Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

"На газу на свет, на об ва на маршрутка..."


Сокинони бархе аз маҳаллаҳои пойтахти Тоҷикистон шоми гузаштаро бидуни гоз ва барқ рӯз карданд.

Ин дар ҳолест, ки рӯзҳои ахир дар ҳаракати нақлияи байнишаҳрӣ, бахусус микроавтобусҳо, ки маҳаллаҳои атрофро бо пойтахти кишвар мепайванданд, мушкил пеш омадааст. Имрӯзҳо дар кӯчаҳои пойтахт автобусу микроавтобусҳо кам ва хеле пуродам ба чашм мерасанд. Мардуми шаҳр соатҳоро дар интизории нақлия дар истгоҳҳо паси сар мекунанд. Дар бархе аз биноҳои баландошёна оби ошомиданӣ нест ва мардуми рӯзадор аз хонаҳои маҳаллоти гирду атроф бо сатил об мекашонанд.

Наргис Ҳамроева, сокини маҳаллаи Зарафшон:
«Тариқи телевизион ваъда карданд, ки дар Рамазон гозу барқ қатъ намешавад, аммо дар аввали Рамазон, мушкили мардум сар шуд. Саҳархезиҳо ҳатто оби гарм тайёр карда наметавонем, дар бораи хӯроки гарм ҷойи гап ҳам нест.»

Шамсия Боқиева, дар наздикии фурудгоҳ зиндагӣ мекунад:
«Ман ду рӯз аст, ки барои кӯдаконам хӯрок пухта наметавонам ва кӯдакҳоям гурусна мехобанд. Саҳарҳо мехезем ҳама ҷо торик, газ нест. Намешавад, ки соати 3- и шаб дар берун рафта оташ гиронем, чаро мардумро дар ҳамин моҳи мубораки Рамазон ин қадар азоб медиҳанд?»

Чанде аз шаҳрвандони пойтахт, ки дар истгоҳ интизори нақлия буданд, мегӯянд, онҳо қариб ҳар шом рӯзаи худро дар роҳ ё дар дохили нақлия мекушоянд:

«Аз дарс ва аз кор мебароем, ғами ба хона расидан моро мегирад. Намедонам, шояд газ, ки нест, маршруткаҳо ҳам намегарданд.»

Мо ба хотири равшанӣ бахшидан ба ин масъала ба идораҳои масъули давлатӣ муроҷиат кардем. Навбатдори телефони боварии ҳукумати шаҳри Душанбе иллати набуди барқро дар аксар маҳаллаҳои пойтахт чунин шарҳ дод:

«Ин шамоли сахте, ки имшаб шуд, қариб ҳама хатҳои барқро барканд. Ҳоло мо бо сармуҳандиси барқ сӯҳбат кардем, вай гуфт, ки кор дар ҳама гӯшаву канори пойтахт идома дорад ва баъди 2-3 соат ба тамоми маҳаллаҳо барқ дода мешавад. Хайр, чӣ кор кунем? Ин ҳодисаи табиат аст.»

Ва масъулини «Тоҷикгаз» гуфтанд, бо иллати рух додани садама дар лӯлаи гозгузари миёни Тоҷикистону Узбакистон, газ дар манзили сокинони пойтахт қатъ гашта буд. Тибқи маълумоти ҳамин манбаъ, садамаи мазбур дар хатти гоз феълан бартараф карда шудааст. Ва шоми имрӯз аҳолии Душанбе бо газӣ табиӣ таъмин хоҳанд шуд.
XS
SM
MD
LG