии намунаашон ғайримуқаррарӣ, инчунин бюллетенҳо ва варақаҳое, ки дар онҳо Ҳангоми овоздиҳӣ фамилияҳои беш аз як номзад гузошта шудаанд, беэътибор дониста мешаванд. Дар вақти ба миён омадани шубҳа дар бораи ҳақиқӣ будани бюллетен ва варақаи интихобот масъала аз тарафи комиссияи участкавии интихобот бо роҳи овоздиҳӣ ҳал карда мешавад.

Натиҷаи ҳисобкунии овозҳо дар маҷлиси комиссияи участкавии интихобот муайян карда, ба протокол дохил карда мешавад.

Протокол аз тарафи раис, муовини раис, котиб ва аъзоёни комиссия имзо карда, ба комиссияи интихоботии ҳавзаи дахлдор ба тартибе, ки Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсӣ муқаррар кардааст, фиристода мешавад.

Моддаи 33. Муайянкунии натиҷаи интихобот дар ҳавза

Дар асоси протоколҳои комиссияҳои участкавии интихобот, комиссияи ҳавзавии интихобот шумораи умумии интихобкунандагони ҳавза, шумораи интихобкунандагоне, ки бюллетен ва варақаи интихобот гирифтаанд, шумораи интихобкунандагоне, ки дар овоздиҳӣ иштирок кардаанд, шумораи овозҳое, ки ба тарафдорӣ ва шумораи овозҳое, ки зидди ҳар як номзад дода шудаанд, шумораи бюллетенҳо ва варақаҳоеро, ки беэътибор дониста шудаанд, муайян мекунад.

Натиҷаи интихобот дар ҳавза дар маҷлиси комиссияи интихоботӣ муайян ва ба протокол дохил карда мешавад.

Протокол аз тарафи раис, муовини раис, котиб ва аъзоёни комиссия имзо ва ба тартиби муқаррар кардашуда ба комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсӣ фиристода мешавад.

Моддаи 34. Муайянкунии натиҷаи интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсӣ дар асоси протоколҳои аз комиссияҳои интихоботии ҳавзаҳо расида, шумораи умумии интихобкунандагони ҷумҳурӣ, шумораи интихобкунандагоне, ки бюллетен ва варақаҳои интихобот гирифтаанд, шумораи интихобкунандагоне, ки дар овоздиҳӣ иштирок кардаанд, шумораи овозҳое, ки ба «тарафдорӣ» ва шумораи овозҳое, ки «зидди» ҳар як номзад дода шудаанд, шумораи бюллетенҳо ва варақаҳоеро, ки беэътибор дониста шудаанд, муайян мекунад.

Интихоботи Президент дар сурате баргузоршуда дониста мешавад, агар дар он беш аз нисфи интихобкунандагони ба рӯйхати интихобкунандагон дохил кардашуда, иштирок карда бошанд.

Он номзаде ба мансаби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон интихобшуда ҳисоб меёбад, ки дар интихобот беш аз нисфи овозҳои интихобкунандагони дар овоздиҳӣ иштироккардаро гирифтааст.

Интихобот умуман ё аз рӯи ҳавзаҳои алоҳида ё участкаҳои алоҳида аз сабаби дар рафти интихобот ё ҳангоми ҳисобкунии овозҳо роҳ додан ба вайронкуниҳо, ки ба натиҷаи интихобот таъсир расонидааст, беэътибор дониста шуда метавонад. Қарор дар бораи беэътибор донистани интихобот аз тарафи Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсӣ қабул карда мешавад ва нисбати он ба Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар муддати даҳ рӯз шикоят кардан мумкин аст. ҳуқуқи шикоят кардан барои беэътибор донистани интихобот ба номзадҳои мансаби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон тааллуқ дорад.

Дар сурати дар ҳавзаҳо ё участкаҳои алоҳида беэътибор донистани интихобот бо қарори Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсӣ натиҷаи овоздиҳӣ дар ин ҳавзаҳо, участкаҳо аз натиҷаи умумии интихобот хориҷ карда мешавад, ба шарте ки бе онҳо ҳам умуман баргузор шудани интихобот эътироф карда шавад.

Хабар дар бораи натиҷаи интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз тарафи Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсӣ дар муддати на дертар аз даҳ рӯз баъди интихобот дар матбуот чоп карда мешавад.

Моддаи 35. Овоздиҳии такрорӣё

Агар ба мансаби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон беш аз ду нафар номзад ба овоз монда шуда бошанд ва ягон нафарашон шумораи даркории овозҳоро нагиранд, он гоҳ бо иштироки ду номзаде, ки шумораи бештари овозҳоро гирифтаанд, овоздиҳии такрорӣ гузаронида мешавад. Агар дар натиҷаи баромада рафтани номзадҳо як номзад боқӣ монад, овоздиҳии такрорӣ аз рӯи номзадии ӯ гузаронида мешавад. Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсӣ рӯзи овоздиҳии такрориро дар ҳудуди як моҳ, баъди рӯзи гузаронида шудани интихобот, вале на пештар аз понздаҳ рӯзи гузаронидани интихобот таъин мекунад.

