Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Солана ва Лориҷонӣ бори дигар дидор мекунанд


Бино ба гузоришҳои расида, имрӯз қарор аст дар шаҳри Берлин, пойтахти Олмон, Алии Лориҷонӣ - музокиркунандаи аршади Эрон дар умури ҳастаӣ бо Ҳавиер Солана - масъули сиёсатҳои хориҷии Иттиҳодияи Урупо музокироти худ дар бораи барномаи ҳастаии Эронро аз сар бигиранд.


Шабакаи давлати телевизюни Эрон бо истинод Манучеҳри Муттакӣ, вазири хориҷаи ин кишвар, рӯзи чаҳоршанбе, 27 сентябр дар мавриди ин нишаст изҳори хушбинӣ кард.


Ин севвумин дидори оқоён Солана ва Лориҷонӣ роҷеъ ба барномаи ҳастаии Эрон тайи чанд ҳафтаи ахир хоҳад буд.
XS
SM
MD
LG