Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Паҳлавонони тоҷик дар Тошканд


Дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар мусобиқоти қаҳрамонии ҷаҳон дар риштаи гуштии самбо байни устодону собиқадорон, ки аз 28 сентябр то 3 октябр дар шаҳри Тошканди Узбакистон баргузор мешавад, ширкат меварзад.

Маҳмуди Абдуллоҳ, дабири куллии Федеросиюни гуштии самбои Тоҷикистон ва раҳбари ҳайати варзишии ин кишвар ба Озодӣ гуфт, Тоҷикистонро дар ин мусобиқот 25 нафар паҳлавонони маъруфи тоҷик ва се довар намояндагӣ мекунанд, ки миёни онҳо собиқ қаҳрамонҳои ҷаҳон Саламшоҳ Муҳаббатов, Муҳаммадшариф Сулаймонов, Хайруллоҳ Назриев, Абдусамад Шамсуллоев, Исмоил Исломов ва дигарон ҳастанд.

Маҳмуди Абдуллоҳ афзуд, соли 2004 дар мусобиқоти қаҳрамонии ҷаҳон оид ба гуштии самбо дар шаҳри Турсунзода 19 нафар гуштигирони тоҷик медолҳои тилло ба даст оварда буданд.

Ва як хабари дигар. Бино ба иттилоъи Дилбар Шарифова, раҳбари барномаи Special Olimpic ё Олимпиадаи махсус дар Ҷумҳурии Тоҷикистон варзишгарони маълули тоҷик дар Бозиҳои махсуси урупоии олимпии ҷавонон, ки аз 28 сентябр то 7 октябр дар пойтахти Итолиё - шаҳри Рим доир мешавад, иштирок мекунанд.

Намояндагони Тоҷикистон - Нилуфар Додобоева, Санавбар Халилова, Ҷунайдуллоҳ Алиев ва Умед Назаров дар мусобиқаи варзиши сабук рақобат хоҳанд кард.
XS
SM
MD
LG