Хабар дар бораи гузаронидани овоздиҳии такрорӣ дар матбуот чоп карда мешавад.

Номзаде интихобшуда ҳисоб меёбад, ки дар овоздиҳии такрорӣ назар ба номзади дигар шумораи бештари овозҳои интихобкунандагони дар овоздиҳӣ иштироккардаро гирифтааст, ба шарте, ки дар овоздиҳӣ бештар аз нисфи интихобкунандагони ба рӯйхат дохил кардашуда иштирок карда бошанд ва шумораи овозҳои ба ин номзад додашуда аз шумораи овозҳое, ки ба муқобили вай дода шудааст, зиёд бошад.

Агар дар вақти овоздиҳии такрорӣ ягон номзад Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб нашуда бошад, Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсӣ интихоботи такрории Президенти Ҷумҳуриро таъин мекунад.

Моддаи 36. Интихоботи такрорӣ

Дар сурате, ки интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузорнашуда ё беэътибор дониста шавад ё агар ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон на бештар аз ду номзад ба овоз монда шуда бошанду ягон нафарашон шумораи даркории овозҳои ннтихобкунандагонро нагирад ё ҳангоми овоздиҳии такрорӣ Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб нашуда бошад, Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсӣ интихоботи такрориро таъин мекунад. Зимнан вай метавонад дар бораи зарурати гузаронидани интихобот аз тарафи комиссияҳои ҳавзавӣ ва участкавии интихобот дар ҳайати нав қарор қабул намояд. Овоздиҳӣ дар ҳамон участкаҳои интихоботӣ ва мувофиқи рӯйхатҳои интихобкунандагон, ки барои гузаронидани интихоботи асосӣ тартиб дода шудаанд, гузаронида мешавад.

Ташкили комиссияҳо, пешбарӣ ва бақайдгирии номзадҳо ба мансаби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, чорабиниҳои дигари вобаста ба гузаронидани интихоботи такрории Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба тартибе, ки ин Қонуни конститутсионӣ муқаррар кардааст, сурат мегирад.

Хабар дар бораи гузаронидани интихоботи такрорӣ дар матбуот чоп карда мешавад. Интихоботи такрорӣ на пештар аз ду моҳ баъд аз гузаштани интихоботи асосӣ гузаронида мешавад.

Моддаи 37. Масъулият барои вайрон кардани Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон»

Шахсоне, ки бо роҳи зӯрӣ, фиреб, таҳдид ё бо роҳи дигар ба шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои амалӣ намудани ҳуқуқи Президенти ҷумҳурӣ интихоб кардан ва интихоб шудан, бурдани ташвиқоти пешазинтихоботӣ мамониат мекунанд, инчунин аъзоёни комиссияҳои интихоботӣ, шахсони мансабдори мақомоти давлатӣ ва ҷамъиятӣ, ки ба сохтакории ҳуҷҷатҳои интихобот роҳ дода, дидаю дониста овозҳоро нодуруст ҳисоб кардаанд, овоздиҳии пинҳониро вайрон кардаанд ё ба дигар вайронкунии ин Қонуни конститутсионӣ роҳ додаанд, мувофиқи қонун мавриди масъулият қарор дода мешаванд. Инчунин шахсоне, ки дидаю дониста маълумоти дуруғро, ки шаъну эътибори номзад ба мансаби Президенти Ҷумҳуриро паст мезанад, чоп кардаанд ё ба тариқи дигар паҳн намудаанд, ё нисбати аъзоёни комиссияи интихоботӣ ба таҳқир роҳ додаанд, ба ҷавобгарӣ кашида мешаванд.
Ҳангоми аз тарафи номзад ба мансаби Президенти ҷумҳурӣ вайрон кардани ин Қонун Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсӣ номзадро огоҳ мекунад, дар сурати такроран вайрон намудан вай метавонад қарори ба қайдгирии номзади мазкурро ба мансаби Президенти ҷумҳурӣ бекор кунад.

Аризаҳое, ки дар бораи вайрон карда шудани ин Қонуни конститутсионӣ ба комиссияи интихоботӣ, мақомоти давлатию ҷамъиятӣ дар давраи тайёрии интихобот ё баъди интихобот расидаанд, бояд дар мӯҳлати се рӯз ва аризаҳои дар рӯзи интихобот расида - фавран баррасӣ карда шаванд.

Моддаи 38. Ба иҷрои вазифа cap кардани Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз рӯзи дар ҷаласаи якҷояи Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ёд кардани савганд тибқи матни пешбининамудаи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон (моддаи 67) ба вазифа шурӯъ мекунад:

Раиси Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Э. РАҲМОНОВ
шаҳри Душанбе, 21 июли соли 1994


ҚАРОРИ ШӮРОИ ОЛИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Дар хусуси амалӣ гардонидани Қонуни конститусионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон»

Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:
Қонуни конститусионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон» аз лаҳзаи қабул шуданаш амалӣ гардонида шавад.


Раиси Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Э.РАҲМОНОВ
шаҳри Душанбе, 21 июли соли 1994
XS
SM
MD
LG